МАСОИЛИ МУОСИРИ ФИЗИКА ВА ХИМИЯИ ПОЛИМЕРҲО

238

Бо чунин унвон имрӯз (10.10.2023) дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи физикаи ҷисми сахти факултети физика бахшида ба «75-солагии таъсисёбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

Дар ифтитоҳи конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, доктори илмҳои химия, профессор  Сафармамадзода Сафармамад ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардида, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини рақобатпазирии он дар ҷаҳон созгор мебошад.

Зимнан таъкид шуд, ки конференсияи имрӯза ба рушди муносибатҳои илмию – амалӣ ва рушди муносибатҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад намуд.

Дар идомаи кори конференсия меҳмонону мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар оид ба омӯзиши паҳлуҳои гуногуни иилми физика аз ҷумла «Таҳқиқи гузаришҳои сохторӣ-фазавии сополиэфири моеъкристаллӣ ҳангоми озмоишҳои ҳароратии сиклӣ», «Оид ба майдони ҳароратии лавҳаҳои полимерӣ дар майдони сели ионҳои бефосила дар ҳаво», «Асосҳои физикӣ-кимиёии ҳосил намудани моддаҳои ғунҷоиши энергияшон калон дар асоси алюминий», «Ноустувориҳои самтӣ ва азимутии чашмаки моеъкристаллӣ дар майдони электрикӣ» ва «Таҳқиқи таъсири майдони магнитии беруна ба часпакии ҳаҷми моеъҳои магнитии электрноқил» маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ аз се бахш иборат буда, дар он зиёда аз 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.