Истиклолияти давлатӣ неъмати бебаҳои миллат аст

339

Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан, нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро ба мардуми бузурги тоҷик ва Тоҷикистони азиз овардааст. Даврони истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи тоҷикистони азизу маҳбубамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгирона, созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонида, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшад ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва баландтарин зинаи бахту саодати ҳақиқии миллатро таъмин намуд. Ҳамаи сокинони Тоҷикистони азизу маҳбуб имрӯз ифтихор аз он доранд, ки 32- сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолдияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давалатӣ- Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем. Пас аз эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсат шахсиятеро овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии ҳамаҷониба доранд. Бо ташаббуси Истиқлолият ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ расида бошем ҳам, дар марҳилаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз дорем. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегӯянд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухадир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.Чи хеле ки Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, таърихи Истиқлолияти давлатии мо чаҳоряк аср бошад ҳам, умри миллат ва таърихи давлатдории мо ҳазорсолаҳост.Имрӯз ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32- сол пур гардид ва дар ин муддати наонқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Яке аз дастовардҳои нодири даврони истиқлолият аз хатари нестӣ наҷот ёфтани давлатдории миллии тоҷикон мебошад. Дар оғози соҳибистиқлолӣ муттаасифона аз сабаби мудохилаи қувваҳои беруна, гурӯҳҳои манфиатҷӯй дар Тоҷикистон ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ оғоз гардида, авзои сиёсии мамлакатро вазнин гардонид. Ҳукумати навтаъсиси мамлакат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ пайваста тадбирҳои муассирро дар роҳи таъмини сулҳу субот, амалӣ намуд. Раванди таҳкими истиқлолият ва бунёди давлатдории миллии тоҷиконро бо чанд ҷанба ва амалҳои таърихии Сарвари давлат ҳамчун бунёдгузори Тоҷикистони соҳибистиқлолметавон шарҳу эзоҳ дод.Таъсиси ҳокимияти давлатӣ, шохаҳои асосии ҳокимияти сиёсӣ ва рукнҳои идоракунии давлат дар роҳи таҳкими истиқлолият ва бунёди давлати муосири тоҷикон яке аз роҳу василаи муҳим ва калидӣ ба ҳисоб мерафт. Муҳимтарин вазифа дар ин роҳ- ин тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми идоракунии мамлакат буд. Баъд аз барқарор шудани Ҳукумати конститутсионӣ Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд, ки ба барқарорсозии фаъолияти фалаҷгаштаи мақомоти давлатӣ хотима бахшида, ба таҳкимиистиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ба роҳ мондани муносибатҳои байналхалқии Тоҷикистон равона шуда буданд.Яке аз масъалаҳои муҳим ва асосие, ки дар оғози истиқлолият ба миён омад ин интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идоракунӣ, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд.Эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироти куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоии мамлакат зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард. Дар қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз қабули Конститутсияи нав пешбинӣ гардид. Ин санади таърихӣ барои таҳия ва қабули Конститутсияи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт. Эҳёи суннатҳои давлатдории миллӣ, эҳтиром ва арҷгузорӣ ба таърих, забон, фарҳанг, дину мазҳаби аҷдодӣ ва дигар арзишҳои миллӣ дар амри таҳкими истиқлолияти ғоявии кишвари соҳибистиқлоли мо иқдоми муҳими Пешвои миллат маҳсуб меёбанд.Ба қадри истиқлолият, озодӣ расидан, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро гиромӣ доштан, роҳи интихобкардаи халқи тоҷикро ҳифз кардан,сиёсати оқилона, хирадмандона ва дурандешонаи Президенти кишварро ҷонибдорӣ намудан ва ҳифзи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар ҷодаи бунёди давлати миллӣ, ҳуқуқбунёд ва демократии тоҷикон қарзи инсонӣ, виҷонӣ ва шаҳрвандии ҳар яки мо ба ҳисоб меравад. Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳар як ҷомеа ва миллату давлат дар ҳоле худро хушбахту сарҷамъ ва ором ҳис мекунад, ки дар Ватан фазои сулҳу субот ва истиқлолияти давлатӣ побарҷо бошад.Бигузор Ваҳдату Истиқлолияти давлатии Тоҷиикистони азиз бегазанд ва дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садои ширини тифлакон, фазои сулҳу субот ва амнияту осоиштагии сартосарӣ пойбарҷо бошад.

Давлатҷонова Ш.Х. н.и.ф.-м Мудири лабораторияи таълимии кафедраи оптика ва спектроскопия факултети физикаи ДМТ