МАҲФИЛИ ПРОФЕССОРӢ

19

Санаи 27-уми март маҳфили инфиродии профессор Махсуд Б.И. “Адрон” баргузор гардид. Дар маҳфил донишҷӯёни курси 3-юми ихтисоси 31040103 – физика, гурӯҳи русӣ Саидзода Фаррух дар мавзӯи “Классификация элементарных частиц” ва Шарипова Аноҳито дар мавзӯи “The Standart Model. The Higgs boson” баромад карданд. Саидзода Ф. доир ба синфбандии зарраҳои элементарӣ бо забонӣ русӣ баромад карда, ҷабҳаҳои асосии мавзӯъро пешкаши ҳозирин кард. Баъдан Шарипова А. бо забони англисӣ дар бораи таърихи пайдоиш ва моҳияти Модели Стандартӣ маълумоти муфассал дод. Баъди анҷоми маърӯзаҳо баррасӣ ва муҳокимаи мавзӯъҳои пешкашшуда баргузор шуд