Санаи 03.04.2025 дар кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили “Радиофизикони ҷавон” дар мавзуи “Асбобҳои ченкунанда” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯи курси сеюми ихтисоси 31040200-радиофизика ва электроника Собирзода Сайёра баромад намуда ба донишҷӯён ва устодон доир ба асбобҳои ченкунандаи барқӣ, классификатсияи асбобҳои мазкур аз рӯи вазифа, таинот, соҳаи истифода ва реҷаи кории онҳо, маълумотҳо пешниҳод намуд. Маҳфил дар сатҳи баланд гӯзаронида шуд.