МОШИНҲОИ ҲИСОББАРОР (КОМПЮТЕР) ВА НАҚШИ ОН ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

440

Имрузҳо дар ҷаҳони глобалӣ истифодаи техникаҳои ҳисоббарор рӯз то рӯз ба таври револютсия густариш меёбад Ба ҳамагон маълум аст, ки асри бисту як (XXI) аз тарафи ҷаҳониён асри тарақиёти илму техника ва технология, инчунин ҷаҳони илми муосир ва технологияи иттилоотӣ (компютер), техникаю технологияи иноватсионӣ пешниҳод гардидааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҷаҳони имруза ҳар соату ҳар лаҳза навгониҳои зиёде ба назар мерасад, ки чунин дастовардҳо бо мурури замон дар ҷомеъа пешниҳод мегарданд. Воқеан вақте, ки сухан дар бораи илму техника меравад ин маънои онро дорад, ки ҳама молу мавод ва тенология сараввал дар илм омухта мешавад, баъдан ба истеҳсолот пешниҳод мегардад то, ки дар хоҷагии халқ истифода шавад. Бинобар ин таҳкурсии (зерпояи) алоқаи саноат, истеҳсолот, технология бештар аз илм вобастагии калон дорад. Ба ин хотир як чизро бояд гуфт, ки дар асри бисту як дар ҷомеъаи башарӣ таҷҳизоте, ки дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ истифода мешавад ин мошини ҳисоббарор ё ба таври дигар компютер ба ҳисоб меравад. Аз курси технология иттилоотӣ (информатика) маълум аст, ки инсоният ҳанӯз аз 3000 то 5000 (ҳазор сол) то пайдо гардидани компютер ва дигар намуди асбобҳои ҳисобкунанда масалаи системаи ҳисоб хеле проблемаи асоси ба ҳисоб мерафт ва одамон қадамҳои нахусти системаи ҳисобро ҳануз аз ангуштони дасту пойҳои худ истифода менамуданд. Ғайр аз ин одамон солҳои пеш чандин солҳо дар орзу ва ҳаваси ин технология буданд ва хушбахтона дар ин қарни илму иноватсия ин технология таҳрези гардид ва моделҳои гуногуни замонавии он то инҷониб хеле зиёд тарақи ёфта истодааст ва ҷомеъаи имруза аз ин технология ба пурраги истифода намуда истодааст. Истифодаи компютер айни замон ҳато аз муассисаҳои тарбияи насли наврас (боғчаю кудакистонҳо сар карда то мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ), дар муассисаҳои таълимии назди Вазорати маориф ва илмӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар дигар соҳаҳо аз ҷумла; энергетика, тибб, телекомуникатсия, бонки, молия, иҷтимоӣ ва ғайра хеле зиёд аст. Бо ин мақсад гуфтан лозим аст, ки компютер дар ҷомеъаи имруза барои иҷроиши корҳои гуногун нақши калонро мебозад. Тавлиди ин технология дар асоси тарақиёти илму техника ва заҳматҳои хеле зиёди як зумра олимон, асосгузорони марбут ба ин технология, муҳандисони техникӣ ба вуҷуд омадааст. Омузиши технологияи информатсионӣ барои насли ҷавон махсусан барои донишҷуён бояд маълум бошад, ки компютер як таҷҳизотӣ электронӣ ба ҳисоб меравад ва аз худ намудани принсипи кори он дар ҷойи аввал меистад, чунки аксари корҳои ҷомеъаи имруза масалан дар ширкату фирмаҳо ва корҳои дигар муассисаҳои дахлдор бо ёрии компютер иҷро мегарданд. Мутахассисон дар ҷараёни коркарди компютер ё ин ки машинаи ҳисоббарор як таҷҳизоти асосии онро бо номи платаи модари ном гузоштаанд. Агар дар амалия фикру мулоҳиза намоем калимаи модар ва худи он дар ойла нисбати фарзанд чи қадар ғамхору меҳрубон аст, пас бояд зикр кард, ки дар компютер низ таҷҳизоте, ки дар он номи модар гузошта шудааст нисбат ба таҷҳизотҳое, ки дар компютер истифода мешаванд принсипи кори ҳар як таҷҳизоти электрониро идора менамояд. Яъне платаи модари сардори таҷҳизотҳои асосии компютер ба ҳисоб меравад ва ҳамаи компонентҳои техникиро бо якдигар пайваст намуда вазифаи кори ҳар як таҷҳизоти техникиро ба система равона месозад. Умуман бе платаи модари кори компютер маъно надорад, бинобар ин мутахассисон дар сохтори ин таҷҳизоти афсонавии асри бисту як ба хулосае омаданд, ки яке аз таҷҳизоти асосии онро, ки дар компютер нақши асосиро иҷро менамояд платаи модари ном гузори намоянд. Дар мисоли дигар гуфта метавонем, ки компютер дар асоси принсипи кори системаи оператсионӣ ва забонҳои барномасозӣ метавонад бо шахси истифодабаранда гуфту гу намояд ва фармонро итоат намояд, яъне вақте, ки истифодабаранда компютерро барои ҳалли масалаҳои гуногун фармон медиҳад, компютер ҳатман супориши додашударо иҷро менамояд. Натиҷаҳо ва дастовардҳои солҳои охири илми муосир нишон медиҳанд, ки киштиҳои кайҳони ва маҳвораҳои гуногун, ки онҳоро наноспутникҳо, микро ва миллиспутникҳо меноманд, ки онҳо байни ду сайора (замин ва марс) истифода мешаванд дар онҳо низ компютерҳо ва микро компютерҳо барои тадқиқоти фанҳои нуҷумшиносӣ (Астрономӣ) ва барои гирифтани системаи иттилоотӣ фаъолият мекунанд. Инчунин дар мисоли дигар баррасӣ намудан ва истифодабарии васеъи компютерҳо дар соҳаи тибб ба шумор мераванд, ки дар ин маврид роли компютерро асбоби ташхиси низ гуфтан мумкин аст, чунки дар вақти усули ташхис аз органҳои дохилии биологии одамон хабардор мебошад, яъне бо методҳои компютеризатсия намудани лавозимотӣ тиббӣ аксари бемориҳо дар вақти ташхис муаян мегарданд. Ҳамин тариқ аз маълумотҳои дар боло зикршуда маълум мегардад, ки истифодабарии компютер ва нақши он дар хоҷагии халқ хеле масалаҳои муҳимро ҳал менамояд ва махсусан ҷавонон истифодаи компютерҳоро ва дигар ойлаи ба компютер таалуқ доштаро, ки онҳоро компютерҳои камҳаҷми замонави (ноутбукҳо, нетбукҳо, планшетҳо, смартфонҳо ва айфонҳо) меноманд кушиш намоянд дар асоси меъёрҳои стандартӣ истифода намоянд.

И.Ш.Маҳмудов н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ