Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо

Таърихи таъсиси кафедра

Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо соли 2003 дар заминаи кафедраи физикаи назариявии факултети физика ташкил шудааст. Бо як қатор сабабҳои объективӣ зарурати мустақил таъсис додани кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ба миён омад. Тавре ки маълум аст, дар айни замон бо назардошти рушди босуръати системаҳои иттилоотӣ ва техникаи ҳисоббарорӣ зарурати ташкили парки мошинҳои ҳисоббарорӣ дар Ҷумҳурӣ ва тайёр кардани мутахассисон оид ба хизматрасонии технологияҳои иттилоотӣ ба миён омадааст. Кори кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо дар таъмини раванди таълим аз рӯи фанҳо ва мавзӯъҳои махсус ба факултети физика нигаронида шудааст. Дар тӯли фаъолияти кафедра онро д.и.ф.-м., профессор Ҷӯраев Х.Ш. (2003-2021), ва н.и.ф.-м., дотсент Норматов З.С. (2021 – айни ҳол) роҳбарӣ менамоянд. Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо яке аз кафедраи асосии факултети физика буда, айни ҳол вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: гузаронидани дарсҳои таълимӣ аз рӯи самти ба кафедра вобастабуда – лексияҳо, семинарҳо, дарсҳои амалӣ ва корҳои лабораторӣ, ки мувофиқи сарбории таълимӣ ва тибқи нақшаи тасдиқшудааст, ба донишҷӯён аз рӯи фанҳои таълимӣ хонда ва маслиҳатҳо дода мешавад. Дар натиҷа донишҷӯёнро дар шакли тестӣ ва имтиҳонҳои шифоҳӣ аз рӯи натиҷаи аз худ намудаи маводи таълимӣ ва кори мустакилона санҷишу имтиҳон гирифта шуда, ҳамзамон раванди таҳсили донишҷӯён мунтазам назорат карда мешаванд. Инчунин, иҷроиши корҳои мустақилона, кори курсӣ, корҳои таълимию методӣ, ки ба баланд гардидани сатҳи дониши таълимии донишҷӯён таъсир мусбӣ мерасонад, диққат махсус дода мешаванд. Ҳамзамон корҳои тарбиявии байни донишҷӯён низ ба роҳ монда шудааст.

Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Самтҳои асосии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ:

• Моделсозии математикӣ, физикӣ ва компютерии равандҳои физикӣ ва таҳқиқоти онҳо.

• Таҳқиқи модели якчанд масъалаҳо дар муҳити конденсӣ.

• Усулҳои моделсозии математикӣ ва ҳалли масъалаҳои канорӣ барои гармигузаронии ғайрихаттии ғайристатсионарӣ.

• Усулҳои моделсозии физикӣ ва компютерӣ ва ҳалли масъалаҳои канорӣ барои гармигузаронии ғайрихаттии статсионарӣ.

• Усули гиперболизатсияи сунъӣ барои масъалаи баръакси гармигузаронӣ.

• Усулҳои моделсозии математикӣ ва компютерӣ ва ҳалли масъалаҳои канорӣ барои гармигузаронии ғайрихаттии статсионарӣ.

• Усулҳои моделсозии физикӣ ва компютерӣ ва ҳалли масъалаҳои канорӣ барои гармигузаронии ғайрихаттии ғайрисчтатсионарӣ.

Фаъолиятҳои таълимӣ:

Кафедра хатмкунанда буда, аз рӯи ихтисоси «Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо» мутахассис тайёр мекунад. Ихтисоси баъдидипломӣ: – бакалавр – муҳандис, муҳандиси техники системавӣ. Азхудкунии донишҷӯёни кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо бо роҳи ба кафедра дарс додани фанҳои асосии зерин амалӣ карда мешавад:

Бакалавр (шӯъбаи рӯзона)

Фанҳои умумии касбӣ:

1. Таҳлили риёзӣ

2. Алгебра ва геометрия

3. Математикаи дискретӣ

4. Физика

5. Механикаи назариявӣ ва амалӣ

6. Электротехника ва электроника

7. Муодилаҳои дифференсиалӣ

8. Назарияи эҳтимолият

9. Математикаи ҳисоббарор

10. Назарияи автоматҳо

11. Назарияи иқтисодӣ

Фанҳои тахассусӣ:

1. Технологияи информатсионӣ

2. Барномасозӣ бо забони савияи баланд

3. Системаи таъминоти барномавӣ

4. Системаҳои оператсионӣ (омилӣ)

5. Ташкили мошинҳои электронии ҳисоббарор ва системаҳо

6. Хазинаи маълумотҳо

7. Шабакаҳои мошинҳои электронии ҳисоббарор ва телекоммуникатсия

8. Усулҳои ҳимояи ахбори компютерӣ

9. Асосҳои назарияи идоракунӣ

10. Интерфейсҳои васоити перефейрӣ

11. Моделсозӣ

12. Схемотехника

13. Графикаи муҳандисӣ ва мошинӣ (компютерӣ)

Марказҳо, офисҳо, лабораторияҳо:

Кафедра дорои 3 утоқи таълимию лабораторӣ, инчунин аудитория бо технологияи инноватсионӣ ҷиҳозонидашудаи таълимӣ фаъолият мекунад. Инчунин, видеолексияҳо, слайдҳо, дарсҳои видеоӣ, тестҳо ва захираҳои электронӣ, ки барои таъмини донишҷӯён ва омӯзгорон бо версияҳои муосир ҷой доранд, барои такмили ихтисос заруранд ва самаранокии раванди таълимро таъмин менамоянд.

Ҳамкории байналмилалӣ:

Кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо бо назардошти ҳамкориҳои васеъи корӣ бо донишгоҳҳои марбутта: «Лабораторияи технологияҳои иттилоотии Институти муштараки тадқиқоти ҳастаӣ дар Дубнаи Федератсияи Русия», «Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург» ва «Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ» ва «Челябинск»-и Федерацияи Россия робитаҳои ҳамкорӣ дорад ва ғайра.

Ҳайати кафедра

Мудири кафедра

E-mail: zaffar.791979@mail.ru

Тел.: (+922) 901088185

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Норматов Зафар Сафармуродович Мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент. 19 июни соли 1979 дар ноҳияи Шаҳринави Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1996 мактаби миёнаи №13-и ба номи Ҳусейн Насридиннови ноҳияи Шаҳринавро хатм кардааст. Соли 1996 ба факултаи механика ва математикаи ДДМТ дохил шуда, онро бо гирифтани ихтисоси (математикаи амалӣ) хатм кардааст. Аз соли 2000-ум дар ДДМТ ба ҳайси мудири кабинети лингафонӣ дар факултети шарқшиносӣ ба кор шурӯъ намудааст. Солҳои 2008-2009 дар вазифаи ёрдамчии муовини ректор оид таълимии ДМТ кор кардааст. Аз соли 2008 то 2018 ба ҳайси ассистенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ кору фаъолият намудааст. Соли 2017 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Таҳқиқи равандҳои гармӣ ва массагузаронӣ дар муҳити конденсӣ бо усули гиперболикунонии сунъӣ» дифоъ намуда, соҳиби унвони номзади илмҳои физикаю математика гардидааст. Аз соли 2018 то 2021 ба ҳайси муаллими калони кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ кор кардааст. Аз соли 2021 то имрӯз дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо мебошад. Аз соли 2019 то 2021 дар вазифаи муовини декан оид ба таълимии факултети физикаи ДМТ кору фаъолият намудааст. Аз моҳи ноябри соли 2021 то имрӯз мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ мебошад. Ҳар сол дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 30 мақолаи илмӣ ва 2 дастури таълимӣ ба табъ расонидааст.

E-mail:hayrullo_58@mail.ru

Тел.: (+922) 917307060

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Ҷӯраев Хайрулло Шарофович Доктори илмҳои физикаю математика, профессор 1 январи соли 1958 дар шаҳри Истаравшан (Ура-теппа) РСС Точикистон таваллуд шудааст. Соли 1975 ба факултаи механика-математикаи ДДТТ ба номи В.И.Ленин дохил шуда, факултаи махсуси ДДТТ (математик, муаллим) хатм кардааст. Соли 1980 дар ДОД ба номи Т.Г.Шевченко ба ҳайси муҳандис – барномасоз кору фаъолият намудааст. Солҳои 1980-1989 аспиранти факултет дар ДДТ ба номи В.И.Ленин буд. Аз соли 1990 то соли 1991 ассистенти кафедраи математикаи ҳисоббарори ДОД ба номи Т.Г.Шевченко. Аз соли 1991 то 1993 муаллими калони кафедраи математикаи ҳисоббарори ДОД ба номи Т.Г.Шевченко. Аз соли 1993 то 1995 дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарори ДОД ба номи К.Ч. Ҷӯраев. Аз соли 1993 то 1995 дотсенти Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии Омӯзишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва санъати тасвирии ш.Истаравшан. Аз соли 2001 то 2003 муаллими калони кафедраи математикаи ҳисоббарор ва механикаи ДДОТ. Аз соли 2003 то 2006 дотсенти кафедраи математикаи ҳисоббарор ва механикаи ДДОТ. Солҳои 2006-2021 мудири кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои физикаи факултети физикаи ДМТ. Аз ноябри соли 2021 профессор, мутахассиси пешбари кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо мебошад.

E-mail: naimnn@mail.ru

Тел.: (+922) 907703388

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Нарзуллоев Наим Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент 30 январи соли 1954 дар шаҳри Уротеппаи РСС Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1961 дар мактаб-интернати шаҳри Уротеппа ба синфи якум рафт. Солҳои 1968—1971 таҳсилро дар мактаби миёнаи №3-и шаҳри Уротеппа давом дод. Соли 1971 ба факултети физикаи ДДТ ба номи В.И. Ленин дохил шуда, пас аз интиқол шудан факултети махсуси МИФИ (Московский инженерно-физический институт)-ро хатм намуд. Соли 1978 дар ДДТ ба номи В.И.Ленин ба ҳайси инженерии факултети физика ба кор шурӯъ намудааст. Солҳои 1978-1983 дар аспирантураи Институти физикаю техникии Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон таҳсил кардааст. Аз соли 1983 то соли 1985 ассистенти кафедраи физикаи тиббии Институти тиббӣ ба номи А.Сино. Солҳои 1985-1987 корманди хурди илмии лабораторияи спектроскопияи Институти физикаю техникии Академияи илмҳо буд. Соли 1986 рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Хусусиятҳои вайроншавии молекулавии эластомерҳо ва таъсири ҳолати сохторӣ ба он» дифоъ намуда, номзади илмҳои физикаю математика гардидааст. Солҳои 1987-1992 муаллими калони Донишкадаи тиҷоратӣ Тоҷикистон буд. Аз соли 1992 то 2011 Ҷонишини директори ҶШС «Маркази технологӣ» буд. Солҳои 2011-2014 мудири кафедраи методикаи таълими физикаи факултети физикаи ДМТ. Солҳои 2014-2018 мудири кафедраи электроникаи тиббии ДМТ. Аз соли 2018 то имрӯз дотсенти кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ мебошад. Ҳар сол дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ зиёда аз 54 мақолаи илмӣ ва 4 дастури методӣ ба табъ расонидааст. Дорандаи Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон аст.

E-mail: izatullo.mahmudov@yandex.com

Тел.: (+922) 904555612

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Маҳмудов Иззатулло Шомуродович Номзади илмҳои физикаю математика, дотсент 27 декабри соли 1968 дар шаҳри Кулоби собиқ ноҳияи Кулоб, ҳоло вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 1974 ба мактаби миёнаи рақами 5-и шаҳри Кулоб дар синфи якум дохил шуд. То соли 1984 дар мактаби номбурда, таҳсил карда, пас аз хатми мактаби миёна дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кулоб ба ҳайси лаборант кор кардааст. Солҳои 1987-89 барои хидмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ даъват шудааст. Баъди адои хизмат дар соли 1990 ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кулоб дар факултети физикаю математика дохил шуд. Соли 1995 пас аз хатми донишгоҳи номбурда, дар вазифаи ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Кулоб кор кардааст. Соли 2000 ба унвони муҳандиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст. Соли 2002 ба аспирантураи Донишгоҳи миллии Тоҷҷикистон дохил шуд. Солҳои 2002-2005 аспиранти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физикаи ДМТ буд. Баъди хатми аспирантура мудири лабораторияи таълимии кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт шуда кор кардааст. Соли 2011 дар Шӯрои диссертатсионии факултети физикаи ДМТ оид ба «Омӯзиши сохтор ва хосиятҳои физикии полимерҳои синтетикӣ» рисолаи номзадиашро дифоъ кардааст. Аз соли 2013 ба ҳайси устоди кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ кор мекунад. Дорандаи Аълочии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо чандин ҷоизаҳои соҳаи илм ва технологияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.

E-mail: asomiddinovzainiddin@gmail.com

Тел.: (+922) 934228978

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Асомиддинов Зайниддин Шарофович Номзади илмҳои техникӣ, муаллими калон 05.02.1978 дар ноҳияи Варзоби Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1985-1995 дар мактаби миёнаи No56 ноҳияи Варзоб таҳсил кардааст. Соли 1996 ба факултети математикаи ДДТТ ба номи Қ.Ҷӯраев дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2002 ба кафедраи математикаи ҳисоббарор ба сифати ассистенти кафедра ба кор рафт. Солҳои 2002-2006 аспиранти (шуъбаи ғоибона)-и кафедраи номбурда буд. Аз соли 2002 ассистент ва аз соли 2005 муаллими калони кафедраи математикаи ҳисоббарор мебошад. Аз соли 2007 инҷониб муаллими калони кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физикаи ДМТ мебошад. Соли 2021 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таъсири баъзе равғанҳои растанӣ ва гексан ба хосиятҳои гармии керосинҳои авиатсионӣ» дифоъ намуда соҳиби унвон барои номзади илмҳои техникӣ гардид. Ҳар сол дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ 8 мақолаи илмӣ нашр кардааст.

E-mail: kdzoir@mail.ru

Тел.: (+922) 933041139

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Каримов Зоир Давлатбегович Номзади илмҳои физикаю математика, муаллими калон 19.07.1988 дар ноҳияи Файзободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1995-2006 дар мактаби миёнаи №5-и ноҳияи Файзобод таҳсил кардааст. Соли 2006 ба факултети физикаи ДДТТ дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ соли 2011 ба кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ба ҳайси лаборанти кафедра ба кор рафт. Солҳои 2012-2015 аспиранти кафедраи номбурда буд. Аз соли 2015 ассистент ва аз соли 2021 муаллими калони кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо мебошад. Соли 2018 рисолаи номзадиашро барои дарёфти унвони номзади илмҳои физикаю математика дар мавзӯи «Оптимизатсияи параметрҳои сохторҳои гетеронанолазерӣ бо назардошти вобастагии ҳарорат аз ҷараёни сӯрохиҳо» дифоъ кардааст. Ҳар сол дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар давоми фаъолияташ 1 монография аз 18 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст.

E-mail: shamsiddinnnn@mail.ru

Тел.: (+992) 917232918

Суроға: кучаи Рудаки 17, факултети физика, ДМТ

Восидов Шамсиддин Юсуфович Номзади илмҳои педагогӣ, муаллими калон 29.06.1985 дар ноҳияи Хуросони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Солҳои 1992-2003 дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии No18-и ноҳияи Хуросон таҳсил кардааст. Соли 2003 ба факултети физикаи ДДМТ дохил шуд. Пас аз хатми донишгоҳ дар соли 2008 ба кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ба ҳайси ассистенти кафедра ба кор рафт. Солҳои 2012-2016 аспиранти (шуъбаи ғоибона)-и кафедраи номбурда буд. Аз соли 2008 ассистент ва аз соли 2023 муаллими калони кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо мебошад. Соли 2021 рисолаи номзадиро барои дарёфти номзади илмҳои педагогӣ дар мавзӯи «Асосҳои методии моделсозии математикии масъалаҳои таълим ҳамчун воситаи такмили маҳорат ва маҳорати касбии донишҷӯёни ихтисосҳои риёзӣ дар донишгоҳ» дифоъ кардааст. Ҳар сол дар конференсияҳо ва семинарҳои методӣ иштирок намуда, дар тӯли фаъолияташ 11 мақолаи илмӣ ба табъ расонидааст.