ЁДЕ АЗ ОЛИМИ НОМДОР

58

Дар доираи нақшаи чорабиниҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чорабиниҳои гуногун гузаронида мешавад. Бистсолаи мазкур қадами ҷиддиест барои густариш ёфтани илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ. Алалхсус нақши физика дар пешрафти ҳамаи соҳаҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳони муосир хеле бузург арзёбӣ мегардад. Кашфиётҳои физикӣ ба он боис гардиданд, ки ҷамъияти муосир аз ҷамъияти асри гузашта ба куллӣ фарқ намояд.

Дар ин ҷода саҳми олимони соҳа назаррас буда, боиси омӯзишу пайравӣ мебошад. Яке аз олимони ин соҳаи муҳиим доктори илмҳои физикаю математика, профессор Алперович Лев Исаакович буданд, ки зиндагиномаи эшон баҳри муҳаққиқону донишомӯзон судманд мебошад.

Имрӯз дар факултети физика бо ташаббуси садорат ва кафедраи оптика ва спектроскопия бахшида ба 100-солагии ин олими номвар – доктори илмҳои физикаю математика, профессор Алперович Лев Исаакович семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет Қодирзода З. оғоз ёфт. Дар кори семинар устодону кормандони факултет, ҳамкасбону шогирдони устоди зиндаёд Алперович Л.И. доир ба ҳаёту фаъолият ва зиндагии устоди равоншод маърузаҳо намуданд.

Зимнан таъкид шуд, ки Алперович Л.И. зиёда аз 40 сол дар факултети физикаи ДМТ фаъоляит намуда, солҳои 1963-1975 мудири кафедра буданд. Шодравон Алперович Л.И. дар давраи фаъолият дар самти омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва таълифи осори мондагор корҳои назараррасеро ба сомон расонидааст, ки баҳри омӯзиши муҳаққиқони ҷавон судманд мебошанд.