НАҚШИ ИНСОН ДАР РУШДИ КАЙҲОН

245

Бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги техник, ва ҷалби донишҷӯён ба илмҳои табиатшинос, дақиқ ва риёз,, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат пешниҳод гардида буд, санаи 13-уми апрели соли 2024 дар кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ семинари илмӣ-амалӣ зери унвони “Нақши Инсон дар рушди Кайҳон” бахшида ба 63-юмин солгарди аввалини парвози Инсон ба Кайҳон баргузор гардид. Дар ин семинар декани факултети физика Қодирзода З.А., муовини декан оид ба таълим Лутфилоев Н.А., Раиси бюрои иттифоки касабаи устодон ва кормандони факултет Файзиева М., ва меҳмонон аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – Нарзиев М., – сарходими илмии шуъбаи ҷирмҳои байнисайёравии Институти астрофизика, Олимов О.,- сарходими илмии шуъбаи ионосфераи Институти астрофизика, сарходими илмии Институти астрофизика, муовини директор оид ба илм ва таълим Ҳамроев У.Х., мудири кафедраи астрономия Сафаров А.Ғ. бо ҳайати устодону кормандон, магистрону донишҷӯёни ихтисоси астрономия, донишҷӯёни фаъоли факултети физика ширкат доштанд.

Ҷаласаи мазкурро Раиси маҳфили “Астрономҳои ҷавон” Бобоев Ш.С. оғоз намуда, меҳмонону устодон ва донишҷӯёнро ба “Рӯзи кайҳоннавардон”, ки ҳамасола бо ташаббуси кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ ҷашн гирифта мешавад, табрик гуфта оид ба аҳамияти таърихии парвози инсон ба Кайҳон ибрози ақида намуд. Бояд тазаккур дод, ки аввалин маротиба 4-уми октябри соли 1957 аз тарафи олимони Иттиҳоди Шӯравӣ радифи сунъии Замин-Спутник ба мадори наздизаминӣ бароварда шуда буд. Ин парвози нахустин дар таърихи Инсоният инқилоби илмиро ба вуҷуд овард. Рӯзи 12 апрели соли 1961 соати 9-и пагоҳирӯзӣ бо вақти Москва кайҳоннаварди шӯравӣ Юрий Алексеевич Гагарин бо сафинаи кайҳонии «Восток» аз майдони ҳавоии «Байконур» ба кайҳони фазои наздизаминӣ парвоз намуд.

Бо сафинаи худ Гагарин тӯли 108 дақиқа дар оғуши кайҳони беканор парвоз намуд. Барои монеаҳоро бартараф намудан Гагарин ҳангоми парвоз дар сафинаи кайҳонӣ хӯрок хӯрд, нӯшид ва хоб кард. Ӯ аввалин шахсест, ки курашакл будани Замин, дурахшонии Офтобу Моҳ ва ситораҳоро дар зулмоти кайҳонӣ бо чашми худ дидааст. Манзараи дидаи Гагарин дар фазои кайҳони беҳудуд, ҷолибу диданӣ буд, ки ӯ доимо дар нишастҳояш ёдоварӣ мекард.

Баъди кушодашав, аз ҷониби декани факултет дотсент Қодирзода З.А. сухани табрикот, ироа гардида, дар бораи ҳадафҳои асосии омӯзиши Кайҳон ва мақсади он маълумотҳои муфассал баён гардид. Ӯ қайд намуд, ки саҳми кафедраи астрономия дар гузаронидани маҳфилу семинарҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва олимпиадаҳо назаррас аст. Устодони кафедра дар якҷоягӣ бо олимони Институти астрофизикаи АМИТ ва Расадхонаҳои астрономии он дар н. Ҳисор ва н. Данғара имконияти хуби тайёр намудани мутахассисони соҳаро доранд.

Тайӣ солҳои зиёд аст, ки донишҷӯёни ихтисоси астрономия барои ширкат дар озмӯнҳо ва олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ саҳми назаррас доранд. Муовини директор оид ба илм ва таълим Ҳамроев У.Х. дар баромади худ қайд карданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иқлими астрономии хуб дошта, дорои се расадхонаҳои сатҳашон гуногун ва беш аз 300 шабҳои мушоҳидавӣ дорад. Ҳоло Институти астрофизикаи АМИТ ва кафедраи астрономияи ДМТ имкониятҳои моддӣ-техникӣ ва зеҳнии тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономияро доранд. Ҳамасола ҷалби мутахассисони соҳаи астрономия аз Институти астрофизика ба семинар ин яке аз роҳҳои ҷалб намудани донишҷӯён ба корҳои илмӣ мебошад.

Мудири кафедра Сафаров А.Ғ. дар суханронии худ доир ба омода намудани кадраҳои баландихисос аз рӯи самти астрономия ва магистрҳо қайд намуданд, ки имрӯзҳо раванди таълим дар кафедра ҷоннок карда шуда, корҳои амалию лабораторӣ таҳким дода шуда истодааст. Ҳамчунин дар оди мавзӯи “Нақши инсон дар рушди Кайҳон” суханрони намуда қайд намуданд, ки оғоз аз парвозҳои кайҳонӣ то имрӯз астрономия бо шиддат рушд карда истодааст, махсусан дар се даҳсолаи охир. Агар гаҳвораи асосии пайдоиши илм Юнон ба ҳисоб равад Хоразм дуюмин марказ, илм, ба шумор рафта, гузаштагони тоҷикон бо ғояҳо ва дастовардҳои азими илм, дар он фаъолият кардаанд, ки дар саҳифаи таърихии илм, ҷаҳон, мавқеи худро аз даст надодаанд.

Ходими пешбари илмии Институти астрофизикаи АМИТ Нарзиев М. аз дастовардҳои олимони Институт, ки тайи солҳои тӯлонӣ дар Тоҷикистон зери роҳбарии академик П.Б. Бобоҷонов ва узви вобастаи АИ ҶТ Ибодинов Х.И. ба даст омадаанд, ёдовар шуданд.

Ӯ қайд кард, ки дар ҷаҳон мактаби илмии академик П.Б. Бобоҷонов ва узви вобастаи АИ ҶТ Ибодинов Х.И. яке аз мактабҳои илмии пешқадам дар соҳаи астрономия шинохта шудааст ва боиси зикр аст, ки асосон заҳмату талошҳои зиёди ин шахсон доир ба моддаи метеорӣ ва физикаи кометаҳо-астрофизикаи таҷрибавиро ташкил намуд. Натиҷаи корҳои олимони тоҷикро Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо дар соҳаи астрономия ба назар гирифта, сайёраҳои хурди Низоми офтобиро бо номи “Тоҷикистон”, “Расадхонаи астрономии Ҳисор” ва ба номи 8 олимони пешбари Институт номгузорӣ карданд. Дар суханронии худ сарходими илмии шуъбаи ионосфераи Институти астрофизикаи АМИТ Алимов О. қайд намуд, ки самти фаъолияти мо омӯзиш ва таҳкиқи қабати ионосфераи Замин буда, аз рӯи тағйирёбии он пешгӯии ҳодисаи заминларза мебошад. Ин самти муосири фаъолияти олимони тоҷикро марказҳои кайҳоншиносии ҷаҳон, эътироф намуда бо роҳи таҷрибавии истифодаи техникаи кайҳон, тасдиқ намудаанд.

Баъдан дар семинар маърӯзаи донишҷӯйи курси сеюми ихтисоси астрономия Алихонов Комрон дар бораи “Омӯзиши Нептун ва системаи радифони он” шунида шуд”. Сайёраи Нептун охирин сайёраи Системаи фотобӣ буда бо намуди зоҳирии худ диққати олимонро ҷалб кардааст. Нептун ранги осмонранги сабзтоб дорад, ки сабаби он мавҷуд будани тасмаҳои фурӯбурди шадиди метан дар соҳаи сурхи спектр мебошад. Дар асоси барномаи тадқиқотии “Вояҷер-2” омӯзиши кайҳонии он ба роҳ монда шудааст.

Маърӯзаи навбати аз ҷониби донишҷӯи курси сеюми ихтисоси астрономия Мирзохонзода Шоҳдиёр дар мавзӯи “Омӯзиши аспектҳои биологии Миррих бо миррихгарди Персиверэнс” пешниҳод карда шуд. Омӯзиши сайёраи Миррих самти нави илмӣ буда бо воситаи дастгоҳҳои заминиву кайҳонӣ мавриди таҳлил қарор дода мешавад. Аз соли 1960 омӯзиши сайёра бо воситаи дастгоҳу киштиҳои байнисайёравӣ ва миррихгардҳо оғоз шуд.

Персиверэнс (Perseverance) – миррихгарде, ки аз тарафи НАСА пешниҳод ва аз тарафи Лаборатория ҳаракатҳои реактивӣ таҳия ва барои ҷустуҷӯи аспектҳои биологии Миррих фиристода шудааст.

Дар идомаи семинари илмӣ-амалӣ байни донишҷӯён ва устодону олимони Институти астрофизикаи як баҳси илмии хело ҷолиб ба миён омад. Донишҷӯён аз имконият истифода бурда доир ба нозукиҳо ва кашфиётҳои имрӯза дар қисматҳои гуногуни астрофизика ва астрономия саволҳо доданд. Аз тарафи устодони кафедра ва олимон Алимов О., Нарзиев М. ва Ҳамроев У. посухҳои мушаххас дода шуданд.

Кафедраи астрономия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона кафедрае мебошад, ки аз рӯи ихтисоси астрономия мутахассисони ҷавонро тайёр мекунад. Вазифаи асосии кафедра аз тайёр намудани мутахассисони соҳаи астрономия барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳои олӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ иборат аст.

Кафедра пайваста бо олимони барҷастаи хориҷи дуру наздик семинарҳои илмӣ ташкил намуда истодааст. Аз ҷумла ноиби Президенди Комиссияи 46-уми Иттифоқи байналмилалии астрономӣ, профессори Донишгоҳи Зеландияи Нав Ҷон Ҳерншав, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Украина, профессори Донишгоҳи давлатии Украина ба номи Шевченко, мудири Расадхонаи Лесникӣ Чурюмов Клим Иванович, профессори Донишгоҳи давлатии ба номи Баумани Федератсияи Россия Юрий Обрубов, мудири кафедраи механикаи осмонии Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федеретсияи Россия Константин Холшевников, мудири Шубаи Ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Саррасадхонаи астрономии Академияи миллии илмҳои Украина, профессор Николай Кисилёв, профессори Донишгоҳи политехникии Самараи Федератсияи Россия Анатолий Заусаев, Директори Расадхонаи астрономии Париж Гиём Дубос, мудири Шуъбаи сайёраҳо ва ҷирмҳои хурди Системаи офтобии Расадхонаи астрофизикии Шамохаи ба номи Насриддини Тусӣи Академи миллии илмҳои Озорбойҷон, профессори Донишгоҳи давлатии Боку Атаӣ Адолат Абулфат-оглӣ ва ғайраҳо маърӯзаҳои илмӣ намудаанд.