Кафедраи усули таълими физика

ТАЪРИХИ КАФЕДРА

Кафедраи методикаи таълими физикасоли 1966 таъсис ёфтааст. Аввалин мудири кафедра дотсент Т.Қодиров (1966-1976) буд. Аз соли 1976 то соли 1987 мудири кафедраро дотсент М.Ҷамолов ба ӯҳда дошт. Солҳои 1987-1992 мудири кафедраро дотсент А.Муҳамадиева ба ӯҳда дошт. Солҳои 1992-2009 – дотсент Ҳамзаев Б., аз соли 2009 то 2011. – профессор Дӯстов Ҷ.. Аз соли 2012 сар карда, мудири кафедраро дотсент Нарзуллоев Н.

Фаъолияти таълимӣ

Кафедраи методикаи таълими физика воҳиди мустақили сохтории факултет мебошад. Кафедра ғайр аз методикаи таълими физика ташкили раванди таълимро аз рӯи фанни физикаи тиббӣ ва биологӣ таъмин намуда истодааст. Коллективи муаллимони кафедра дар бобати такмил додани мазмун ва мундариҷаи маълумоти олӣ кор карда истодаанд.

Фаъолияти илмӣтадқиқотӣ

Тадкикоти илмии кормандони кафедра дар айни замон бо проблемаҳои баланд бардоштани сатҳи салоҳияти касбии хатмкунандагони факултети физика дар системаи бисёрзинагии омода намудани мутахассисони дорои маълумоти олии педагогӣ алоқаманд аст. Дар кафедра корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар бисёр самтҳо амалӣ шуда истодааст ва он тавсифи  бунёдӣ ва ҳам амалиро дорад.  Тадқиқотҳои илмӣ мувофиқи шавқу ҳаваси илмии омӯзгорон, барномаҳои русию байналмилалӣ, инчунин талаботи иҷтимоию экологии минтака гузаронида мешавад. Кафедра дар давоми солҳои мавҷудияти худ оид ба координация ва робитаҳои байналмиллалӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.

Ҳамкории байналмилалӣ

Олимони кафедра бо олимоникафедраҳои донишгоҳҳои омӯзгории Санкт-Петербург, Москва (Россия), Донишгоҳи давлатии Самарқанд  (Ӯзбекистон), Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва  Институти ҷумҳуриявии такмили ихтисоси омӯзгорон  ҳамкорӣ доранд. Кафедра дар давоми фаъолияти худ дар омода намудани мутахассисони баландихтисос ва босалоҳияти дорои маълумоти олӣ барои эҳтиёҷоти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар минтақаҳо саҳми арзанда гузоштааст.

Самтҳои асосии корҳои тадқиқотӣ:

  1. Ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият дар таълими физика
  2. Истифодаи усули таълими проблемавӣ ва афзалиятҳои он
  3. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим дар омӯзиши  физика.
  4. Истифодаи усули омӯзиши проблемавӣ дар таълими физика.

АЪЗОЁНИ КАФЕДРА

Мудири кафедра

E-mail: Istamov1972@list.ru

Тел: +992 931828388

к. Рўдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Истамов Фарход Ходжамкулович

Мудири кафедраи «Методикаи таълими физика», н.и.ф.м., дотсент

Истамов Фарход Ходжамкулович 1- уми апрели соли 1972 дар шаҳри Панҷакенти Вилояти Ленинободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1979-1989 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23 таҳсил намудааст. Соли 1989 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин дохил шуда, онро соли 1994 бо ихтисоси физик – омӯзгор хатм намудааст. Солҳои 1994- 1997 таҳсили худро дар аспирантураи Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон идома додааст. Аз соли 1999 то соли 2010 дар вазифаи муаллими калон ва аз соли 2010 то соли 2016 дар вазифаи мудири кафедраи физикаи умумии факултети физикаи ДМТ фаъолият намудааст. Солҳои 2016 – 2018 дар вазифаи дотсенти кафедраи физикаи умумӣ ва аз соли 2018 то имрӯз дар вазифаи мудири кафедраи “ Методикаи таълими физика” кор карда истодааст. Соли 2009 дар мавзӯи “Вайроншавии фото ва фотомеханикии  полимерҳо вобаста ба мавқеи ҷойгиршавии хромофорҳо дар занҷир” рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст. Муаллифи беш аз 80 мақола ва фишурдаҳои  илмӣ, як китоби дарсӣ ва беш аз 10 васоити таълимию дарстурҳои методӣ мебошад.

Тел:+992918885932

к. Рўдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Алобиддинов Абдувоњид

Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.

Алобиддинов Абдувоњид27- уми марти соли 1979 дар ноҳияи Тоҷикободи ноҳияҳои тобеъи марказ таваллуд шудааст. Солҳои 1985 – 1996 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 таҳсил кардааст. Соли 1997 ба факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, онро соли 2003 бо ихтисоси физик- омӯзгор хатм намудааст. Солҳои 2006- 2008 дар аспирантураи ДМТ таҳсил кардааст. Солҳои 2003- 2005 дар вазифаи лаборанти калон ва ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физика фаъолият кардааст. Солҳои 2009- 2013 дар вазифаи раиси бахши хобгоҳҳои ДМТ кор кардааст. Солҳои 2013- 2018 дар вазифаи ассистент, солҳои 2018- 2020 дар вазифаи муаллими калон ва аз соли 2020 то имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи “Методиками таълими физика” фаъолият дорад. Соли 2015 дар мавзӯи “Исследование структуры механических и электрофизических свойств природных волокон модифицированных наноразмерными частыцами” бо ихтисоси 020006 “Пайвастагиҳои калонмолекулӣ” рисолаи номзадии худро ҳимоя кардааст. Муаллифи зиёда аз 38 мақола ва фишурдаҳои илмӣ мебошад.

Тел: +992 919226079

к. Рўдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Қурбонхолов Турабек Тошевич

Ассистенти кафедра

Қурбонхолов Турабек Тошевич 13- уми апрели соли 1977 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Соли 1994 ба факултети физикаи ДМТ дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси физик – омӯзгор хатм намудааст. Солҳои 1999- 2000 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 2000- 2003 ҳамчун мудири лабораторияи таълимии факеултети физикаи ДМТ фаъолият намудааст. Солҳои 2003- 2005 дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Аз соли 2006 то имрӯз дар вазифаи ассистенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор ва фаъолият менамояд. 

Тел: +992 909909089

к. Рӯдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Султонов Сафарбек

Ассистенти кафедра

Султонов Сафарбек2- юми январи соли 1975 дар ноҳияи Ваҳдат таваллуд шудааст. Солҳои 1983- 1994 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 76 таҳсиол намудааст. Соли 1994 ба факултети физикаи ДМТ дохил шуда, онро соли 1999 бо ихтисоси физик – омӯзгор хатм намудааст. Солҳои 1999- 2002 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 76 – и ноҳияи ваҳдат ба сифати омӯзгори фанни физика фаъолият намудааст. Солҳои 2002- 2004 дар вазифаи лаборанти калон, солҳои 2004- 2006 мудири лабораторияи таълимӣ  ва аз соли 2006 то имрӯз ассистенти кафедраи “Методикаи таълими физика” мебошад.

Тел: +992 907111620

к. Рӯдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Қудусова Саёора Абдусаторовна

Муаллими калон

Қудусова Саёора Абдусаторовна 15- уми апрели соли 1966 дар шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1984- 1989 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1989- 1992 дар вазифаи муҳандиси калони кафедраи физикаи умумӣ ва солҳои 1992 2002 дар вазифаи лаборанти калони кафедраи методикаи таълими физика фаъолият намудааст. Солҳои 2002- 2007 дар аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 2004- 2007 дар вазифаи ассистент, солҳои 2007-2009 дар вазифаи мудири лаборатори ва аз соли 2009 то имрӯз дар вазифаи муаллими калони кафедраи методикаи таълими физика кор ва фаъолият намуда истодааст.

к. Рӯдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Акимбеков Худоёрбек

Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент.

Акимбеков Худоёрбек 3- юми сентябри соли 1938 дар ноҳияи Роштқалъаи Вилояти автономии Бадахшони кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1960- 1965 дар донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин таҳсил намудааст. Солҳои 1965 – 1966 дар вазифаи ходими хурди илмӣ, солҳои 1966- 1970 ходими калони илмии факултети физикаи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин кор ва фаъолият намудааст. Солҳои 1970- 1973 дар аспирантураи донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намудааст. Солҳои 1973- 1980 дар вазифаи ходими калони илмӣ, солҳои 1980- 2010 дар вазифаи декани шӯъбаи тайёрии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва аз соли 2010 то имрӯз дар вазифаи дотсенти кафедраи “Методикаи таълими физика” – и факултети физикаи ДМТ кор ва фаъолият намуда истодааст.

Авази Мирзо

к. Рӯдакӣ 17, факултети физика, ДМТ

Ассистенти кафедраи усули таълими физика

Авази Мирзо 03 – юми январи соли 1990 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2008 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №77 – и шаҳри Душанберо хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ дар ихтисоси физикаи умумӣ дохил шудааст. Соли 2013 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи тахассусӣ “ физика. омӯзгори физика” хатм намудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

*Солҳои 2010-2014 Омӯзгори фанни физика дар литсейи ДМТ

*Солҳои 2014-2015 Омӯзгори фанни физика ва роҳбарои Созмони талабагии литсейи ДМТ

*Солҳои 2015-2017 Мудири шуъбаи ғоибона дар коллеҷи информатика ва техникаи компютерии ш. Душанбе *Солҳои 2017-2018 Роҳбари созмони талабагӣ ва омӯзгори фанни физикаи литсейи ДМТ

*Солҳои 2018-2019 Ассистенти кафедраи усули таълими физикаи ДМТ

*Солҳои 2019 то ҳол Муовини декан оид ба таълим ва муаллими калони кафедраи усули таълими физик.

Фаъолияти Авази Мирзо дар самти илм пурсамар буда, дар мавзӯи «Экспериментальные исследования структуры и физических свойств углеродных нанокомпозитных полимерных материалов» тадқиқотҳои худро бурда, зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ дар журналҳои дохилу хориҷ ба чоп баромадааст.