Истиқлолият неъмати бебаҳост

169

Имрӯзҳо мардуми тоҷик дар арафаи таҷлили 32-юмин солгарди ҷашни бузурги миллӣ ва давлатии кишвари маҳбуби худ, яъне соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз қарор доранд. Мардуми мо ин санаро, ки армуғон ва дастоварди гаронарзиши таърих ба ҳисоб меравад, муқаддас дониста, пос медоранд. Зеро ин ҷашни баҳамойӣ, ҳамгиройӣ, озодӣ, комилҳуқуқӣ ва бори дигар соҳибдавлат гардидани ин миллати куҳанбунёд ва тамаддунсози олам, тоҷикони тоҷдор аст. Пас аз ҳазор соли Сомониён, бахт бар рӯйи мардуми озода хандид. Кишваре бо исми Тоҷикистони соҳибистиқлол харитаи оламро зебоӣ бахшид ва садҳо давлатҳо онро шинохтанду эътироф намуданд. Кунун Тоҷикистони азиз барои тоҷикони ҷаҳон хонаи умеду орзу гардидааст. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати соҳибтамаддуни тоҷик буда, ҳамчун мафҳум ифодагари он аст, ки мардум ба асли хеш баргашта, аз нав баъзе анъанаҳои бо мурури замон аз байн рафтаро зинда мегардонад, барои наслҳои оянда зиндагии ибратбахш ва ватани ободу осуда боқӣ мегузорад. Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».Тоҷикистони азиз узви ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст ва ба проблемаҳои он бетараф буда наметавонад. Ин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи халқи тоҷик дар минбарҳои баланди сатҳи ҷаҳонӣ суханронӣ карда, чандин барномаҳоро пешниҳод намудаанд, ки онҳо аз тарафи ҷомеа ҷаҳонӣ пазируфта шудаанд.Самараи неки истиқлол аст, ки имрӯз Тоҷикистон чун давлати сулҳхоҳу сулҳпарвар шинохта шуд ва таҷрибаи сулҳоварии он манбаи омӯзиши сулҳхоҳони ҷаҳон гашт, ки ин мояи ифтихори ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардида метавонад. Мо бояд аз ин миллати барӯманд буданамон биболему барои боз ҳам машҳуртар гардидани он кӯшишу ғайрат намуда, пояҳои давлатдории онро мустаҳкам намоем.

Ин субҳдам бидидам, ҳамроҳи резаборон,

Мерехт файзи раҳмат, бар мулки Тоҷикистон.

Мавлуди Тоҷикистон, мавлуди бахти тоҷик,

Ё раб, нигаҳбон шав, ин тоҷу тахти тоҷик.

Ҷашни Истиқлоли миллӣ муборак бод, ҳамватанони азиз!

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ, н.и.ф.-м., Гулов Бобомурод