Санаи 06.05.2025с дар кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – инфиродии д.и.ф-м., профессор Хоҷазода Т.А. дар мавзӯи “Манбаҳои радиатсионӣ ва таъсири онҳо ба асбобҳои радиоэлектронӣ” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯи курси чоруми ихтисоси 31040200-радиофизика ва электроника Холов Юсуф ба донишҷӯён ва устодон доир ба манбаъҳои радиатсионӣ, тағйирёбии ҳолати кории дастгоҳҳо пас аз таъсирот ва роҳҳои муҳофизат аз ин таъсирот, сӯҳбат орост. Маҳфил дар сатҳи баланд гузаронида шуд.