МУШТАРАКИ КИТОБИ «ОПТИКА»

624

натиҷаи ҳамкории устодони факултетҳои физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Пас аз нав барқарор гардидани муносибатҳои дуҷониба миёни ҷумҳуриҳои ҳамсарҳади Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ду халқи дӯст ва бародарро боз ба ҳам овард. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки оид ба муносиботи таърихии дӯстонаю бародаронаи халқҳои тоҷик ва ӯзбек гуфта буданд: «Дар дунё ҳеҷ халқу миллате ба мисли тоҷику ӯзбек урфу одат ва муносибатҳои муштараку монанде надорад.» Зеро ин ду халқ тӯли асрҳост, ки дар паҳлуи ҳамдигар умр ба сар бурда, дар фаъолияти рӯзмарраи хеш аз русуму оинҳои якдигар фаровон истифода менамоянд.

Илм, махсусан соҳаҳои табиатшиносии он дар фарҳангу тамаддуни халқи тоҷик мақоми шоиста дошта, дар пешрафти илми башари саҳми олимони тоҷик – ал-Фарғонӣ, ал-Хоразмӣ, Закариёи Розӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Форобӣ, Ибни Ҳайён, Маҳмуди Хуҷандӣ, Умари Хайём, Насириддини Тӯсӣ, Ҷамдеши Кошонӣ ва дигарон хеле назаррас аст. Маҳз бо таъсири илми тоҷик набераи Темур – Улуғбек дар Самарқанд бузургтарин расадхонаи астрономии даврро бунёд намуд ва дар ин ҷо машҳуртарин донишмандонро аз манотиқи мухталиф ба ин шаҳр даъват намуд.

Пас аз эҳёи дубораи муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар баробари дигар муносибатҳо, муносибатҳои илмӣ низ боз ҳам наздиктару қавитар гардиданд. Дар ин замина миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҳамкориҳои илмӣ ба роҳ монда шуда, ин ҳамкориро устодони факултетҳои физикаи ин ду донишгоҳ боз ҳам тақвият бахшиданд. Аввалин шуда факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои бо адабиётҳои таълимӣ таъмин намудани гурӯҳҳои тоҷикии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд якчанд номгӯй адабиёт туҳфа намуд.

Солҳои охир ислоҳотҳои ҷиддие, ки дар соҳаи таълиму тадриси ҳар ду ҷумҳурии дӯсту ҳамсоя баамаломада, тақозо менамояд, ки дар асоси ҳамкориҳои илмию таълимӣ нашри дастурҳои таълимӣ ва китобҳои дарсии муштарак аҳамияти калон дорад. Аз ин рӯ, дар назди олимон ва устодони муассисаҳои олии касбӣ масъалаи ба васоити таълимӣ таъмин намудани ҷараёни хониш ҳамчун масъалаи мубрам ва ҳалталаб пеш меояд. Дар ин раванд, дар ҷараёни таълим ва сохтори бахшҳои муҳимми физикаи умумӣ низ дигаргуниҳо ва тағйиротҳои куллӣ падад омаданд.

Боназардошти масъалаи пешомада, як гурӯҳи олимон ва устодони кафедраи «Оптика ва спектроскопия»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва кафедраи «Оптика»-и Донишгоҳи давлатии Самарқанд иқдоми некеро пеш гирифтанд. Ин гурӯҳи устодон зимни ҳамкории муштарак барои бахшҳои бакалавр аз рӯи тахассусҳои физика, астрономия, техника ва шавқмандону соҳаҳои марбут ба физика ва инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон китоби дарсии «Оптика»-ро таълиф намуданд. Китоби мазкур ба қалами Исломов З., Муллоев Н., Файзиева М. (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) ва Ҷумъабоев А., Мурадов Ғ. (Донишгоҳи давлатии Самарқанд) тааллуқ дошта, бо қарори шӯроҳои илмию матеодии ин ду донишгоҳ ба нашр тавсия шудааст. Китоби дарсии мазкур дар асоси барномаи намунавии бахши «Оптика»-и курси физикаи умумӣ ва Стандарти давлатии таҳсилоти олӣ барои тайёр намудани мутахассисони соҳаи физикаи таҳия гардидааст.

Ин китоб қисми «Оптика»-и физикаи умумиро дар бар гирифта, бо забони одию фаҳмо навишта шудааст. Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки аз тамоми паҳлуҳои оптика маълумоти заруриро қаламдод намоянд. Аз ин рӯ, китоби мазкур метавонад барои гирифтани маълумот ва такмили дониши зарурии донишҷӯёни макотиби олии ҳар ду ҷумҳурӣ саҳмгузор бошад. Пайдарҳамии бобҳо ва мавзӯъҳои китоб имкон медиҳанд, ки донишҷӯ ва ё хонандаи он савияи дониши худро оид ба ҳодисаҳо ва қонунҳои оптикӣ тадриҷан инкишоф диҳад.

Ҳамин тавр, китоби «Оптика» самараи муносибатҳои дӯстона ва натиҷаи ҳамкориҳои устодони факултетҳои физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Самарқанд буда, барои боз ҳам тақвият ёфтани ҳамкориҳои илмӣ ва инчунин, таълифи адабиёти таълимӣ миёни олимони Тоҷикистон ва Ӯзбекистон қадами устуворе гузошт.

Номвар ҚУРБОН,

устоди факултети физикаи

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон