МАҲФИЛИ ИНФИРОДИИ ПРОФЕССОР

144

Санаи 15.12.2023 дар кафедраи физикаи назарявии фаултети физика маҳфили илмӣ – инфиродии д.и.ф-м., профессор Солиҳзода Д.Қ. баргузор гардид. Дар он аъзои маҳфил дотсенти кафедраи мазкур Одидов О.Ш. дар мавзӯи “Сигнали фотоакустикии ҳелии абаршорои шаффоф” баргузор гардид. Дар маърӯза сухан дар бораи падидаи фотоакустикӣ дар ҳелии абаршорои шаффоф рафт. Қайд карда шуд, ки дар ҳелии абаршорои шаффоф низ сигнали фотоакустикӣ аз ҳисоби фурубарии нури лазерӣ дар такягоҳ ангехта мешавад. Хулоса карда шуд, ки ченкунии сигнали ангехташаванда имкон медиҳад, ки параметрҳои акустикӣ, гармофизикӣ ва оптикии такягоҳи ҳелии абаршоро муайян карда шавад.