Имрӯз (03.10.2023 с) дар синфхонаи 527-и факултети физикаи ДМТ маҳфили илмии донишҷӯён баргузор гардид. Дар маҳфили имрӯза маърӯзаи донишҷӯи соли 4-уми ихтисоси 3102010209-гидрометеорология ва климотология Нозимов С., бо роҳбарии н.и.т., дотсент Қурбонов Н.Б., дар мавзӯи «Буҳрони экологии баҳри Арал ва таъсири он ба Тоҷикистон» шунида шуд. Дар охири маҳфил миёни маърӯзачӣ ва иштирокчиён мубоҳисаи илмӣ баргузор гардид. Дар анҷом мавзӯҳои маҳфил барои ҳафтаҳои баъдӣ ба баромадкунандагон пешниҳод карда шуд.