МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ФИЗИКОНИ ҶАВОН»

201

Санаи (25.10.2023) тибқи нақшаи «Маҳфили илмии донишҷӯён»-и факултети физика дар кафедраи методикаи таълими физика бо иштироки устодон ва донишҷӯён маҳфили ҷамъияти илмии донишҷуён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи соли дуюм Олов Сарафроз Олмаҳмадович дар мавзӯи «Омӯзиши қонунҳои оптикаи геометрӣ» баромад намуд. Қайд карда шуд, ки оптикаи геометрӣ як фасли оптика буда, қонунҳои паҳноиши рушноиро дар асоси тасавурот оид ба шуоъҳои рушнои меомӯзад. Қонунҳои оптикаи геметрӣ ба бунёд кардани назарияи соддаи системаҳои оптикӣ имконият медиҳанд. Оптикаи геометрӣ асосан пайдо шудани тасвирҳои оптикиро шарҳ дода, ҳисобу китоби системаҳои оптикӣ ва коркарди усулҳои ислоҳи онҳо, инчунин ёфтани таносубҳои энергетикии дастаҳои шуои аз системаи оптикӣ гузарандаро имконпазир месозад.