МУКОФОТҲОИ ДАВЛАТӢ БА УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА

8

Санаи 25.08.2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Боиси ифтихор аст, ки дар миёни сарфарозшудагон бо мукофотҳову ҷоизаҳои давлатӣ ду устоди факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Комилзода Қосим – профессори факултети физика бо медали “Корманди шоистаи Тоҷикистон”, Ҷӯразода Хайрулло – доктори илмҳои физикаю математика бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2025, сарфароз гардиданд.Ҷоиза муборак, устодони азиз!