МАҚОМИ ФИЗИКА ДАР РУШДИ ИЛМ, МАОРИФ ВА ИННОВАТСИЯ

272

Бо чунин унвон имрӯз (27.10.2022) дар толори калони шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи кафедраи физикаи умумии факултети физика бахшида ба  “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” бо иштироки олимону муҳаққиқон аз сохторҳои илмию таълимии дохил ва хориҷи кишвар конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ баргузор гардид.

 Дар ифтитоҳи конференсия ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳузури меҳмонони конференсияи байналмилалиро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфта, афзуд, ки бо эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои дақиқ аз пештара бештар гардида, омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва техникӣ барои рушди устувори кишвар ва таъмини рақобатпазирии он дар ҷаҳон созгор мебошад. Эълон гардидани бистсолаи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз мавқеи устувори илмҳои табиию риёзӣ ва дақиқ шаҳодат дода, олимону мутахассисони соҳаро илҳоми тоза бахшид.

Гуфта шуд, ки пешрафти ҳар давлат аз захираҳои зеҳнӣ ва рушди тафаккури ҷавонони он вобаста аст. Факултети физикаи ДМТ яке аз пояҳои омода намудани мутахассисони илмӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад ва олимоне, ки дар ин факултет фаъолият кардаанду мекунанд, дар миқёси байналмилалӣ эҳтироми хосса доранд.

Зимнан таъкид шуд, ки конференсияи имрӯза ба 80-солагии ёдбуди устоди зиндаёди мо, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Бобоев Тошбой бахшида шудааст. Устод то лаҳзаи охири ҳаёташ, дар рушди илми физика ва тарбияи мутахассисону ҷавонон саҳми назаррас гузошта, аз худ мактаби бузурги илмӣ мерос гузоштаанд.

Дар идомаи кори конференсия президенти  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академики АМИТ, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Фарҳод Раҳимӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки бо мақсади дуруст ва хубтар омӯхтани паҳлуҳои муосири илми физика Пешвои миллат солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудаанд, ки он  тамоми намоядагони илму маориф ва зиёиёнро водор мезозад, ки дар амалӣ гаштани ин ҳадаф камари ҳимат банданд.

Декани факултети физика Қодирзода З.А. доир ба зиндагиномаи устоди зиндаёд, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои физикаю математика, профессор Бобоев Тошбой ва саҳми ӯ дар  тарбияи мутахассисони ҷавон суханронӣ намуда, зикр карданд, ки профессор Бобоев Тошбой ҳамчун донишманд ва устоди варзидаи соҳаи физикаю математика маҳбуби аҳли илму маорифи Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва берун аз марзи он низ гаштаанд. 

Дар идомаи конфренсия меҳмонону мутахассисон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла аз Ҷумҳурии Узбекистон ва намояндагони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни омӯзиши илмҳои дақиқ маърӯзаҳо намуданд.

Ёдовар мешавем, ки конфренсияи байналмилалии илмӣ – амалӣ аз панҷ бахш иборат буда, дар он наздик ба 50 маърӯза мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.