Меваи дӯстӣ

445

Дар натиҷаи кӯшишҳои Президентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев решаҳои дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек боз ҳам мустаҳкамтар гардид. Дар асоси созишномаҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ӯзбекистон шартномаҳои тарафайни ҳамкориҳои Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни устодон ва кормандон гузаронидани чорабиниҳои илмӣ, нашри маводи таълимию методӣ ба нақша гирифта шудааст. Яке аз самтҳои асосии шартнома бо адабиёти илмӣ ва таълимӣ таъмин намудани донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҳар ду ҷумҳурӣ мебошад.

         Айни замон дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов норасоии адабиёт, дастурамалҳо ва китобҳои дарсӣ аз фанни физикаи молекулавӣ ба забони тоҷикї эњсос карда мешуд, гарчанде якчанд адабиётҳо (А. Матвеев “Молекулярная физика”; Высшая школа, 1983, 1987,  А.К. Кикоин “Молекулярная физика”; Ӯқитувчи, 1978, Д.В. Сивухин “Умумий физика курси”, “Термодинамика ва молекуляр физика”, Ӯқитувчи, 1984, У.Б. Ҷӯраев “Молекуляр физика”, 2014) бо забонњои рўсї ва ӯзбекї мављуд њастанд.

         Ба мақсади ҳал намудани ин мушкилот устодони ду муассисаи олӣ дар ҳаммуаллифӣ китоби дарсӣ аз фанни “Физикаи молекулавӣ”-ро аз рӯи барномаи таълимие, ки дар ҳарду донишгоҳ дарс мегузаранд омода намуданд.

         Физикаи молекулавӣ, ҷузъи таркибии физика буда, дар он асосан дар бораи сохти модда, атом ва молекула, ҳолатҳои агрегатии модда, тақсимоти оморї (статистикї)-и молекулаҳо, қонун ва қоидаҳои гузариши равандҳо, асосҳои термодинамика ва ғайра маълумот дода мешавад.

         Китоби мазкур дар асоси барномаи намунавии ќисми “Физикаи молекулавӣ”-и курси физикаи умумї ва Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ барои мутахассисони маълумоти олии касбии физика таҳия шудааст.

Муаллифон кӯшиш намудаанд, ки доир ба ҳамаи паҳлӯҳои ќисми физикаи молекулавӣ маълумоти заруриро  ҷойгир намоянд.

Пайдарпайии бобҳо ва мавзуъҳо дар китоб имкон медиҳад, ки донишҷӯ савияи дониши худро доир ба ҳодисаҳо ва қонунҳои физикаи молекулавӣ инкишоф диҳад.

         Боварӣ ҳаст, ки ин китоб барои тайёр намудани мутахассисони босалоҳият, пеш аз ҳама дар соҳаи физикаи молекулавӣ, барои ҳар ду ҷумҳурӣ хидмат хоҳад кард.