Истифодаи эффекти фотоакустикӣ дар соҳаи тиб

251

Дар садсолаи гузашта инсоният дар олами илми табиатшиносӣ музаффариятҳои бузургтаринро ноил гардид. Яке аз муваффақиятҳои калон дар илми физика ин пайдоиши нури лазерӣ буд, ки онро муъҷизоти асри ХХ низ меноманд. Дар ҳaқиқат пайдоиши ин нури «сеҳрнок» ба кушодани муаммоҳои бисёри илмӣ «калид» шуд ва пайваста ба он шохаҳои нави илми дар «зебодарахти» физикӣ пайдо шуданд. Фотоакустика яке аз чунин равияҳои тоза мебошад. Ин илм дар пайванди акустика ва оптика пайдо шудааст. Ҳодисоти фотоакустикӣ соли 1881 аз тарафи Белл, Тиндал ва Рентген кашф шуда буд. Моҳияти эффекти фотоакустикӣ аз он иборат аст, ки ҳангоми фурӯбарии нури рӯшноӣ, ҷисм гарм шуда, боиси аз ҳам дуршавии молекулаҳо мегардад, ки онҳо дар навбати худ, мавҷҳои акустикии ултрасадоро дар муҳити атрофи минтақаи фурӯбурдаи рӯшноӣ бармеангезанд. Ин мавҷҳои акустикӣ дар ҳама гуна мавод, аз ҷумла бофтаҳои биологӣ низ ба вуҷуд меоянд. Дар соҳаи тиб тавсифи оптикии ҳуҷайраҳо ва бофтаҳо воситаи пурарзиш барои фаҳмидани механизмҳои физиологӣ мебошад. Усулҳои муосири оптикии тиббӣ тасвири флуоресентӣ, томографияи когерентии оптикӣ, микроскопияи дуфотонӣ, спектроскопияи инфрасурхӣ ва томографияи оптикии диффузиро дарбар мегиранд. Ин усулҳо технологияи ба таври назаррас пешрафтаи тиббӣ доранд. Бо вуҷуди ин, парокандашавии нури оптикӣ дар бофтаҳои биологии усулҳои тасвири оптикӣ то поёнтари дохили организм маҳдуд мешаванд. Ҳамин тариқ, тадқиқи мушоҳидаи ин усулҳо сатҳӣ буда, барои омӯзиши қабатҳои амиқтари бофтаи биологӣ, усулҳои дигари тасвирӣ лозиманд. Тасвири фотоакустикӣ, як усули умедбахши тиббӣ мебошад, ки тавассути тавлиди тасвирҳо аз сигналҳои акустикӣ табиатан нисбат ба сигналҳои оптикӣ дар бофтаи биологӣ камтар заиф мешаванд, саҳехияти олии тасвирро таъмин мекунад. Усули фотоакустикӣ дар замони муосир як усули қулай ва тасвирист, ки саҳеҳияти тасвирро дар асоси коэффисиенти фурӯбурди оптикӣ муайян мекунад. Тасвири фотоакустикӣ аз сабаби ҳассосияти баланд дар ташхисњои тиббӣ бештар истифода мешавад. Усули фотоакустики ташхис имкон медиҳад, ки паҳншавии ултрасадо тавассути импулсҳои лазерӣ дар бофтаҳои биологӣ ба ангезиш оварда дар бораи бофтаҳо тавассути сенсорҳои ултрасадо ва саҳеҳ дидани тасвирҳои сохторӣ, маълумот гирифта шавад. Таҷҳизотҳои ултрасадои анъанавї аз плёнкаҳои пезоэлектрикӣ низ ҳастанд, ки ҳассосиятро бо хурд шудани андозаи объекти омӯхташаванда гум мекунанд. Илова бар ин, таъсири мавҷи электромагнитӣ истифодаи минбаъдаи ултрасадои анъанавиро маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ, барои рафъи ин камбудиҳо, тасвири фотоакустикӣ ҳамчун усули саҳеҳ барои ташхис ва арзёбии бемориҳо ба монанди саратони сина, дерматология ва осеби рагҳо таҳия карда мешавад. Расм 1. Тасвири фотоакустикии каламуш бо истифода аз технологияи Luxonus PAI- тасвири фотоакустикӣ гирифта шудааст.

Алишери М., дотсенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ.