Маҳфили «Барномасоз»

315

Маҳфили «Барномасоз»

Санаи 18.10.2022 соати 1300 дар кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултаи физикаи ДМТ бо иштироки сарври факултет Қодирзода З.А., ва устодону шогирдон ва хоҳишмандони ин маҳфил ҷамъияти илмии донишҷуён барпо гардид. Мувофиқи нақша маҳфили мазкур ҳар моҳ думаротиба баргузор мегардад ва ҷадвали баргузории он мувофиқа карда шудааст. Мувофиқи нақшаи тасдиқгардида, айни замон донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси 40020100 Ҳафизов Ҳасан маърӯзаро дар мавзӯи «Траққиёти графикаи компютерӣ», ки зери роҳбарии устоди кафедра, н.и.тех. Асомиддинов З.Ш., қарор дорад, ҳусни оғоз мебахшад. Маърӯза пурра шунида шуд (матни он дар охири саҳифа оварда мешавад). Дар маъруза масъалаҳои баҳсу мунозираҳои илмии ба миён омада ҳади имкон ҳалли худро ёфтанд. Якчанд расмҳоро пайдарпай аз рафти ин маърӯза зам менамоем.

Лаҳзаи оғози маърӯза

Лаҳзаи ба итмомррасии маърӯза

Лаҳзаи баҳсу мунозира

Мавзӯъ:Тараққиёти графикаи компютерӣ.

Чӣ тавре ки маълум аст, имрӯз ягон соҳаи хоҷагии халқро бе компиютер тасаввур кардан мумкин нест, ҳатто дар боғчаҳо компиютеро истифода менамоянд. Шумоён ба курси технологияи информатсонӣ шинос ҳастед. Дар дарси имрӯз мо бо шумоён масълаҳое, ки консепсияи бунёди графики компиютериро дорад, дида мебароем. Дар ин ҷо маънои бунёдиро дар масълаҳои ҷабҳаҳои махсус гардонидашуда, ба монанди 3D-графика ва аниматсия, полиграфия, мультимедиа, видеомантаж, веб-дизайн ва ғайра татбиқ менамояд. Масълаҳои бунёдӣ инҳоянд. 1. Кор бо графика. Дар ин мавзӯъ асосан дар бораи таъминоти аппаратӣ сухан меравад. Яъне мо ин ҷо дизайнерро бо элементҳои асосӣ ва қисмҳои перифериягии компиютерхои муосир таввақуф менамоем. Пас аз ин мо асосҳои кор бо рангҳо, моделҳои рангӣ, системаи мувофиқати рангҳо ва речаҳо, системаи коркарди идоракунии расм (CMS-color Management system). Бо ба итмомрасонии ин мавзӯъҳо дар бораи графикаи растрӣ (як соҳаи графикаи компиютерии дученака), MS-Paint (программаи соддатарини азхудкунии графикаи компиютерӣ, Программаи Adobe photoshop- программаи касбӣ барои таҳрири расмҳо ва аксҳои компиютер, Coler Photo Paint, ки ба ҳайати пакети ҳамгирои Corel Draw дохил мешавад. 2. Графикаи векторӣ. Дар ни ҷо мо асосан бо Corel Draw шинос мешавем. Бо ин программа маҳсулоти чопи ихтиёриро этикеткаҳо, расмҳои илмӣ, диаграммаҳои техникӣ ва машқҳо то буклету брошураҳо тайёр кардан мумкин аст. 3. Графикаи фракталӣ. Барои генератсияи абрҳои сунъӣ, сатҳи баҳрҳо, яъне образҳои мураккаби ғайри Евклидӣ, образҳои ба образҳои табиӣ монанд. Барои графикаи фракталӣ Art Dabber ва Corel Painter қулай аст. Агар шумоён имконият дошта бошед инро таввасути копакт-диск ё флешкорт, ки онро худатон нусхабардорӣ карда метавонед омӯхтан мумкин аст. Акнун ба омӯзиши графикаи компиютерӣ шурӯъ менамоем. Графика, дизайн, верстка «Дизайнер»- ба маънои рассом меояд. Танҳо фарқи онҳо дар ин аст, ки рассом бе компютер кор мекунад вале дизайнер не. То имрӯз ба графикаи компютерӣ асосан одамони маълумоти техникӣ дошта сару кор доштанд, зеро то ҳол онҳо ба технологияи компютерӣ диққати зарурӣ намедоданд. Аз ин рӯ дизайнерҳои имрӯза компютерчиҳои худомӯз мебошад. Барои омӯхтани графикаи компютерӣ, компютери хонагӣ кифоя мебошад. Аз ин рӯ ихтисосҳои трансформатсияшудаи дизайн, архитектура, дизайн муҳити архитектурӣ, санъати тасвирӣ ва нақша пайдо гардиданд.   Масъалаҳои тавассути графикаи компютерӣ ҳалшаванда. Ҷаҳони имрӯзаро бе коркарди информатсияи графикии компютерӣ тасаввур кардан душвор аст. Имрӯз эълонҳои «малакаи бо компютер кор кардан зарур аст» маънои «қабули шахсе, ки бо графикаи компютерӣ кор карда метавонад»-ро дорад. Дар компютер кадом масъалаҳоро ҳал кардан мумкин аст. 1.Сохтани аксҳои рақамӣ: Слайд, расм, текстура, лаҳзаҳои сеченака, сурат ё чизи дигаре, ки дар шакли электронӣ тайёр карда мешавад. Ин аксҳои рақамиро ба воситаи сканер фотоаппарати рақамӣ сохта, онро баъд ба воситаи программаи таҳриргари Adobe Photoshop, Corel Photo Paint таҳрир менамоянд. Расми сохташударо сабт кардан мумкин аст. 2. Намудҳои графикаи компютерӣ. Шумо доир ба бозиҳои компютерӣ шинос ҳастед ва бисёр китобҳои бо компютер илюстратсияшуда нишон дода шудаанд. Математикҳо, программасозҳо ва дизайнерҳо чунин прогораммаҳоро дар компютерҳои пурқувват тайёр мекунанд. (Мисоли оддии графикаи филми терминатор аст, ки аксари шумо онро дидаед ва бозии Digger аст, ки баъзеатон кор кардаед) ба ҳамин тариқ графикаи компютерӣ ин расмкашии оддӣ бо ёрии компютер набуда, комплекси басе мураккаб аст ва шартан бо тамоюлҳои зерин чудо карда шудааст. – гарфикаи дученака -Полиграфия – веб дизайн – мультимедиа -3D графика – аниматсияи компютерӣ -видеомонтаж -САПР ва графикаи корӣ. Новобаста аз соҳаи ҳар як таҳриргари графикӣ чун қоида инҳоро бояд дошта бошад. -асбобҳои расмкашӣ дар ПК. -захираи аксҳои тайёр -компоненти шрифтҳо -компоненти эффектҳои махсус Ғайр аз ин вай бояд бо дигар программаҳои графикӣ ҳамҷоя (совместний) бошад.

Баъзе соҳаҳои графикаи компютериро дида мебароем. а) Графикаи дученака. Онро ба се ҷудо мекунанд. -графикаи растрӣ (bimap, ё raster). -графикаи векторӣ (vector, ё dpaw). -графикаи фракталӣ (fractal). Дутои аввал зиёдтар истифода мешавад. Графикаи фракталиро ҳисоб кардан мумкин аст ва он мавқеи мобайнии графикаи растрӣ ва векториро мегирад. Ягон рассом (художник) ва дизайнер бе надонистани графикаи дученака пурмаҳсул кор карда наметавонад ва он асоси графикаи компютериро ташкил медиҳад. б) Программаҳои растрӣ. Программаҳои Adobe Photo Shop, Corel Photo Point ё MS Pаint ба программаҳои растрӣ тааллуқ дошта, акс дар онҳо аз панҷараҳои квадратии хурд ё пикселҳо иборатанд. Азбаски ҳар як пиксел дар экран мавқеи худро дорад, пас акси бо ин усул тасвиршударо бит ба бит мегӯянд (bimap). Панҷари (матритсаи) пикселҳоро растр мегӯянд. Программаи бо акси бит ба битро программаи растрӣ мегӯянд. Акнун мо муайян менамоем, ки тасвирҳои рақамӣ чи тавр сохта мешаванд. Программаҳои зиёд оид ба коркарди тасвирҳо мавҷуданд, чунончӣ Adobe Photo Shop, барои истифодагар зарурати интихоби мӯқалами электронӣ, ва рангро имконият медиҳад. Баъзан натиҷаи охирин аз навишти аслии анъанавӣ фарқ карда намешавад, зеро имкониятҳои умумии компютер хеле паҳн гардиданд. Аксарияти тасврҳои рақамиро дар компютер ба воситаи сканер ё фотоаппарати рақамӣ ворид карда мешаванд. Бо ёрии сканер рақамгузории слайд, диапозитив, фотография, роҳи аз нав ташкилкунии тасвирро дар маълумотҳои рақамӣ мумкин аст. Программаҳои компютерӣ иваз кардани ранги муй ё чашм, ретушкунии тарҳи аслии рухсора, тағйирдиҳии ранг ё фони фотографияро моҳиранд, аз ҷумла ҳамин тариқ тавассути онҳо тамоми нуқсонҳоро нест кардан мумкин аст. Программаҳои растрӣ асосан барои таҳриркунии тасвир, таъмини имконпазири рангислоҳкунӣ, ретуш ва сохтани эффектҳои махсус дар базаи тасвири рақамӣ, пешбинӣ шудаанд. в) Программаҳои векторӣ. Сохтани тасвир ба программаҳои векторӣ ба формулаҳои математикӣ асоснок кунонида шудаанд, вале на ба координатаҳои пикселҳо. Ташкилкунандаи асоси чунин тасвири хатҳои рост ва каҷро векторҳо номида мешавад. Азбаски барои дар экран муқарраркунии объектҳо формулаҳои математикӣ истифода бурда мешавад, онгоҳ барои элементҳои алоҳидаи тасвир программаҳои векторӣ сохта шудаанд, масалан Adobe Illustrator, CorelDRAW ва Macromedia FreeHand. Азбаски дар ин ҳолат тасвир сохта мешавад, вақте ки истифодаи хатҳои саҳҳеҳи программаҳои веторӣ, математикӣ дар ҳолати муқаррарӣ заруранд. Ба ҳамин тариқ мо муайян намудем, ки графикаи компютериро ба ҷабҳаҳои мухталиф татбиқ намудан имкон дорад ва бархе аз онҳоро меорем: 1. Моделсозӣ ва мултипликатсия. Тавассути компютер тайёр намудани филмҳои тасвирӣ, ки рафтори объектҳои ба модел мувофиқоянда (моделсозишаванда)-и мухталифро намоишдиҳанда (ба амсоли шоридани сели моеъ ва газ, реаксияҳои ҳаётан ва химиявӣ, деформатсияи конструксияҳо ҳангоми таъсир, кори муҳаррикҳо, аз ҷумла ҳангоми садамаҳо). 2. Тренажерҳо. Программаҳое, ки ҳаракати аппаратҳои (сомолётҳо, автомобилҳо, инчунин муҳите, ки дар он аппарат ҳаракат мекунад, аз ҷумла абрҳо, туман, чароғакҳои шаб ва ғайра) кайҳониро ба модел мегиранд. 3. Системаҳои таҳягари автоматикунонии муҳандисӣ (нақша ва амсоли он). 4. Ташхиси тиббӣ ва телемедитсина. (Томографияи компютерӣ ва ба он монанд). 5. Умури равандӣ технологӣ. Программаҳое, ки дар шакли графикӣ, кори сехҳо, корхонаҳо ва объектҳоро инъикос менамояд. 6. Чопи рӯзномаҳо, маҷалаҳо, китобҳо. 7. Санъат ва реклама. 8. Коркарди интерфейси графикӣ. Баровардани акс ба экрани компютери фардӣ (дар аввал матн, формулаҳо ва баъдтар расмҳои оддитарин) кадоме буд барои барқароршавии графикаи компютерӣ. Имрӯз ду раванди асосии рушди он дар назар аст. -ба акс додани ҳақиқати зарурӣ (яъне ба он наздик намудани акси асосӣ) -ба акс додани динамикаи зарурӣ. Барои сохтани чунин аксҳо таъминоти программагии мувофиқ зарур аст. Зеро барои ба экрани дисплей (экран) баровардани корҳои гуногун бо он аз истифодагар саводнокии геометрии муайянро талаб мекунад. Мафҳумҳои геометрӣ, формулаҳо ва амсоли инҳо, ки пеш аз ҳама ба ҳамворӣ ва фазо (ҳолати сеченака) дар масъалаҳои графикаи компютерӣ роли асосӣ мебозанд. Ба ҳамаи ин боз истифодаи техникаи ҳисоббарор илова мешавад, ки он асоси рушди графикаи компютериро ташкил медиҳад. Бо ҳамин мо муайян намудем, ки барои рушди графикаи компютерӣ таъминоти математикии мувофиқ зарур мебошад ва он методҳо ва алгоритмҳои моделсозии тасвирҳои геометрӣ ва ҳалли масъалаҳои геометрӣ дар компютер мебошад.