МУҲОКИМАИ ДИССЕРТАТСИЯИ НОМЗАДӢ

149

Санаи 06.06.2024 дар ҷаласаи васеи шурои олимони Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муҳокимаи диссертатсияи номзадии Авази Мирзо дар мавзуи «Экспериментальные исследования структуры и физических свойств углеродных нанокомпозитных полимерных материалов», барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю маатематика 01.04.07 – физикаи ҳолати конденсӣ баргузор гардид.Бояд қайд намуд, ки кори диссертатсионӣ дар озмоишгоҳи «Физикаи муҳитҳои конденсӣ»-и ба номи д.и.ф.м., профессор, Б.Н.Нарзуллоеви Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии д.и.ф.-м. профессор Рашидов Ҷалил ба анҷом расидааст.Дар муҳокима 8 доктори илм, 20 номзадони илм ва ассистентону муҳаққиқон иштирок намуданд.Кори диссертатсионии номзадӣ ва фаъолияти илмии Авази Мирзо аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа муҳокима гардида баҳои сазовор гирифт ва бо дарназардошти тавсияҳо ва пешниҳодҳо, анҷомёфта ҳисоб шуда, барои ҳимоя тавсия карда шуд.Дар охир аъзоёни шурои олимони Институти илмию таҳқиқотии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба пешниҳоди кори диссертатсияи номзадии Авази Мирзо «Экспериментальные исследования структуры и физических свойств углеродных нанокомпозитных полимерных материалов барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю маатематика 01.04.07 – физикаи ҳолати конденсӣ қарори мусбат қабул намуда, кори унвонҷӯ Авази Мирзо ба шурои диссертатсионии 6D.КОА-056-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тавсия гардид. Ба ин муносибат садорати факултет, устодон ва кормандон Авази Мирзоро табрик намуда, дар корҳои эҷодиаш комёби мехоҳанд.