КАЙҲОН ВА РУШДИ УСТУВОР

219
Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - image-7.png

Дар партави “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дар соҳаи илму маориф, барои солҳои 2020-2040”, инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, факултети физика ва кафедраи астрономия ба ҳафтаи байналмилалии Кайҳон (аз 4-10 октябр) 10 октябри со соли 2022 дар кафедраи астрономияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари илмӣ-амалӣ таҳти унвонӣ “Кайҳон ва рушди устувор” баргузор гардид. Дар семинар декани факултети физика Қодирзода З.А. муовини декан оид ба корҳои илмӣ ва робитаҳои байналмилалӣ Шарипов Ҷ., муовини декан оид ба таълим Лутфилоев Н.А., мудири кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Қодиров Р., мудири кафедраи астрономия Сафаров А.Ғ. дар якҷоягӣ бо устодону кормандон ва магистрону донишҷӯёни ихтисоси астрономия ширкат доштанд.

Семинарро декани факултет Қодирзода З.А. кушода устодону кормандон ва донишҷӯёнро ба “Хафтаи байналмилалии Кайҳон”, ки ҳамасола аз 4 то 10 октябр ҷашн гирифта мешавад, ҳозиринро табрик гуфтанд. Зимни суханронии худ қайд намуданд, ки кафедра астрономия дар ҳудуди Тоҷикистон ягона кафедраи тахассусӣ буда, мутахассисонро дар самти астрономия омода менамояд. Саҳми кафедраи астрономия дар гузаронидани маҳфилу семинарҳо, конференсияҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва олимпиадаҳо назаррас аст. Кафедра имконияти хуби тайёр намудани мутахассисони соҳаро дорад. Имрӯзҳо раванди таълим дар кафедра ҷоннок карда шуда, корҳои амалию лабораторӣ таҳким дода шуда истодааст. Ҳангоми суханрониии худ Шарипов Ҷ. – муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити хуби астрономӣ дошта, беш аз 300 шабҳои мушоҳидавӣ дорад. Мудири кафедраи астрономия Сафаров А.Ғ. ҳангоми ироаи маърӯзаи худ дар мавзӯи “Дастовардҳои олимони тоҷик дар рушди астрономияи муосир” муфассал маълумот доданд. Дар давоми рӯз инчунин маърӯзаҳои устоди кафедра Бобоев Ш.С. дар мавзӯи “Ҳафтаи байналмилалии Кайҳон”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси астрономия Давлатова Зебунисо дар мавзӯи “Экологияи кайҳонӣ”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси астрономия Шарипова Омина дар мавзӯи “Омӯзиши аспектҳои биологии сайёраи Миррих бо миррихгарди Персиверенс”, донишҷӯи курси 1-уми ихтисоси Шукронаи Сафиалло дар мавзӯи “Плутон аз нигоҳи сафинаи кайҳонии Уфуқҳои Нав”, донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси астрономия Амиралиев Сулаймон дар мавзӯи “Натиҷаи эксперименти кайҳонӣ: бархӯрди асттероиди Диморфиус бо сафинаи кайҳонии ДАРТ шунида шуд. Дар охири семинар байни донишҷуён викторинаи астрономӣ гузаронида шуд. Қайд кардан ба маврид аст, ки “Ҳафтаи байналмилалии Кайҳон” ҷашни умумиҷаҳонӣ буда, ҳамасола аз 4 то 10 октябр дар саросари ҷаҳон байни муассисаҳои илмию таълимӣ гузаронида мешавад. Таҷлили “Ҳафтаи байналмилалаии Кайҳон” дастовардҳои илму техникаи муосирро дар байни мардум тарғибу ташфиқ намуда астрономияро оммавӣ намуданианд. Соли 1999 СММ доир ба эълон намудани “Ҳафтаи байналмилалии Кайҳон” изҳороти зеринро пешниҳод намуд: 1. Санаи 4 октябри соли 1957 – аввалин радифи сунъии Замин «Спутник 1», ба фазои каҳонии атрофи Замин бароварда шуд ва ин ба оғози тадқиқотҳои кайҳонии ҷирмҳо замина гузошт; 2. Санаи 10 октябри соли 1967 Шартнома дар бораи принсипҳои фаъолияти давлатҳо бо мақсади бехатар истифода бурдани фазои кайҳони наздизаминӣ, аз он ҷумла Моҳ ва дигар ҷирмҳои осмонӣ мебошад. Таҷлили чунин ҷашни бошукӯҳ дар саросари ҷаҳон ва мақсади асосии он аз: имкониятҳои беназир ва дастовардҳои он барои рушд ва баланд бардоштани маърифати илмӣ-астрономи доштани мардум; ба ҷавонон фаҳмонидани манфиатҳои тадқиқотҳои кайҳонӣ ва истифодаи натиҷаҳои онҳо барои рушди илми муосир; ҷалби ҷавонон ба илм, техника, корҳои муҳандисӣ, барномасозӣ ва амсоли инҳо; ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилали дар соҳаи кайҳон ва маориф. Семинар нимаи дуюми рӯз ҷамъбаст гардида ба иштирокчиёни фаъоли семинари илмӣ-амалии “Дурнамои таҳқиқотҳои кайҳонӣ” Сипосномаҳо супорида шуданд.

Абдулҷалол Сафаров, мудири кафедраи астрономия