НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲО БАРОИ ДОВТАЛАБОН
I.Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баъди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)
1. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қабули хатмкунандагони коллеҷҳои соҳавиро аз рӯйи равия ва ихтисосҳои мувофиқ дар гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ эълон менамояд.
2. Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо «Дипломи аъло» хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимие, ки аз ҷониби намояндаи раёсати таълим муайян карда мешаванд) ба курси дуюми шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ (нигаред ба ҷадвали номгӯ ва нархномаи таҳсили ихтисосҳо) тариқи суҳбат қабул карда мешаванд.
3. Шахсоне, ки коллеҷҳои соҳавиро бо дипломи муқаррарӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба гурӯҳҳои шартномавии курси дуюми шуъбаи рӯзона ва таҳсилоти фосилавии донишгоҳ аз рӯйи натиҷаи озмун ба гурӯҳҳои шартномавӣ қабул карда мешаванд.
4. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро аз рӯйи ихтисосҳои омӯзгорӣ хатм намудаанд, дар сурати мувофиқати равия ва ихтисосҳо (бо назардошти на зиёда аз 13 фарқияти нақшаи таълимӣ) ба курси дуюми шакли таҳсили фосилавӣ донишгоҳ (соҳаи омӯзгорӣ) аз рӯйи натиҷаи озмун ба гурӯҳҳои буҷавӣ ва шартномавӣ қабул карда мешаванд.
5. Ҳуҷҷатҳое, ки довталабон ба комиссияи қабули донишгоҳ пешниҳод менамоянд: -ариза ба номи ректор; -ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ намунаи давлатӣ-асл (маълумотнома дар бораи хатми мактабҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ қабул карда намешавад).
6. Хатмкардагони гурӯҳҳои буҷавии коллеҷҳои соҳавӣ, ки аз хатми таҳсилашон 3 сол нагузашта бошад, метавонанд бо нусхаи диплом (бо тасдиқи нотариалӣ) ҳуҷҷатҳояшонро ба комиссияи қабул пешниҳод намоянд); -маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086.у)
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё дигар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда;
7. Дар ҳуҷҷати хатми таҳсилотии довталабоне, ки коллеҷҳои хусусиро хатм намудаанд, ба ғайр аз муҳри муассисаи таълимӣ, инчунин, муҳри шуъбаи маорифи шаҳру ноҳия низ ҳатмист.
8. Дар сурати қаноатманд набудан аз натиҷаи суҳбат-озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишгоҳ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 2 рӯз тариқи апеллятсия (комиссяи апеллятисонӣ бо фармоиши ректор таъсис дода мешавад) шинос шавад. Баррасии апеллятсия аз нав гузаштани суҳбат набуда, балки танҳо санҷиши дурустии он мебошад ва он дар протокол қайд карда мешавад.
9. Довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи касбиро дар хориҷи кишвар гирифтаанд, баъди аз нострификатсия (баробарарзишии) гузаронидани ҳуҷҷати таҳсилоти худ ва муайян шудани дараҷаи сатҳи таҳсилот метавонанд дар хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ба комиссияи қабули донишгоҳ ҳуҷҷат пешниҳод намоянд.
10. Таҳсил дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат гирифта, муҳлати он барои дарёфти дараҷаҳои бакалавриат 4 сол ва дараҷаи мутахассиси равияи тиббӣ ва ихтисосҳои ҳамгиро 5 сол муқаррар карда шудааст.
11. Ба шуъбаи рӯзона шаҳрвандони синни то 35-сола ва ба шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ (ғоибона) бошад бе маҳдудияти синну сол қабул карда мешаванд. Довталабон дар як вақт танҳо дар як ихтисоси факултети интихобнамудаашон ҳуқуқи супоридани ҳуҷҷатро доранд.
12. Довталабон ҳангоми супоридани ҳуҷҷатҳо ва иштирок дар суҳбат-озмун бояд талаботи «Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро риоя намоянд.
13. Довталабон барои дарёфти маълумоти иловагӣ, гирифтани машварат ва қабули ҳуҷҷатҳо метавонанд ба комиссияи қабул ва раёсати таълими донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Тартиби қабули донишҷӯён ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ
1. Мувофиқи моддаи 41-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 19-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба шаҳрвандоне, ки таҳсилоти олии касбӣ доранд, гирифтани таҳсилоти дуюм ва таҳсилоти минбаъдаи олии касбӣ танҳо дар асоси шартнома (ғайриройгон) иҷозат дода мешавад.
2. Бо назардошти дорои таҳсилоти олии касбӣ будани шаҳрвандон муҳлати таҳсил баъди муайян намудани фарқиятҳои нақшаи таълимӣ (вобаста ба мувофиқат кардани тахассус) муқаррар мегардад, ки он амалан омӯзиши фанҳои тахассусиро дар бар мегирад. Баъди аз суҳбат-озмун гузаштани довталаб раёсати таълим фарқиятҳои нақшаи таълимро вобаста ба талаботи нақшаҳои таълимии амалкунандаи донишгоҳӣ муайян намуда, ба комиссияи қабул пешниҳод месозад.
3. Комиссияи қабул пас аз шиносоӣ бо ҳуҷҷатҳои довталабон боназардошти мавҷудияти миқдори фарқиятҳо чунин шакли қабулро ба роҳ мемонад;
- бо мавҷудияти на зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси сеюм;
- бо мавҷудияти зиёда аз 7 фарқияти фаннӣ ба курси дуюм.
4. Довталабоне, ки таҳсилоти якуми олии касбӣ доранд, барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбӣ ва қоидаҳои мазкур дар муҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод мекунанд:
- ариза ба номи ректори донишгоҳ;
- дипломи намунаи давлатӣ бо замимааш дар бораи хатми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ (нусхаи асл);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ дар хусуси фаъолияти корӣ вобаста ба самт, равия ва ихтисоси интихобкарда;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли №086-У);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома ё ҳуҷҷат дар бораи тасдиқи шахсият;
5.Фармоиши ректори донишгоҳ барои қабули донишҷӯён барои гирифтани таҳсилоти дуюми олии касбӣ на дертар аз 15 рӯз пас аз гузаштани суҳбат дар асоси қарори комиссияи қабул бароварда мешавад.
6. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба озмуни қабул ҳозир нашудаанд, аз суҳбат нагузашташуда ҳисобида мешаванд.
7. Дар сурати қаноатманд набудан аз озмун довталаб ҳуқуқ дорад, ки мутобиқи тартиботи муқаррарнамудаи донишгоҳ бо натиҷаи суҳбаташ (агар хаттӣ низ бошад) дар муҳлати то 2 рӯз тариқи апеллятсия шинос шавад.
ҚОИДАҲОИ қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус
1. Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Оинномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Шартномаи байни Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» таҳия гардидааст.
2. Қабули донишҷӯён аз рӯйи ихтисосҳои 1-030403- психологияи амалӣ ва 1-890101- сайёҳат ва меҳмондорӣ дар гурӯҳҳои русӣ тариқи шартномавӣ ба роҳ монда мешавад.
3. Ба ихтисосҳои мазкур довталабоне, ки муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбиро хатм намудаанд ва забони русиро медонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, баъди пардохти маблағи солонаи таҳсил мувофиқи шартнома, ҳуқуқи ҳуҷҷат супориданро доранд.
4. Бо довталабоне, ки ба ихтисосҳои муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус ҳуҷҷат месупоранд, бо мақсади муайян намудани сатҳи дониши забони русӣ қаблан суҳбат барпо карда мешавад.
5.Баъд аз гузаштани суҳбат довталаб ҳуқуқи супоридани маблағи таҳсил ва ҳуҷҷатҳои зеринро пайдо мекунад:
- ариза ба номи ректор;
- ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ (аттестат) ва миёнаи касбӣ-намунаи давлатӣ-асл (диплом);
- маълумотномаи тиббӣ (шакли № 086.у);
- 6 адад сурат (андозаи 3х4 см);
- шиноснома;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи ҳарбии даъватшаванда.
6. Довталабон барои шомил шудан ба ихтисосҳои мазкур диктант ва имтиҳони тестӣ месупоранд. Диктант ба забони русӣ сурат гирифта, саволҳои имтиҳонҳои тестӣ дар асоси барномаҳои таълимии мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтисоси 1-030403- психологияи амалӣ аз фаннҳои таърих, имтиҳонҳои кластери 4-ум) ва дар ихтисоси 1-890101- сайёҳат ва меҳмондорӣ аз фанҳои математика, география, ҳуқуқи инсон ва таърих (дар ин қисмат 25 савол аз фанни асосҳои давлат ва ҳуқуқ ва 25 савол аз фанни таърихи умумӣ шомил аст) таҳия карда мешаванд.
7. Довталабоне, ки дар рӯзи муайяншуда бесабаб ба имтиҳони қабул ҳозир нашудаанд, аз имтиҳон “ғоиб” гирифта, нагузашта ҳисобида мешаванд.
8. Дар сурати аз як фанни (як блок) имтиҳони тестӣ хол нагирифтан баҳои умумии имтиҳони тестӣ «ғайриқаноатбахш» ҳисобида шуда, довталаб ҳуқуқи минбаъд дар озмун иштирок карданро аз даст медиҳад.
9. Довталабоне, ки ба раванди қабули имтиҳонҳо халал мерасонанд, қоидаҳои тартиботи дохилии донишгоҳро вайрон менамоянд ва дар ҷараёни имтиҳон аз воситаҳои гуногуни техникӣ (телефони мобилӣ, маводҳои иттилоотӣ ва дигар маводи дар имтиҳон манъгардида) истифода мебаранд аз имтиҳон хориҷ карда мешаванд.
10. Натиҷаи санҷиши диктант ва санҷиши тестӣ баъди 24 соати супоридани имтиҳон эълон карда мешавад.
11. Комиссияи қабули донишгоҳ доир ба ҳар як қисми (блок) имтиҳони тестӣ миқдори холҳои заруриро муайян карда, зимни арзёбии ниҳоӣ натиҷаи ҳар як қисм (блок)-ро ба назар мегирад. Дар ҳолати баробарии холҳои якчанд довталаб афзалият ба довталабе дода мешавад, ки аз қисми якум (тахассусӣ) холи бештар гирифта бошад. Ба ҳар як савол 5 варианти ҷавобҳо пешниҳод мешавад, ки яке аз онҳо дуруст аст. Довталаб баъд аз гирифтани варақаҳои тестӣ ва саволҳои имтиҳонӣ, ҳар як саволро меомӯзад ва аз байни 5 варианти пешниҳодшуда дурусташро пайдо карда, дар варақаи тестӣ доираи ба ин вариант маҳсубро сиёҳ мекунад.
12. Барои навиштани диктант 1 соат (60 дақиқа) ва барои имтиҳони тестӣ 4 соат (240 дақиқа) муқаррар карда мешавад. Вақти шарҳу эзоҳи тартибу низоми гузаронидани имтиҳони тестӣ ба вақти ҷудошуда дохил намешавад.
13. Аз рӯи натиҷаҳои имтиҳони дохилшавӣ довталаб ҳуқуқ дорад, ки апеллятсияи хаттӣ диҳад ва дар вақти баррасии апеллятсия шахсан иштирок намояд. Баррасии аризаи апеллятсионӣ кӯшиши аз нав супоридани имтиҳон набуда, балки танҳо санҷиши дурустии баҳои имтиҳони дохилшавӣ мебошад. Комиссияи апеллятсионӣ аризаи довталабонро пас аз эълони натиҷаи имтиҳон дар давоми 24 соат қабул ва баррасӣ менамояд.
14. Довталабон ба ихтисосҳои мазкур ба таври шартномавӣ дар асоси натиҷаҳои мусбати имтиҳоноти хаттӣ ва тестӣ аз рӯи озмун қабул карда мешаванд.
15. Донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои интихобнамудаашон ба сафи донишҷӯён қабул мешаванд, 2 соли аввал дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва 2 соли минбаъда дар Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус таҳсил менамоянд. Ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Полотски Беларус донишҷӯёни мазкур аз имтиёзҳое, ки ба донишҷӯёни Ҷумҳурии Беларус муқаррар гардидааст, бархурдор мегарданд.
16. Довталабон барои дарёфти маълумоти иловагӣ, гирифтани машварат ва қабули ҳуҷҷатҳо метавонанд ба комиссияи қабули донишгоҳ муроҷиат намоянд.
Макони супоридани ҳуҷҷатҳо шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, «Шаҳраки донишҷӯён», бинои №10, комиссияи қабули ДМТ.