МАҲФИЛИ ИНФИРОДИИ “ФИЗИКДОН”

25

Санаи 06 декабри соли 2024 маҳфили инфиродии профессори кафедраи физикаи умумӣ Ақдодов Д.М. таҳти унвони «Физикдон» баргузор гашт. Дар маҳфил донишҷӯи курси дуюми ихтисоси физика Баротов Абдуалӣ дар мавзӯи «Ҷараёни тағйирёбанда» маърӯза намуд. Дар марӯзаи худ Баротов Абдуалӣ оид ба тафовути ҷараёни доимӣ ва тағйирёбанда, генератори ҷараёни тағйирёбанда, муқовиматҳо, конденсатор ва ғалтак дар занҷири ҷараёни тағйирёбанда, инчунин қонуни Ом дар занҷири ҷараёни тағйирёбанда маълумоти муфассал дод. Дар хотима ба донишҷӯ Баротов Абдуалӣ саволҳои иловагӣ дода шуд. Донишҷӯён ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.