Баъди ба даст овардани Истиқлолият, Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша намуд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон мавқеи махсусро ишғол менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд зинае мебошад, ки дар асоси он рушди давлат ва ҷомеаи мустақили Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Дар моддаи 5-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрвандро давлат эътироф, риоя ва ҳифз менамояд».
Ҳуқуқи инсон ин низоми муайяни қоидаҳое мебошад, ки шаъну шарафи ҳар як инсонро ҳимоя намуда, озодии онҳоро таъмин менамояд. Дар маҷмуъ ин ҳуқуқҳо асоси мақоми ҳуқуқии шахсро ташкил мекунад.
Ҳуқуқҳои инсон қисми асосӣ ва муҳимтарини давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд. Дар ҳар як системаи ҳуқуқии давлатҳо ва шартномаҳои байналмиллалии ҳуқуқӣ ҳаҷм ва мазмуни ҳуқуқҳои инсон метавонад фарқкунанда бошад.
Ҳуҷҷати ягонаи эътирофшудаи байналмиллалӣ, ки дар он тамоми ҳуқуқҳои инсон дарҷ гардидаанд Эъломияи умумии ҳуқуқи башари СММ мебошад.
Дар ҳамаи давлатҳое, ки ба САҲА аъзо мебошанд, тамоми масъалаҳои ҳуқуқи инсон, озодӣ ва волоияти қонун хусусияти байналхалқӣ доранд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аъзои САҲА мебошад ва дар кишвари мо дар мартабаи баланди қонунӣ кафолатҳои риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дарҷ гардидааст. Боби 2-юми Конститутсияи Тоҷикистон маҳз ба ҳамин масъалаи муҳимтарини ҷамъияти инсонӣ бахшида шудааст.
Озодии инсон дар доираи қонун, мухторияти фардӣ буда дар он шахс ба таври мустақил мувофиқи хоҳишҳои хеш амал мекунад.
Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд – вазъи ҳуқуқии шахс ба воситаи маҷмӯи хуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, ки дар меъёрҳои ҳамаи соҳаҳои ҳуқуқи амалкунанда инъикос ёфтаанд, муайян мегардад. Асоси вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд бошад, ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои ба тарзи конститутсионӣ муқаррар гардидаро дарбар мегиранд. Барои инсон ва шаҳрванд ҳуқуқу озодиҳо воситаи худифодакунӣ ва ошкор намудани лаёқати дар ҷомеа ташаккул ва инкишофёбӣ, таъмини шаъну шараф, ки барои шахсияти озод хос аст, воситаи амалӣ гардонидани ҳуқуқҳои инкорнашавандаи ӯ ба иштирок дар идораи ҷомеа, ки узви он аст, таъмини шароити зарурии иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими моддию маънавӣ мебошанд. Ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд бо шакли махсуси ҳуқуқии муқаррар ва мустаҳкам гардидан хусусиятноканд. Онҳо дар санади олии ҳуқуқии давлат – Конститутсия, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад, мустаҳкам карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон ба ғайр аз барномаҳои давлативу байналмилалӣ торнамои расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини тадбиқи ӯҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон амал менамояд, ки мақсади асосии он, иттилои васеъ дар бораи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо василаҳои СММ оид ба хуқуқи инсон, тавсияҳое, ки аз ҷониби ниҳодҳои қарордодии СММ, расмиёти махсус ва механизми «Шарҳи универсалии даврӣ» пешниҳод гардидаанд ва маърӯзаҳои миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки ба кумитаҳои СММ пешниҳод шудаанд, дастрас мегардад. Хонандагон имконият пайдо мекунанд, ки на танҳо иҷрои ӯҳдадориҳои байналмилалии кишварро дар соҳаи ҳуқуқи инсон пайгирӣ намоянд, балки метавонанд барои изҳори назари худ иттилоотро бевосита ба котиботи Комиссия ирсол кунанд. Ин амал, бешубҳа, барои иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои байналмилалии давлат дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва иттилоотонӣ оид ба тадбирҳои амалишаванда мусоидат намуда, дар навбати худ барои баланд бардоштани дараҷаи шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ саҳми арзанда мегузоранд. Дар ин раванд торнамо барои васеъ гардидани фазои демократӣ, иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ ва шахсони манфиатдор дар идораи давлат ва таъмини шаффофият дар фаъолияти Комиссия ҳамчун механизми ҳамоҳангсоз мусоидат мекунад.
Тоҷикистон аксарияти шартномаҳои асосиро дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба тасвиб расонд ва дар назди кумитаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон ҳисобот дод. Ғайр аз ин, Тоҷикистон ташрифи гузоришгарони вежаи Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсонро хуб пазироӣнамуд. Дар ояндаи наздик вазъи кишвар дар доираи даврҳои дигари Шарҳи универсалии даврӣ аз ҷониби Шурои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Дар натиҷа, ба Тоҷикистон садҳо тавсияҳои гуногуни механизмҳои СММ оид ба ҳуқуқи инсон дода мешаванд.
Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон дар шароити ривоҷи муносибатҳои хусусиву байналмилалӣ, эътирофу кафолати моликияти шахсӣ ва ташаккули фарди озоду дорои ҳукукҳои фитрӣ, инкишоф ёфта истодааст.
Ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ Бобоев Ш.С.