ҚОИДАҲОИ НИГОҲДОРӢ ВА КОР БО МОДДАҲОИ РАДИОФАЪОЛ

179

Ҳодисаи радиоактивиятро соли 1896 олими фаронсавӣ Анри Беккерел, кашф кардааст. Ҳамон сол (1896) Мария Кюри ва ҳамсараш Пер Кюри нишон доданд, ки пайвастагиҳои, унсури кимёвии назар ба уран сабуктар торий (Th) ҳам «Нури уранӣ» хориҷ мекунад. Онҳо аз алфа, бетта, гамма иборатанд ва ин нурафканиро радиоактивият номиданд.Радиоактивият ё коҳиши радиоактивӣ хусусияти худ аз худ бо сабабҳои дохилӣ ба ҳолати устувор ё ноустувортар гузаштанӣ ҳастаи атом мебошад. Ин нурҳои радиоактивӣдар ҳолати асоси (бофта, устухон, хун ва ғ.) гузаштан дар асоси ҳодисаҳои фотоэлектрикӣ, комптонэффект ва ҳосил шудани ҷуфти зарра-электрон ва позитрон таъсир мерасонанд. Натиҷаи ин таъсирот вайрон шудани такркиби модда мегардад. Аз ин, рӯ аз моддаҳои радиоактивӣ бояд ҳимоя намуд.Радиозаҳрнокиро вобаста аз ҳудуди ҷоизи фаъолияти манбаъи радиофаъол дар кор муайян мекунанд,ки он қайдгирӣ ё иҷозатномаи санитарию гигиенӣ дошта бошад. Дар асоси меъёру бехатарии радиатсионӣ гуруҳи А бевосита таъсири нурҳои радиоактивӣ дар фаъолият дар лабораторияи физикаи ҳастаи факултети физика дохил мешавад, дида мебароем.Гуруҳи А- элементҳои радиозаҳрнокиашон ниҳоят дараҷаи баландро дар бар мегирад. Ба ин гурӯҳ элементҳои зерин дохил мешаванд, ки фаъолияташон 0.1мкюри буда, ҳудуди ҷоизи ғаноишашон дар ҳавои ҷойи корӣ ба 1,10-13 кюрӣ/л ва аз ин кам мебошад.(Sr-90,Po-210,Ra-226,Pu-239,137Cs,60Co,Pu-Be ва ғайраҳо). Дар лабораторияи физикаи ҳаста барои иҷрои кор бо моддаҳои радиофаъол мизҳои махсус, монанди мизи кимиёӣ мавҷуданд.Чор тарафи ин миз деворча дошта, бо масолеҳи ба моддаҳои кимиёӣ тобоваранда пӯшонида шудааст.Бо осонӣ шуста мешавад. Яке аз ин масолеҳ пулоди зангногир аст.Ба ин гуна мизҳо шароити ҷобаҷо гузоштани моддаҳои радиофаъол, таъмини газ, об. Рушнои бояд мавҷуд бошад. Барои нигоҳ доштани моддаҳои радиофаъол синфи махсус мавҷуд аст. Моддаҳои радиофаъол дар шишачаи сарбаста,ки ҳавоногузар аст, маҳкам мебошад ва онро дар мавриди кор ба хоначаҳои сурбӣ мегузоранд. Ғафсии девори онро вобаста ба фаъолият ва навъи моддаи радиофаъол интихоб мекунанд. Алфа-бета-нурҳои нармро дар зарфи алюминий ё шишагӣ нигоҳ медоранд.Барои паст намудани интенсивияти нури боздори,ки аз девори хоначаи сурби пайдо мешавад девориҳои ғафсиашон 8-10 см гузошта шудааст.Манбаъҳои нейтрон,ки гамма-нур ҳам хориҷ мекунанд, барои нигоҳ доштан талаботи махсусро талаб мекунанд.Мисол, манбаи плутоний-берилийро,ки манбаи нейтронҳо мебошад, дар хоначаҳои махсус,ки деворашон аз омехтаҳои сурб ва бориборат аст, нигоҳ медоранд. Барои фурӯ бурдани нейтронҳои ҳароратӣ хоначаҳоро аз парафину кадмий сохта девори берунашро бо бор мепӯшонанд. Аксар вақт рӯйкаши ин контейнерҳо аз пулоди зангногир иборат буда, бо дари бо дари сурбӣ таъмин аст.Ҳангоми кор бо моддаҳои радиофаъол, реакторҳо ва сураъатфизоҳо баъзе лавозимот. Боқимондаи асбобҳои нолозим ҷамъ шуда, ҳанчун партов боқӣ мемонанд. Партовҳо ба намуди сахт ,моеъ,газ дучор мешаванд. Партовҳои ҷисми сахт дар контейнери пулодии зангназананда нигоҳ дошта мешаванд.

Мудири озмоишгоҳи физикаи ҳаста Қурбонова Ҳ.С.