ТАЪРИХИ КАФЕДРА
Иқтидори зиёди захираҳои обӣ ва гидроэнергетикӣ, зиёд шудани шохобҳои обӣ ва шумораи зиёди пиряхҳо зарурати омода кардани мутахассисони баландихтисос барои татбиқи тадбирҳои истифодаи оқилонаи онҳо ва дар соли 1995 бо пешниҳоди роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ Тоҷикистон ва бо дастгирии Вазири маорифи ҷумҳурӣ Б.Дохудоева, вазири иқтисод И.Давлатов ва президенти Академияи Илмҳо У.Мирсаидов ба нақшаҳои таълимии факултети физика ихтисоси метеорология ворид карда шуд.
Ихтисоси метеорология аввал фаъолияти худро дар кафедраи физикаи атомӣ ва молекулавӣ, ки ба он дотсент Саломов А роҳбари мекард ташкил гардид. Сипас, аз ҳисоби як қатор омӯзгорони факултет аз рӯи ин ихтисос кафедраи метеорология таъсис дода шуд, ки ба он декани факултет (1987-1998), узви вобастаи АИ ҶТ, профессор Ф.Х.Ҳакимов роҳбари намудааст.
Аввалин Устодони кафедра профессор Ф.Х. Ҳакимов, дотсент З. Низомов, М. Нуралиев, А. Қурбонов, омӯзгорон Б. У. Маҳмадалиев, М. Сафаров, Мая Ҳусейнова, Н.А. Мирзохонова, П.А.Бокова, А.Ш.Ҳамидов О.В.Мирзохонов, Ҷ.А.Байдуллоева ва ассистентон Р.Подшоев, С.О.Мирзохонова, З.Куканиева ба ҳисоб мераванд.
Соли 2009 ихтисоси мазкурро ба кафедраи астрономия (мудири кафедра, профессор Х.И. Ибодинов) гузаронида шуд.
Соли 2014 бо пешниҳоди факултети физика ва роҳбарияти ДМТ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кафедра бо номи кафедраи меторология ваклиматология аз нав барқарор карда шуд, ки мутахассисони ояндаро дар ин самт омода месозад. Ҳоло вазифаи мудири кафедра аз соли 2014 то имрӯз узви вобастаи Академияи илмҳои миллӣ Тоҷикистон, профессор И.Ш. Норматов ба ӯҳда дорад.
Айни замон ҳайати омӯзгорони кафедра аз як профессор (Узви вобастаи АМИТ Норматов И.Ш.), як дотсент (н.и.ф-м., Шарипов Ҷ.Г) ду муаллими калон (н.и.т., Мирзохонова С.О., н.и.г., Муминов А.О.), як ассистент (н.и.т., Қурбонов Н.Б.) ва як унвонҷӯ (Одинаев Қ.О.) иборат мебошад.
Донишҷӯёни кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва экспедитсионӣ васеъ ҷалб гардида, дар озмуну конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок менамоянд. Масалан, соли 2017 донишҷӯёни кафедра Нормаҳмедова З.О., ва Одинаев Қ.Н. дар озмуни ҷумҳуриявии тадқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Донишҷӯён ва пешрафти илмию техникӣ» ҷойҳои якум ва сеюм, соли 2018 дар озмуни “Донишҷӯён ва пешрафти илмию техникӣ” Машрабов А.А. ҷои сеюмро ишғол намуданд, соли 2017 Восидов Ф.Қ. бо ҳамроҳии дигар донишҷӯёни мактабҳои олии касбии мамлакатҳои Осиёи Миёна дар экспедисияи илмии донишҷӯён, ки дар пиряхҳои ҷанубии Ҷумҳурии Қирғизистон барпо гардид, иштирок намуд.
Соли 2018 Шарифова Т.А. дар озмуни беҳтарин асарҳои инноватсионии байни донишҷӯён бо кори илмӣ дар мавзӯи «Муносибати навоварона ба ҳалли масъалаҳои ифлосшавӣ бо усулҳои изотопию гидротехникӣ» иштирок намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд. Инчунин дар соли таҳсили 2018-2019 се нафар донишҷӯёни кафедра Раҷабов Ҳ., Машрабов А. ва Нормаҳмедова З. натиҷаҳои илмии худро дар озмуни байналмилалии корҳои илмии донишҷӯён «Таҳқиқоти донишҷӯён оид ба идоракунии устувори захираҳои табиӣ дар Осиёи Марказӣ» ва соҳиби ҷоизаҳо бо грантҳои 1500 доллари ИМА мушараф гардидан.
Дар кафедра маҳфили илмии донишҷӯён – «Метеорологӣ ҷавон» амал мекунад. Моҳи октябри соли 2019 аъзоёни маҳфил Мираков А., Алиев А. ва Мирзоалиев Ш. дар чорабиниҳо дар мавзӯи «Пряхҳои Тоҷикистон дар раванди тағирёбии иқлим» (11.10.2019, бо дастгирии Сафорати Олмон дар Душанбе) ва «Мо пиряхҳои худро ҳифз мекунем» (25 октябри соли 2019, бо дастгирии Сафорати Олмон дар Душанбе) иштирок намуданд. Дар давраи фаъолияти кафедра зиёда аз 250 нафар мутахассисонро тайёр карда шудаанд, ки аксарияти онҳо дар ташкилотҳои гуногуни махсуси ҷумҳурӣ кор мекунанд.
Самтҳои асосии илмии кафедра инҳоянд:
- – Мониторинги ҳолати пиряхҳо ва таъсири тағирёбии глобалии иқлим;
- – Гидрохимияи дарёҳо, кулҳо ва таъсири обҳои партови саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ ба таркиби химиявии обҳои дарёҳо;
- – Мониторинги ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба омилҳои обӣ ва таҳияи механизмҳои мутобиқшавӣ;
- – Омӯхтани қабати озони атмосфера;
- – Мониторинги шароити обу ҳаво дар ҳавзаҳои дарёҳои фаромарзии Осиёи Марказӣ;
- – Омӯзиши шароитҳои гидрологии дарёҳои асосии Тоҷикистон.
Фаъолиятҳои таълимӣ:
Мӯҳлати азхудкунии барномаи асосии таълимии тайёр кардани бакалавр аз рӯи ихтисоси 1-3102010209 – Гидрометеорология ва климатология дар шуъбаи рӯзона ва ғоибона – мӯҳлати таҳсил 4 сол.
Хатмкардае, ки дараҷаи бакалаври гидрометеорологияро гириф-тааст, бояд барои омӯзиши атмосфера, обҳои хушкӣ, уқёнусҳо ва баҳрҳо, пешгуии обу хаво, ходисахои гидрометеорологи, мухофизати мухити зист, тагйирёбии иклим омода бошад.
Хатмкардае, ки тахассуси «муҳандис-гидротеоролог»-ро гириф-тааст, бояд Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро донад; қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти роҳбарикунанда; асосҳои фанҳои умумии назариявӣ ба ҳаҷме, ки барои ҳалли вазифаҳои педагогӣ, илмӣ, методӣ, ташкилӣ ва идоракунӣ зарур аст.
Хатмкунанда аз рӯи ихтисоси 1-3102010209 – Гидрометеорология ва климатология барои кор ва фаъолияти касбӣ дар муассисаҳои намудҳои гуногун омода карда мешавад. Намудҳои фаъолияти касбии мутахассиси бакалавр инҳоянд:
- илмӣ-тадқиқоти;
- фаври ва истеҳсолӣ;
- тарҳрезӣ ва тадқиқот;
- идоракунӣ;
- рушди фарҳанг;
- педагогӣ.
Бакалавр (рӯзона ва ғоибона)
Фанҳои умумии касбӣ:
1. Технологияи иттилоотӣ
2. Географияи Тоҷикистон бо асоси демографӣ
3. Экология
4. Таҳлили математикӣ
5. Алгебра ва геометрия
6. Химияи умумӣ
7. Назарияи эҳтимолият
8. Физика
9. Метеорологияи умумӣ
10. Географияи физики
11. Усул ва воситаҳои ченкунии гидрометеорологӣ
12. Фанҳои интихобӣ
Фанҳои тахасусӣ:
1. Метеорологияи синоптикӣ
2. Иқлимшиносӣ
3. Метеорологияи динамикӣ
4. Усулҳои оморӣ дар гидрометеорологӣ
5. Физикаи атмосфера, укёнус ва обҳои хушкӣ
6. Геодезия ва технологияи ГИС
7. Таъсири физикӣ ба равандҳои атмосфера
8. Гидрологияи умумӣ
9. Омӯзиши тағирёбии иқлим
10. Гидрохимия
11. Метеорологияи авиатсионӣ
12. Агрометеорологӣ
13. Глясиология
14. Радиометеорология бо асосҳои аэрологӣ
15. Мониторинги муҳити зист
16. Океанология
17. Моделсозӣ дар гидрометеорология
18. Фанҳои интихобӣ
Марказҳо, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳо:
Дар кафедра утоқи таълимию методӣ, инчунин синфхонаҳо бо технологияи инноватсионии таълими маърифатӣ мавҷуд мебошад.
Докторантура ва аспирантура:
Дар кафедра аз рӯи ихтисосҳои 25.00.27 – Гидрологияи хушкӣ, захираҳои об, гидрохимия, 25.00.30 – метеорология, климатология, агрометеорология, ва инчунин 25.00.36 – Геоэкология корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба роҳ монда шудааст.
Аз давраи аз соли 2014 то имрўз њамаи љавонони кафедра барои дарёфти унвони номзади илм рисолањои худро дифоъ кардаанд.
Соли 2016 муаллими кафедра П.И. Норматов дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Русия, шаҳри Санкт-Петербург дар мавзӯи «Арзёбии геоэкологии обҳои рӯизаминӣ ва ифлосшавии барф дар ҳавзаи дарёи сарҳадгузари Зарафшон» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Соли 2017 муаллими калон Ҷ.Г. Шарифов дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Хусусиятҳои термодинамикии хӯлаҳои Zn5Al ва Zn55Al бо металлҳои нодири замин (Sc, Y, Ce, Pr, Nd, Eu) омехташуда» рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст. Соли 2019 муаллими кафедра С.О. Мирзохонова дар Институти масалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар мавзӯи «Таъсири тағйирёбии иқлим ба режими гидрологии ҳавзаи Панҷ» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард.
Соли 2020 муаллими кафедра Н.Б. Қурбонов дар Институти масалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ дар мавзӯи «Динамикаи таӯйирёбии шароити метеорологӣ ва таъсири онҳо ба захираҳои обии ҳавзаи Зарафшон» рисолаи номзади химоя кард ва А.О. Муминов дар мавзӯи «Арзёбии геоэкологии ифлосшавии обҳои рӯизаминӣ дар ҳавзаи дарёи Вахш ва таъсири обанборҳо ва шароити иқлимии минтақаҳои наздисоҳилӣ» аз рӯи ихтисоси 25.00.36 – Геоэкология дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Русия, шаҳри Санк-Петербург рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Ҳамкории байналмилалӣ:
Кафедраи метеорология ва климатология бо марказҳои бонуфузи илмии хориҷӣ, аз қабили Донишгоҳи Колорадо (Боулдер, ИМА), Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Русия (Санкт-Петербург), Институти масалаҳои оби Академияи илмҳои Русия (Маскав), Институти географияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон (Алмаота), Донишгоҳи Қазоқистон ва Олмон (Алмаато) ва Институти захираҳои об ва гидроэнергетикаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон (Бишкек) ҳамкорӣ мекунад.
Бо ташаббуси бевоситаи кафедраи метеорология ва климатология ва дар ҳамкорӣ бо Институти масалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ду конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Таъсири тағирёбии иқлим ба ҷузъҳои экосистема» баргузор гардид. (17-18 майи соли 2017) ва «Идоракунии хавфҳои марбут ба тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ» (26-27 сентябри 2018) гузаронида шуд.
АЪЗОЁНИ КАФЕДРА
мудири кафедра
E-mail: inomnor@mail.ru
Телефон: +992934450757
куч. Рудакӣ 17, факултети физика, ДМТ.
Норматов Ином Шерович
Тарҷумаи ҳол
Ином Норматов (Норматов Ином Шерович; 25.06.1958; ш. Истаравшан, Тоҷикистон) – олим, кимиёшинос, доктори илми кимиё (1993), профессор (2001), узви вобастаи АМИТ (2004).
Соли 1980 Норматов Ином Шерович факултети физикаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро бо ихтисоси физика хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи аспирантура ба Институти физикаи ҷисмҳои сахти АИ ИҶШС фиристода шуда, ин маркази бонуфузи илмиро соли 1984 ба итмом мерасонад. Ином Норматов натиҷаҳои дар заминаи тадқиқотҳои чандинсола бадастовардаашро дар мавзӯи «Тадқиқи нақши атомҳои гидроген дар ҳосил кардани гидридҳои тунук, пардаҳои сулфидӣ ва хокаҳои дисперсионии баланд» ҷамъбаст намуда, соли 1993 дар Институти кимиёи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз рӯйи ихтисоси 02.00.04 – химияи физикӣ рисолаи докториро дифоъ кард ва ба гирифтани унвони доктори илмҳои кимиё сарфароз гардид. Соли 2001 ба дарёфти унвони илмии профессорӣ мушарраф гардида, соли 2004 аз рӯи ихтисоси физика узви вобастаи АМИТ интихоб гардид. Дар вазифаҳои мудири озмоишгоҳи Институти химияи ба номи В.И. Никитини АМИТ (1989-2001), мудири Шуъбаи масъалаҳои оби АМИТ (2001-2002), директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ (2002-2009), сарходими илмии озмоишгоҳи тозакунии оби ҳамин институт (2009 – 2012), профессори кафедраи усулҳои таълими физикаи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2012-2014) ва мудири кафедраи метеорология ва климатологияи донишгоҳи мазкур (2014 – то имрӯз) фаъолият кардааст.
Фаъолияти илмӣ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: химияи физикӣ, коркарди усулҳои муосири тасфияи обҳои табиӣ ва ҷорӣ, идораи ҳамгироии захираҳои об ва роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об. Ба қалами профессор Норматов И.Ш. зиёда аз 600 мақолоти илмӣ ва 4 монография тааллуқ дорад ва муаллифи 15 шаҳодатномаи ихтироотӣ (патент) мебошад. Дар симпозиуму конфронсҳои мухталифи илмии байналхалқӣ, ки дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҳиндустон, Таиланд, Чин, Ҷопон, ИМА, Олмон ва Швейтсария баргузор гардидаанд, иштирок ва суханронӣ намудааст.
Мукофот
- Дорандаи Ҷоизаи Комсомоли ленинии Тоҷикистон (1990).
- Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015).
Дотсенти кафедра
E-mail: jurabeksh@mail.ru
Телефон: +992935220076
куч. Рудакӣ 17, факултети физика, ДМТ.
Шарипов Ҷурабек Гулович
Тарҷумаи ҳол
Шарипов Ҷурабек Гулович 24 феврали соли 1985 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи челонгар таваллуд шудааст.
Соли 2002 мактаби миёнаи № 2 ба номи «Қутби Киром»-и деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ ва ҳамон сол ба шуъбаи рӯзонаи факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2007 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро (ДМТ) бо ихтисоси 012600-муҳандиси обуҳавошинос хатм кардааст.
Фаъолияти илмӣ
Пас аз хатми донишгоҳ аз соли 2007 то соли 2011 ассистенти кафедраи метеорологияи факултети физикаи ДМТ, солҳои 2012-2013 корманди илмии Институти илмӣ-тадқиқотӣ (шуъбаи физикаи муҳитҳои конденсатӣ)-и ДМТ ва аз солҳои 2013-2014 дар вазифаи ассистенти кафедраи астрономияи факултети физикаи ДМТ.
Солҳои 2014-2017 ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи ДМТ буд. Ҳамзамон аз соли 2017 то 10 майи соли 2019 раиси Шӯрои сарпарастони факултети физика буд. Аз 10 майи соли 2019 дар вазифаи муовини декан оид ба илм ва инноватсияи ҳамин факултет фаъолият дорад, 31 октябри соли 2020 бо фармони ректори ДМТ ба вазифаи дотсенти кафедраи метеорология ва климатология интихоб гардид.
Шарипов Ҷурабек Гулович аз ҷониби роҳбарияти факултети физика соли 2022 бо Ифтихорномаи «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» сарфароз гардонида шуд.
Муаллифи зиёда аз 72 мақолаи илмӣ, аз ҷумла монография (Термодинамические свойства цинка-алюминиевых сплавов, легированных РЗМ), китоби дарсӣ (Метеорологияи умумӣ) ва дастури методї (Таъмини гидрометеорологӣ дар хоҷагӣ ва агрометеорология) мебошад.
Муаллими калони кафедра
E-mail: sitora.82@mail.ru
Телефон: +9929190333479
Пр. Рудикӣ 17, физический факультет, НТУ.
Мирзохонова Ситора Олтибоевна
Тарҷумаи ҳол
Мирзохонова Ситора Олтибоевна 4 марти соли 1982 дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Номзади илмҳо техникӣ, муаллими калони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физика.
Мирзохонова Ситора Олтибоевна пас аз хатми мактаби миёна соли 1999 ба факултаи физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз хатми ин донишгоҳ дар соли 2004 соҳиби дипломи муҳандиси метеоролог шудааст. Аз соли 2004 то соли 2020 ассистенти кафедраи метеорология ва климатология, аз соли 2020 ин ҷониб муаллими калони кафедра мебошад.
Фаъолияти илмӣ
Аз солҳои донишҷӯӣ ба фаъолияти меҳнатӣ машғул аст. Солҳои 2000-2007 дар шуъбаи иетеорологӣ ва иқлимшиносии Агентии обуҳавошиносии кишвар (ба ҳайси ҳамкор) ва аз соли 2004 ба ҳайси омӯзгор дар ин кафедра кор кардааст.
Аз соли 2019 дар Инситути масалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси ходими калони илмӣ (ба 0,5 воҳиди кор) кор мекунад.
Муаллими калони кафедра
E-mail: abulkosim86@mail.ru
Телефон: +992935250086
куч. Рудаки 17, факултети физика, ДМТ.
Муминов Абулқосим Оманқулович
Тарҷумаи ҳол
Абулқосим Муминов (тав. 29.09.1986; шаҳри Панҷакент, Ҷумҳурии Тоҷикистон) – олим, иқлимшинос, гидролог ва эколог, номзади илми география (2020).
Муминов Абулқосим Оманқулович 29 сентябри соли 1986 дар деҳаи Озодагони шаҳри Панҷакент таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёнаи №31 ба номи М.Авезов соли 2004 ба факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуд. Соли 2009 Муминов А.О. факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси метеоролог хатм кардааст. Пас аз хатми донишгоҳ барои идомаи аспирантура ба факултети мазкур дохил шуда, соли 2015 ин шуъбаи аспирантураи донишгоҳро хатм кардааст.
Муминов А.О., натиҷаҳои тадқиқоти чандинсолаи хешро дар мавзӯи «Арзёбии геоэкологии ифлосшавии обҳои рӯизаминии ҳавзаи дарёи Вахш ва таъсири обанборҳо ба шароити иқлими наздисоҳилӣ» пешниҳод намуда, соли 2020 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи давлатии гидрометеорологии Федератсияи Русия дар шаҳри Санкт-Петербург, аз рӯи ихтисоси 25.00 .36 – Геоэкология (Илм дар бораи Замин) ва унвони номзади илмҳои географияро ҳимоя кардааст.
Дар озмоишгоҳӣ ВМ-19-и Институти илмӣ-тадқиқотии ДМТ (2010-2012), ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи ДМТ (2016-2021), муаллими калони кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2021 то кунун ) кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: таҳияи усулҳои муосири гидрометеорологии тозакунии обҳои табиӣ ва равон, идоракунии комплексии захираҳои об ва роҳҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об. Муминов А., муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ мебошад. Борҳо бо муаррифии натиҷаҳои илмии худ дар симпозиуму конфронсҳои илмии байналмилалӣ дар Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Чин, Швейтсария иштирок кардааст.
Ассистенти кафедра
E-mail: nomvarjon_90@mail.ru
Телефон: +992934748866
куч. Рудакӣ 17, факултети физика, ДМТ.
Қурбонов Номвар Бойназарович
Тарҷумаи ҳол
Қурбонов Номвар Бойназарович 4 феврали соли 1990 дар деҳаи Вешаби ноҳияи Айнии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи челонгар таваллуд шудааст. Номзади илмҳои техникӣ, муовини директор оид ба корҳои илмӣ-таълимии Институти об, гидроэнергетика ва экологияи АМИТ ва ҳамзамон ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (0,5 воҳиди корӣ).
Қурбонов Номвар Бойназарович соли 2007 баъди хатми мактаби миёна ба шуъбаи рӯзонаи факултети физикаи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандиси метеоролог бо дипломи аъло хатм кардааст.
Аз солҳои донишҷӯӣ аз соли 2008 то соли 2010 ба кор машғул буд ба ҳайси мутахассиси шуъбаи алоқаи Агентии обуҳавошиносӣ, аз соли 2010 то соли 2012 муаллими физика ва ҷуғрофияи Мактаб-интернати президентии кӯдаконаи шаҳри Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Фаъолияти илмӣ
Солҳои 2013-2016 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физика фаъолият дорад. Ҳамзамон аз моҳи декабри соли 2018 то моҳи майи соли 2022 раиси Шӯрои олимони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.
Аз моҳи июни соли 2021 то ба имрӯз муовини директор оид ба корҳои илмӣ ва таълимии Институти захираҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Қурбонов Н.Б. натиҷаҳои илмии худро бо маърӯзаҳои ҳамаҷониба дар мактабҳо, конфронсу симпозиумҳои гуногуни байналмилалӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои Маскав (2014, 2017), Душанбе (2015, 2016, 2018, 2021), Бишкек (2013), Алмаато (2016, 2020) пешниҳод кардааст.
Муаллифи китобу монографияҳо: «Назарияи рушди илмҳои табиатшиносӣ» (Душанбе: Истедод, 2014.-192 с.), «Асосҳои нанотехнология» (Душанбе: Истедод, 2015.-112с.), «Таъсири тағийрёбии иқлим ва шароити ташаккули таркиби кимиёвии захираҳои оби ҳавзаи Зарафшон» (Нашриёти академии LAP LAMBERT, 2021 – 145 саҳ.), «Бехтар намудани бехатарии иншоотхои гидротехники». Кисми 2. «Ҳаммисли обанборҳои НБО-и Норак нест», «Дарёи Вахш нест (Химки: Академияи мудофиаи граждании Вазорати холатхои фавкулоддаи Россия», 2021.-192с.), «Инфраструктураи об ва умуми системаи идоракунии об”, (Душанбе: ИВП, ИЗОГЭ АМИТ, 2021-172с), “Метеорологияи умумӣ” (Душанбе: ДМТ, 2021.-356 с.) “Ва дурахши илмҳои навтарин” (Душанбе: Дониш. , 2022. – 267с.). Дар маҷмӯъ муаллифи 3 монография, 1 китоби дарсӣ, 2 дастури таълимӣ, 3 патент, 47 мақолаи илмӣ ва 122 мақолаи илмӣ ҷамиятӣ мебошад.
Мукофот
Барои саҳми арзанда дар таҳлилу баррасии мавзӯъҳои илмӣ ва инъикоси онҳо дар матбуоти даврӣ ва таблиғи дастовардҳои илму техника ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст ( 2015) ва бо нишони сарисинагии «Аълочии журналистикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст (2017).
Унвонҷу
E-mail: odinaevqodir@gmail.com
Телефон: +992903040457
куч. Рудакӣ 17, факултети, ДМТ.
Одинаев Қодирҷон Нодирович
Тарҷумаи ҳол
Одинаев Қодир Нодирович 25 декабри соли 1995 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Соли 2012 мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Восеъро хатм намуда, худи хамон сол ба факултети физикаи ДМТ бо ихтисоси метеорология ва климатология дохил шуд.
Фаъолияти илмӣ
Соли 2017 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси 31040102 – муҳандиси метеоролог хатм кардааст.
Аз моҳи сентябри соли 2017 то соли 2021 лаборанти калон ва аз соли 2021 унвонҷӯи кафедраи метеорология ва климатологияи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, муаллифи зиёда аз 12 мақолаи илмӣ мебошад.