МАҚОЛАИ ИЛМӢ

139

Заҳматҳои пайвастаи устодони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллиии Тоҷикистон бо роҳбарии узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Норматов Ином Шерович дар раванди амали намудани ташабуссҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтаррам Эмомали Раҳмон нисбати ҳимоя ва самаранок истифодабарии захираҳои об ба натиҷаҳои чашмрас лоиқ гардид, ки натиҷаҳои тадқиқотҳои дар кафедра суратгиранда аз ҷониби мутахассисон ва олимони ҷаҳонӣ баҳои арзанда гирифта истодааст. Ба чоп расидани мақолаи навбатии илмии профессор Норматов Ином Шерович дар нимсолаи 2023 дар яке аз маҷалаҳои бонуфузи соҳаи “Метеорология ва Гидрология” дар мавзӯи “Пространственное распределение атмосферных осадков и их вклад в формирование стока трансграничной реки Зеравшан (Таджикистан)” исботи гуфтаҳои боло мебошад.