ЭНЕРГИЯИ САБЗ ВА РУШДИ ИҚТИСОД

351

Дар ҷаҳони муосир ҳаётро бе қувваи барқ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Барои ҳосил намудани қувваи барқ воситаҳои гуногунро истифода мебаранд, аз ҷумла манбаҳои атомиву обӣ, бодиву офтобӣ, инчунин манбаҳои ангиштсангу газ, ки қисмате аз онҳо ба ҳаёти инсон ва сайёра хатари калон доранд. Яке аз манбаҳое, ки ба сайёра, ҳаёти инсон ва иқлим таъсири манфӣ надорад ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад, ин “Энергияи сабз” – манбаи гидроэнергетикӣ ба шумор меравад. Дар мамлакати мо захираҳои гидроэнергетикӣ зиёданд ва тавлиди неруи барқ аз ин манбаи табиӣ 98% – ро ташкил медиҳад.

Бо дарназардошти имконияти бузурги гидроэнергетикӣ доштани Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун ҳадафи стратегӣ интихоб гардида, барои ноил гардидан ба он аз ҳисоби ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ ва маблағгузориҳои буҷет неругоҳҳои хурду бузург бунёд гардида истодаанд. Ин ҳадаф зери назари бевоситаи сарвари давлат Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолият, ҷиҳати ноил гардидан ба Истиқлолияти энергетикӣ сохтмону баистифодадиҳии як қатор иншооти бузурги тавлидотии неруи барқро ба роҳ мондааст. Аз ҷумла, аз соли 1991 то ин давра дар кишвар 265 неругоҳҳои хурди обӣ бо иқтидорӣ умумии 23,3 мегаватт сохта ба кор дароварда шуд. Танҳо дар соли 2011, 30 неругоҳи хурди обӣ бо иқтидори аз 15 то 4300 киловатт сохта ба истифода дода шуд, ки иқтидори умумии онҳо 7339 киловаттро ташкил медиҳад. Инчунин якқатор НОБ барқарор ва аз таъмир бароварда шуда бо иқтидори нав ба кор дароварда шуданд.

Дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат сохтмони яке аз лоиҳаҳои бузурги кишвар, ки орзуи деринаи хурду бузурги мардуми кишвар буд, бевосита зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шуруъ карда шуд.

Чи тавре ҳамагон огоҳ ҳастем саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди НОБ – и Роғун хело бузург аст, ки ҳар вақт шахсан аз корҳои сохтумонии НОБ дидан мекунанд ва шахсан худи Пешвои миллат ба техникаи бузурги ҳамворкуни нишаста маҷрои дарёи Вахшро баста ба бунёди сарбанди неругоҳ ҳусни оғоз бахшида буданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ буда, аз рӯйи захираҳои умумии имконпазири барқии энергетикӣ дар ҷаҳон дар ҷои 8-ум қарор дорад. Иқтидорҳои истеҳсолии гидроэнергетикӣ тақрибан дар ҳаҷми 527 млрд кВт-соат арзёбӣ мегардад. Бо дарназардошти шароитҳои техникӣ захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон ба 317 млрд КВт соат баробар буда, айни замон танҳо 4-5 %-и он мавриди истифода қарор дорад. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъд аз Федератсияи Русия дар ҷои 2-юм ва дар Осиёи Маркази ҷои аввалро ишғол намуда, 70 %-и захираҳои гидроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Аз ин ҷост, ки дар нишастҳои байналмилалӣ Пешвои миллат бо иқдомҳои наҷиби худ баромад намуда, диққати иштирокчиёнро ба масъалаҳои ҳифзи захираҳои об ҷалб менамоянд.

Кишвари азизамон марҳила ба марҳила бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикӣ расида истодааст.

Сафарзода Ф. Қ., лаборанти кафедраи электроникаи физикии факултети физикаи ДМТ