ИСТИҚЛОЛ – НЕЪМАТИ БЕБАҲО ВА ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИР

294

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.

Эмомалӣ Раҳмон

В Душанбе сносят дома для возведения 121-метрового комплекса «Независимости  и свободы» | Новости Таджикистана ASIA-Plus

Воқеан ҳам, ин каломи пурмазмуни Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели бармало ва ҳақиқати бебаҳси таърих аст. Зеро миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик пас аз давлатҳои тоҷикии Саффориёну Тоҳириён, Сомониёну Ғӯриён ва Сарбадорону Оли Курт дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 дигарбора ба истиқлоли комили миллӣ ва давлатӣ даст ёфт. Аз ин рӯ, таҷлили ҷашни Истиқлол барои ҳар тоҷикистонӣ мояи ифтихор аст ва маҳз бо баракати ин ҷашни бузург тоҷик тавонист, худро шиносад, давлати миллии хешро соҳиб шавад, Сарвари худро дошта бошад, парчами миллиашро дар миёни парчами дигар кишварҳои соҳибихтиёр ҷилвагар намояду парафшон бубинад ва аз муқаддасоти миллату меҳани хеш ифтихор намояд. Яъне, Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон номусу шараф, сарбаландӣ, номи нек ва фахри кулли тоҷикони ҷаҳон ва тоҷикистониён мебошад. Мавриди зикр аст, ки истиқбол аз ин ҷашни пуршукӯҳ моро бори дигар ба гиромидошти як воқеаи муҳимми сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба таърихи навин ворид шудани халқи тоҷик, ки оғози рушди давлатдорӣ баъди асрҳои зиёд мебошад, водор менамояд. Дар шароити пурпечутоби ҷаҳони муосир соҳибистиқлолии кишвар беҳтарин неъмате мебошад, ки месазад аз он ифтихор намуд, шукрона кард ва зери парчами он болид. Зеро Истиқлол муҳимтарин дастовард барои халқи шарафманди тоҷик маҳсуб ёфта, соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ бошад, дар меҳани маҳбуби мо заминаи воқеӣ барои ободу зебо гаштани Тоҷикистони азизамон гузоштааст. Мутаассифона, дар ибтидои соҳибистиқлолӣ мардуми тоҷик шаҳди ширини озодиро начашидаву мубталои найранги худбохтагони худию душманони миллату меҳан гашта ва ба чоҳи зулмот афтода буданд. Қувваҳои бадхоҳи аҷнабӣ тавассути беҳувиятону худбохтагони дохилӣ то ҳадде тавонистанд алангаи кинаву адоват ва хусумату бадбиниро байни мардум пиёда намоянд. Ва ниҳоят, ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пиёда намуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқро хароб карданд ва иқтисоди кишварро ба даҳсолаҳо ақиб кашиданд. Дар натиҷа, кулли соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фаҳангии кишвар ба таназзул рӯ ниҳода, бархе аз соҳаҳо ба вартаи нобудӣ расиданд. Ҳамчунин, ҳазорон нафар гуреза шуд, ҳазорҳо кӯдак ятиму бепарастор ва ҳазорон оилаҳо парокандаю бесарпаноҳ монданд. Оқибати ин ҷангу ин бесарусомониҳо ба ҷуз фасоду ғоратгарӣ дигар ҳосиле наёвард, ки ин мақсади аслии хиёнаткорону худбохтагон, беҳувиятону аҷнабигароён ва душманони миллату меҳани тоҷик буд. Дар ин ҷангҳои таҳмилии шаҳрвандӣ ҳамеша сараввал мардум гумроҳ гардонида шуда, марзу бум хароб мегардад, сипас солҳои тӯлонӣ лозим аст, ки ин кишвар ба худ ояд. Маҳз дар ҷанги шаҳрвандии дар Тоҷикистон бавуқуъпайваста, бархе аз шаҳрвандони мо, ки меҳанро бо пулу мол иваз карда буданд, бевиҷдонона фурӯхтанд ва барои сар задани оташи ҷанг дар хонадони мо мусоидат намуданд. Вале, насли имрӯзу фардои мо ин гуна хиёнаткоронро ҳеҷ гоҳ намебахшад. Агар саҳифаҳои начандон қаблии таърихро варақгардон намоем, пас дарк менамоем, ки пас аз пошхӯриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо муддате дар вартаи даргириҳои шадид қарор дошт. Мухолифону душманони Тоҷикистони тозаистиқлолгашта бо роҳҳои гуногун мехостанд таъсиргузор шаванд. Хушбахтона, ба бахти баланди мардуми тоҷик марде ба арсаи сиёсат қадам гузошт, ки аз ҷони хеш гузашта, тақдири имрӯзу фардои миллату меҳан бар дӯш гирифт. Ва миллатро аз паровандагиву меҳанро аз вартаи нобудӣ раҳонида, киштии миллату меҳанро ба соҳили мурод расонид. Маҳз бо талошҳо ва кӯшишҳои хастанопазири Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо худбохтагону беҳувиятон, ки он солҳо хешро мухолифин меномиданд, ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳу салоҳ пайваста гуфтушунидҳо доир мегардад. Дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки беш аз 40 моҳи расо идома ёфтанд, ба роҳбарияти кишвар муяссар шуд, ки барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаи худ 21 маротиба музокираҳо анҷом дода, зиёда аз 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳимму тақдирсозро ба имзо расонад. Баъд аз 5 соли мухолифати мусаллаҳона Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба тасвиб расид, ки муҳимтарину беназиртарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки ҷавонони даврони соҳибистиқлол бод арки баланди масъулиятпазирӣ ва дар пайравӣ ба кору пайкори Пешвои муаззами миллат бо шукргузориву арҷгузорӣ ба дастовардҳои Истиқлол ва гиромидошти Ваҳдати миллӣ, пос доштани суннатҳои наҷиби ниёкон рисолати виҷдонии хешро содиқона иҷро менамоянд. Барои насли ҷавони имрӯз ҳифзи амнияти давлату миллат, осоиштагӣ, ободӣ ва баланд бардоштани ному мақоми давлат ҳадафи асосист. Зеро ҳамагон хуб медонем, ки маҳз самари неки Истиқлол аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро беш аз 160 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохтааст ва меҳани мо бо эътирофи Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкӣ, Баёнияи Париж ва дигар Созишномаҳои байналхалқӣ сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро амалӣ сохт:

Хушо моҳу ҳумоюн соли тоҷик,

Хушо бахти ҳумоюнфоли тоҷик,

Зиҳӣ, эй мардуми хушбахту дилшод,

Хушо иқболу Истиқлоли тоҷик!

Ҷурабек ШАРИПОВ, номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, муовини декани факултети физика оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ