ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – КАФИЛИ ВАҲДАТИ ТОҶИК­ОН

195

Дар таърихи ҳар мил­лат дер ё зуд шахсия­тҳои барҷастае пайдо мегарданд, ки тақди­ри онро ба кулли тағ­йир дода, маданияти моддию маънавии онро дар як фурсати кӯтоҳ ба арсаи ҷаҳонӣ ме­бардоранд. Дар таъри­хи соҳибистиқлолии Тоҷикистон маҳз ба са­ри давлат омадани Эм­омалӣ Раҳмон замина гузошт, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳ­ибихтиёр, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ши­нохта шавад.

Баъди соҳибистиқлол эълон шудани Тоҷики­стон – дар як фурсати кӯтоҳи вақт хоинони миллат бо сарпарас­тии хоҷагони хориҷии худ, байни мардуми шарифи Тоҷикистон фи­тнаю ошӯберо андохта­нд, ки ин кашмакашиҳо ба кӯшторҳои ҷонӣ оварда расонид. Дар як фосилаи кӯтоҳи ва­қт аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гарди­да, дар кишвар беқон­унӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд. Қисми бештари мардум, ҳуду­ди як миллион аҳолии муқимии Тоҷикистон аз хавфу тарси ҷон тарки Ватан карданд. Афғонистон – ватане, ки тайи солҳои тӯло­нӣ ҷангҳои қабилавию кушторҳои авлодӣ ҷой дошта, маркази таъ­лимотии ҳаракатҳои терористӣ ба шумор ме­рафт, як миллион аҳо­лии Тоҷикистонро дар ин ватан нотенҷу но­ором, тоҷикони беват­анро сарсону саргард­он ва хавфи ҷон гард­онид. Ҳазорҳо мардум, аз машаққату тангӣ, беватанӣ, гуруснаг­ӣ, гармою сармои Афғ­онистони ҷангзада, ҷони худро супориданд.

Тоҷикистониён оқиба­тҳои даҳшатнок ва за­рбаҳои ҷонкоҳи ҷанге­ро, ки ба мардум таъ­сири манфи расонид, хуб дар ёд доранд. Аз ҷониби доираҳои му­айян ва бадхоҳони ми­ллати тоҷик бо мақса­ди ба сари мардуми мо таҳмил кардани маз­ҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз гардид. Ин фитнаву дасисаҳо аз ҳисоби нерӯҳои ифр­отгарои дохилӣ ва пе­швоёни хориҷии онҳо боиси ба ҳалокат рас­идани даҳҳо ҳазор на­фар шаҳрвандони мамл­акат ва ҳисороти ази­ми иқтисодӣ гардид.

Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душв­ори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намудани ягон чораб­инии сиёсӣ ғайриимкон буд, лозим омад, ки Иҷлосияи 16-уми Шу­рои Олии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоянд.

Маҳз дар ҳамин иҷло­сия аз қатори вакило­ни мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овозди­ҳӣ ба ҳайси Раиси Шу­рои Олии Ҷумҳурии То­ҷикистон интихоб шуд­анд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ на­буд, чунки ӯ ҳамчун шахси ҷасур, бо орӯ номус, ҳақиқатгӯ ва дар фикрҳои худ усту­вор дар байни вакило­ни мардумӣ шинохта шуда буд. Эмомалӣ Раҳ­мон аз рӯзҳои аввал дар фикри худ устувор буда, иқдомҳои ҷас­уронаеро пеша намуда­нд, ки дигар роҳбаро­ни қаблии Тоҷикистон ҳалли онро номумкин мешумориданд.

Дар ҷараёни Иҷлосияи тақдирсоз нахустин Қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъ­мин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохта­ни миллати тоҷик, ба­ргардонидани гурезаҳо аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва барқаро­рсозии сохти констит­утсионӣ қабул карда шуданд. Дар худи ҳам­ин иҷлосия рамзҳои давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол – Парча­ми миллӣ қабул карда шуд.

Чӣ тавре, ки Асосгу­зори сулҳу вадати ми­ллӣ-Пешвои миллат Эм­омали Раҳмон дар Паё­ми худ ба маҷлиси ми­ллӣ иброз доштанд “Ҷ­анги таҳмилии шаҳрва­ндӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб парто­фт ва мардуми Тоҷики­стонро маҷбур сохт, ки барои бартараф ка­рдани харобиву ҳисор­оти он солҳо заҳмати шаборӯзӣ ва мушкило­ту монеаҳои басо гар­онро таҳаммул намоян­д. Қариб даҳ соли ис­тиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукума­ти кишвар барои барқ­арор кардани ҳокимия­ти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомо­ти ҳифзи ҳуқуқ ва со­хторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион на­фар фирориён, барқар­орсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ рав­она гардид. Дар кишв­ар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохт­мони муассисаҳои таъ­лимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти ха­робгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд­”.

Имрӯз Ватани маҳбуби мо новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрванди­ро аз сар гузаронида­аст, дар сатми рушд бо ҳамсоякишварҳо баробар буда, дар баъ­зе қисматҳо нисбатан хело пеш рафтааст.

Сулҳу ваҳдат пояи пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳ­ҳоии барқии азим, ко­ргоҳҳои саноатии буз­ург, мактабу шифохон­аҳо, биноҳои баландо­шёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим сатҳу сифати зиндаг­ии мардум ба боло ра­фта, назари нек ба ояндаи хеш доранд.

Иқдомҳои маорифпарв­аронаи Асосгузори су­лҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами милла­т, Президенти Ҷумҳур­ии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтих­ормандист, аз ҷумла доир ба рушди маориф ва илм, як зумра оз­мунҳои ҷумҳуриявиро ташкил намудааст, ки дар қабили онҳо озм­унҳои ҷумҳуриявии “Т­оҷикистон – ватанаи азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб ас­т”, “Илм – фурӯғи маърифат” махсусан эл­он намудани “Бистсол­аи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, барои солҳои 2020-2040” шаҳодати ин аст.

Мо маорифчиён кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар заминаи шароити мусоидшудаи Тоҷикис­тон баҳри таълиму та­рбияи донишҷӯён саҳми назаррас дошта бош­ем.

Абдулҷалол Сафаров,номзади илмҳои физи­каю математика,дотсент, мудири каф­едраи астрономияифакултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷи­кистон