Имрӯз дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида 29-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ -назариявӣ дар мавзуи “Конститутсия – бахтномаи миллат” бо иштироки устодон ва донишҷўёни факултет баргузор гардид. Дар семинари мазкур муовини декан оид ба таълим Авази Мирзо, муовини декан оид ба тарбия Одинаев Қодир, Шарофиддинов Суҳроб Саломович-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедари таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ иштирок ва бо маърузаҳо баромад намуданд.
Семинари илмӣ – назариявиро муовини декан оид ба таълим Авази Мирзо ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба ҷашни Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният намуд. Зикр намуд, ки воқеан Конститутсия санади олии қонунгузори дар кишвар маҳсуб меёбад. Конститутсияи нави кишвар 6- ноябари соли 1994 ба тариқи раъйпурсии умумихалқ қабул гардид. Сипас Абдуаҳадзода Собирҷон – муаллими калони кафедраи ҳуқуқи Конститутсионии факултети ҳуқуқшиносии ДМТ дар мавзуи “Конститутсия – сарчашмаи асосии низоми ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” маъруза намуданд.
Дар идомаи ҳамоиши илмӣ Шарофиддинов Суҳроб Саломович-номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедари таърихнигорӣ ва архившиносии факултети таърихи ДМТ дар мавзуи “Конститутсия- санади тақдирсози миллати тоҷик” маъруза намуд.