Санаи (15.03.2023) мувофиқи нақшаи тасдиқгардида дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Зеҳн” аз ҷониби д.и.г., профессори кафедраи гидрогеологияи факултети геологияи ДМТ Саидов М.С. доир ба мавзӯи “Ҳолати сатҳи барфию яхи Тоҷикистон ва динамикаи тағйирёбии он дар сад соли ахир” маърӯза намуданд. Дар ин маҳфили “Зеҳн” устодон ва донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд. Маҳфил дар як сатҳи баланд баргузор гардид. Дар анҷоми маҳфил аз ҷониби устодон ва донишҷӯён саволҳо пешниҳод гардиданд, ки ба ҳар яки онҳо посухҳои мушахас гардонида шуд.