МЕТОДИКАИ ШАРҲИ МАВЗӮИ “ФИЗИКА ВА АЛОҚАМАНДИИ ОН БО ФАНҲОИ ДИГАР” ДАР АСОСИ ОМӮЗИШИ ПРОБЛЕМАВӢ

1405

Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» қадами ҷиддиест барои густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Алалхсус нақши физика дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир хеле бузург арзёбӣ мегардад. Кашфиётҳои физикӣ ба он боис гардиданд, ки ҷамъияти муосир аз ҷамъияти асри гузашта ба куллӣ фарқ намояд. Тадқиқот дар соҳаи электромагнетизм боиси пайдоиши телефонҳо ва баъдтар телефонҳои мобилӣ гардид, кашфиётҳо дар термодинамика барои сохтани мошин имкон доданд, рушди электроника боиси пайдоиши компютерҳо гардид. Инкишофи фотоника имконият медихад, ки принципан нав — компьютерхои фотонӣ ва дигар таҷҳизоти фотонӣ ба вуҷуд оварда шаванд, ки онҳо таҷҳизоти электронии мавҷударо иваз мекунанд. Инкишофи динамикаи газ боиси пайдоиши ҳавопаймоҳо ва чархболҳо гардид. Дар баробари мунтазам васеъ ва амиқ гардидани самтҳои тадқиқоти физикӣ ва равандҳои дар табиат ба амал оянда, муносибат ба омӯзиш низ бояд тағйир ёбад. Омӯзишро тавре ба роҳ мондан лозим аст, ки натиҷаи он боиси рушди зеҳнӣ, инкишофи тафаккури мантиқӣ ва эҷодкории донишҷӯён гардад. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки усули анъанавии таълим завқи омӯзишро дар дили донишҷӯён ҷой карда натавонист. Бинобар ин дар замони муосир бояд аз усулҳои фаъоли таълим, ки боиси пайдошавии шавқу ҳаваси донишҷӯён, рушди қобилияти эҷодкории онҳо ва истифодаи дониш дар амалия мегардад истифода бурда шавад. Яке аз ин гуна усулҳо усули омӯзиши проблемавӣ мебошад. Мақсади омӯзиши проблемавӣ рушди зеҳнӣ, ташаккули донишҳои илмӣ; баланд бардоштани ҳавасмандии раванди таълим, тарбияи шахсияти фаъол мебошад. Усули омӯзиши проблемавӣ таърихи дуру дарозе дорад. Дар асрҳои 15-16 аз ин усул ба таври ваеъ истифода мебурданд. Ба сифати мисол дарсомӯзии А.Ҷомиро зикр кардан мумкин аст, ки ҳангоми ҳалли проблемаҳои дар дарс ба вуҷуд омада аз устодашон пештар ба моҳияти масъала сарфаҳм рафта, онро ҳал менамуданд. Омӯзиши проблемавӣ усули омӯзишиест, ки тавассути ба вуҷуд овардани вазъиятҳои проблемавӣ ва ташкили дурусти фаъолияти донишҷӯён дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаи пешниҳодгардида ба роҳ монда мешавад. Омӯзиши проблемавӣ фаъолияти мустақилонаи инкишофдиҳандаи донишҷӯёнро бо азхудкунии хулосаҳои тайёри илм таъмин менамояд. Усули омӯзиши проблемавиро дар ҳама марҳилаҳои омӯзиш истифода бурдан мумкин аст. Муаллими физика дар ҷараёни истифодабарии метод, ҳангоми пешниҳоду мавриди баррасӣ қарор додани маводи назариявӣ ва шарҳи истилоҳоти мураккаб дар дарсҳо вазъиятҳои проблемавиро ба вуҷуд меоварад. Ташкили фаъолияти таълимӣ ва маърифатии донишҷӯён тавре рӯй медиҳад, ки онҳо дар раванди таҳлили маводи назариявӣ ва мушоҳидаҳо бояд мустақилона хулосабарорӣ намуда, таърифи мафҳумҳо ва қонунҳои физикиро шарҳ дода, муносибати байни бузургиҳоро ошкор карда тавонанд. Усулҳои проблемавии омӯзиш бо усулҳои интерактивӣ муттаҳид гардида, раванди таълими босифатро ба вуҷуд меоранд, ки барои ба даст овардани малакаҳои амалӣ ва амиқтар намудани донишҳои назариявӣ мусоидат мекунад. Ба вуҷуд овардани системаи ташаккули вазъиятҳои проблемавӣ яке аз шартҳои зарурии инкишофи маҳорати педагогӣ, ноил шудан ба раванди хеле самарабахши таълим мебошад. Ба сифати мисол усулҳои ба вуҷуд овардани вазъиятҳои проблемавиро дар мавзӯи “Физика ва алоқамандии он бор фанҳои дигар” дида мебароем. Дар оғози дарс проблемаи зеринро манзури донишҷӯён мегардонем.

Гузориши проблема: Донишҷӯёни азиз ҳангоми баланд бардоштани қобилияти мудофиавии мамлакат, бартараф намудани фалокатҳои табиӣ рушди саноат ва ғайра сарварон пеш аз ҳама ба кадом мутахассисон такя карда аз онҳо маслиҳат ва кӯмак мегиранд? Ҳалли проблемаи гузошташуда: Албатта ба физикдонҳо ва математикон барои чӣ? Барои он, ки физика кулли ҳодисаҳои табииро дар асоси қонунҳои математика шарҳ медиҳад. Физикдонҳо ва математикон кулли ҳодиса ва равандҳои табииро дар асоси қонунҳои физика ва математика шарҳу эзоҳ дода, салоҳияти бартараф кардани мушкилоти дар табиат ба амал омадаро доранд. Пас физика чист? ва мавзӯи омӯзиши он кадом аст? Физика – илмест, ки қонуниятҳои умумии ҳодисаҳои табиат, хосият ва сохти материя ва қонунҳои ҳаракати онро меомӯзад. Ҳамаи ҷисмҳои моро иҳота карда, аз хурд то бузург дар ҳолати ҳаракати бефосила мебошанд. Физика яке аз илмҳои табиатшиносӣ буда, дар он навъҳои гуногуни ҳаракат ва ҳодисаҳои механикӣ, ҳароратӣ, электрӣ, рӯшноӣ, атомӣ ва ядроӣ омӯхта мешаванд. Баъди пешниҳоди таърифи физика ба донишҷӯён саволҳои проблемавии зерин пешниҳод карда мешавад.

1. Мақсади асосии омӯзиши физика дар чист?

Баъди таҳлили ҷавобҳои имконпазири донишҷӯён: Физика яке аз мукаммалтарин ва амиқтарин илмҳои муосир ба шумор рафта, манбаи дониш ва ғояҳои боэътимод дар бораи олами атроф мебошад. Физика заминаи рушди минбаъдаи бахшҳои мушаххаси илм ва техникаро ташкил медиҳад. Қонунҳо, принсипҳо ва мафҳумҳои физикӣ дар маркази тасвири муосири табиию илмии ҷаҳон қарор доранд. Физика марҳилаҳои асосии роҳи мураккаби таърихии шинохти табиати физикавии ашёро инъикос намуда, ба ташаккули нуқтаи назари ҳамаҷонибаи олами атроф мусоидат мекунад.

2. Физика бо дигар фанҳо чӣ гуна алоқамандӣ дорад?

Баъди таҳлили ҷавобҳои имконпазири донишҷӯён: Физика бо ҳамаи фанҳои табиӣ аз ҷумла химия, астрономия, биология, геология алоқамандии зич дорад, масалан: Химия. Таъсири физика ба химия назаррас аст. Ҳамаи равандҳои химиявӣ ин барқарор ё вайроншавии банд байни электронҳои валентӣ мебошад, бинобар ин химияи назариявӣ ин физика аст. Астрономия. Тасаввуротҳои астрономӣ аз физика пештар ба вуҷуд омадаанд, вале баъди он ки физикон ҳаракати сайёраҳо ва ситораҳоро шарҳ доданд, астрономия ба по хест. Кашфиёти наҷибтарини астрономия дар он буд, ки ситораҳо аз он атомҳое таркиб ёфтаанд, ки Замин аз он таркиб ёфтааст. Инро физикон-спектроскопҳо исбот намуда буданд. Баъди кашфи реаксияҳои тақсимшавӣ ва синтези термоядроӣ маълум гардид, ки ситораҳо энергияи худро аз куҷо мегиранд. Астрономия бо физика он қадар наздик гардид, ки байни онҳо ҳудуд гузоштан имкон надорад.

Биология. Механизми ҳама равандҳои биологиро танҳо дар сатҳи молекулавӣ ва дохилиҳуҷайравӣ дарк кардан мумкин аст. Биологҳо бидуни дониши физикӣ ва асбобҳои физикӣ, масалан, микроскопҳои электронӣ, ки бо ёрии онҳо сохтори ДНК кашф карда шудааст, амал карда наметавонанд. Инчунин, равандҳои мураккабтарини фаъолияти асаб дар асл падидаҳои электромагнитӣ мебошанд.

Илмҳои куҳӣ ва геологӣ. Алоқаи физика бо илмҳои кӯҳӣ ва геологӣ раднопазир аст. Бидуни такя ба қонунҳои физикии ҷузъҳои ибтидоии ин раванд, тавзеҳ додани ягон раванди геологӣ ғайриимкон аст, барои мисол, биёед баъзе аз шумораи зиёди мушкилоти ҷаҳонии геологияро, ки бо физика зич алоқаманданд, номбар мекунем:

• пайдоиши Замин ва дигар сайёраҳо;

• сохтор ва таркиби қабатҳои гуногуни геосферӣ;

• синну соли Замин ва санаи марҳилаҳои инкишофи он;

• таърихи ҳароратии Замин;

• таҳияи назарияи нобудшавии ҷинсҳои кӯҳӣ;

• дурнамои равандҳои геодинамикӣ (заминҷунбӣ, таркиши сангҳо, хуруҷи ногаҳонии газ ва ғ.).

Аз вобастагии байни физика ва геология сарҳадҳои ҳудудии дониш: геофизика, петрофизика, физикаи қашри Замин, физикаи атмосфера, физикаи обанборҳо пайдо шуда, рушд намудаанд. Аз ин ҷо чунин хулоса бармеояд, ки физика дар ҳаҷми пурра барои дилхоҳ мутахассис зарур будааст. Ва дар охир аз донишҷӯён талаб карда мешавад, ки доир ба алоқамандии физика бо фанҳои дигар хулосаи мухтасари худро навишта ба устод пешниҳод намоянд.

Истамов Ф.Х., Қурбонхолов Т.Т., Файзиева М. – омӯзгорони факултети физикаи ДМТ