ИСТИҚЛОЛИЯТ БАРОИ ИНКИШОФИ ИЛМУ ТАЪЛИМ РОҲИ СИФАТАН НАВРО БОЗ НАМУД…

380

ТАБРИКОТИ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Устодон, кормандон ва донишҷӯёни азиз!

 Оғози соли нави хонишро барои ҳар яки Шумо самимона табрик мегӯям. Соли нави таҳсил бо таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад. Воқеан ҳам, Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Аз ин рӯ, имсол барои ҷомеаи мо, хусусан, барои устодону кормандон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соли таърихист.

 Бояд ёдовар шавем, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат рушд кард. Таваҷҷуҳи роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва хусусан, хуб шудани имкониятҳои илмомӯзии ҷавонон, бештар гардид. Пешвои миллат дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар ва омили пойдорӣ ва пешрафти ҷомеаву давлат унвон карда, таъкид намудаанд, ки: «Маориф дар замони соҳибистиқлолӣ бо дастгирии Давлат ва Ҳукумат ба як рукни муҳимми иҷтимоӣ табдил ёфт ва дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон хизмати басо арзишманд намуда, дар густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ, эҳсоси ватандорӣ ва шинохти рисолати таърихии халқи сарбаланди тоҷик дар зеҳни наврасону ҷавонон таъсири амиқ гузошт».

Сокинони Тоҷикистон дар муддати 30 соли сипаригардида мушкилиҳои зиёдро паси сар намуда, имтиҳони вазнини таърихиро гузашта, ниҳоятан ба эҳёи давлатдории миллӣ мушарраф гардиданд. Зеро миллати тоҷик барои расидан ба соҳибистиқлолӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатию сиёсӣ муборизаи тӯлонӣ бурдааст. Ташкили давлати Сомониён, таъсисёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттифоқи Советӣ ва ниҳоятан, 9 – уми сентябри соли 1991 эълон гардидани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари муборизаҳои чандинасраи миллати тоҷик мебошанд.

 Қайд намудан зарур аст, ки имсол барои Тоҷикистони азиз воқеан ҳам соли таърихист. Зеро дар кишвари азизамон – Тоҷикистон 20-умин солгарди таъсисёбии Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор мегардад, ки дар робита ба фаъолияти ин созмони бонуфузи байналмилалӣ чорабиниҳои гуногунсатҳ ба нақша гирифта шудааст.

Боварии комил дорам, ки ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол, инчунин, ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои гуногуни байналмилалӣ пешраву пешсафанд.

Таъкид менамоям, ки имрӯзу фардо мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Мо аз олимони худ, бахусус аз олимони ҷавон ва ҷавонони кишвар умеди калон дорем, ки дар ояндаи наздик илмро дар асоси дастовардҳои инноватсионӣ ба истеҳсолоти ватанӣ васеъ татбиқ карда, дар самти худшиносиву худогоҳии миллӣ қадами устувор гузошта, бо ҳамин роҳ дар рушди соҳаҳои гуногуни кишвар саҳми арзишманди хешро мегузоранд. Зеро истиқлолият барои инкишофи илму таълим роҳи сифатан навро боз намуд ва барои навсозиву ислоҳоти бахшҳои мухталифи он заминаи мусоид фароҳам овард.

Ҳамкасбону шогирдони иззатманд!

Дар соли нави таҳсил ва таҷлили 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ барои ҳамаи Шумо саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно дорам.

ПОЯНДА БОД ИСТИҚЛОЛИ ТОҶИК!