ИО – ОЛАМИ ВУЛҚОНӢ

18

ИО – ҳамсафари сайёраи Муштарӣ буда, аз сайёра дар масофаи 421 000 км ҷойгир аст. Андозааш 3642 км (андозаи Моҳ 3470 км) аст. Даври гардишаш дар атрофи Муштарӣ ба 1 шабонарӯзу 18 соату 28 дақиқа баробар аст.Ио яке аз фаъолтарин ҷирмҳои Системаи офтобӣ аз ҷиҳати геологӣ мебошад ва ин аст, ки онро олами вулқонӣ меноманд.ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ1. Дар сатҳи Ио 400 вулқони фаъол мавҷуд аст.2. Вулқонҳои Ио то баландии 500 км фаввора мезананд.3. Дарозии дарёҳои тафтагии (лава) Ио то 300 – 500 км тӯл мекашанд.4. Ҳарорати миёнаи сатҳи Ио ба -160 дараҷаи селсӣ баробар мебошад. Дар наздикии вулқонҳо ҳарорат то 1700 дараҷа баланд мешавад.5. Атмосфераи Ио 90 фоиз аз сулфур иборат аст.6. Дар сатҳи Ио барфи сулфурӣ меборад.7. Ио ранги зардчатоб дорад. Сабабаш дар он аст, ки сатҳи онро сулфур ва пайвастагиҳои сулфурӣ пӯшонидааст.8. Аз ҳисоби хуруҷи вулқонҳои амалкунанда дар як сол сатҳи Ио бо хокистари вулқонӣ бо ғафсии то 1 см пӯшонида мешавад.9. Баландии миёнаи кӯҳҳои Ио 6 км ва баландтаринаш ба 17,5 км баробар аст.