МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ – КАФИЛИ БЕҲДОШТИ МУҲИТИ ЗИСТ

18

Ман ба мардуми азизи ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ буданамонро ба ҷаҳониён собит намоем.

Эмомалӣ Раҳмон

Санаи 30-юми декабри соли 2024 тибқи Нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоқикистон ва факултети физика ҷиҳати татбиқи “Соли маърифати экологӣ” эълон гардидани соли 2024 ҳамоиши илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Маърифати экологӣ–кафили беҳдошти муҳити зист» баргузор гардид.

Ҳамоишро декани факултет, н.и.ф-м., дотсент Қодирзода З.А. оғоз намуда, иброз дошт, ки якчанд соли охир инъикоси масъалаҳои вобаста ба муҳити зист дар сархати расонаҳои хабарии ҷаҳон қарор дорад. Бояд қайд намоям, ки ифлосшаии ҳаво, об ва хок боиси авҷгирии касалиҳои гуногун дар курраи Замин мегардад. Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани ифлосшавии се унсури барои ҳаёт муҳим маърифати экологии аҳолии сайёраро баланд бардоштан лозим меояд.

Маҳз бо ин мақсад ва инчунин, дар идомаи мантиқии ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иқдоми бевоситаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар пойтахти кишвар “Соли маърифати экологӣ” эълон гардид. Ҳадаф аз қабули қарори мазкур баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

Дар ҳамоиши мазкур мутахассисону муҳаққиқон – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Абдуллозода С.Ф. дар мавзуи “Сарҳадҳои вориди чанг ” ва номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қурбон Н.Б. дар мавзуи “Арзёбии ҳадафҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, иқлим ва экология” маърӯза намудад.

Дар фарҷоми ҳамоиш мудири кафедраи метеорология ва климатология, доктори илмҳои кимиё, узви вобастаи АМИТ, профессор Норматов И.Ш. вобаста ба мавзуи ҳамоиши мазкур андешаи илмӣ ва дар самти татбиқи “Соли маърифати экологӣ” тадбирҳои мушаххас пешниҳод намуд.

Садорати факултети физикаи ДМТ