ИНТИХОБИ ДУРУСТ – ЯКЕ АЗ РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ҶИНОЯТКОРӢ

242

Пайвастани ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ падидаи хеле риққатовар буда, дар тамоми давру замонҳо аз ҷониби инсоният доимо маҳкум мешавад, зеро натиҷаҳои он ҳам ба ҷомеъа ва ҳам барои ҷавонони ба он пайваста хеле даҳшатбор аст. Дар кишвари маҳбуби мо аз ҷониби ниҳодҳои дахлдор тамоми қонунҳои пешгирикунундаи ин самти номатлуб қабул шуда, масъалаи мазкур аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ доимо пайгирӣ мешавад, ки натиҷаҳои мусбат оварда истодаанд. Азбаски ҳама гуна раванди террористӣ новобаста аз мақсаду мароми он шоистаи маҳкуми қотеъона мебошад, пешгирӣ аз ин омили номатлуб вазифаи тамоми қишрҳои ҷомеъа мебошад, зеро сухан пеш аз ҳама ба тақдири ояндаи ҷавонони мо меравад.

Албатта, вобаста ба сабабҳои пайвастани ҷавонон ба ин гурӯҳҳо ва пешгирии ин падидаи номатлуб мутахассисони соҳавӣ китобҳо ва мақолаҳои зиёде нашр намуда, рисолаҳои илмии зиёде дифоъ низ шудаанд. Алалхусус, дар бораи масъалаи мавриди назар устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон пешоҳанг мебошанд. Дар робита ба ин, мо танҳо баъзе масъалаҳои ҷузъиеро мехостем матраҳ намоем, ки барои ҳалли ин масъала каме ҳам бошад кумак ва мусоидат менамояд.

Ба назари мо яке аз сабабҳои пайвастани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ, ин интихоби сар-сарии машғул шудан ба омӯзиши илм (дар назар аст, тамоми самтҳо, аз ҷумла самти динӣ) аз ҷониби ҷавонони лаёқандманд мебошад. Машғул шудан ба омӯзиши илмҳо дар генофонди миллии мо ҷойгоҳи махсус дошта, дар давоми сеҳазорсолаҳо ташаккул ёфтааст. Дар замоне, ки дастрасии васеъ барои гирифтани маълумотҳои зарурии самти омӯзиш аз ҳар гуна манбаҳои электронӣ осон гардидааст, ҷавонони хоҳишманд бо зудӣ бо донишҳои зарурии самти интихобшуда мусаллаҳ мешаванд. Дар ин маврид масъалаи дигар пеш меояд, ки ҷавонон бояд илми омӯхтаи худро барои пешбурди зиндагии шоиста истифода намоянд. Агар дар ҷамъият ва бозори ҷаҳонии меҳнат чунин имконот фароҳам набошад, дар сари ҷавони бо маълумотҳои гуногун мусаллаҳ ва боз аз хориҷ таҳмилшавандаи фикрҳои номатлуб пайдо мешавад. Дар ин радиф, маврид ба зикр аст, ҷавонони ба ташкилотҳои террористӣ пайвастаро ҳамчун бесавод тасаввур кардан ғалат аст. Пас, бояд мо аз кӯдакӣ ба интихоб самти фаъолияти насли наврас эътибори махсус диҳем, то роҳи дурусти сарфм маҳорати азалии худро баҳри пешрафти кишвар ва зиндагии хуб равона созанд.

Аз эълон шудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 қариб се сол сипарӣмешавад. Бояд қайд науд, ки омодасозии ин санади муҳим дар асоси таҳлилҳои амиқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, геополитикӣ, имконоти генофондии миллат ва талаботи бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ сурат гирифтааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки вазъи имрӯзаи сиёсӣ ва геополитикии ҷаҳон хеле мураккаб мебошад. Дар чунин ҳолат аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули санади мазкур як таҳаввулоти беназир дар ҷомеаи мо мебошад. Рӯзе мерасад, ки ба ин иқдом баҳои сазовор дода шуда, арзиши он ба таври воқеӣ дарк карда мешавад, зеро ин санади ояндасози миллат мебошад ва дар баробари ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатсозии навини мо,ба мисли қабули Қонуни забони давлатӣ, Эъломияи истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, сохтмони Неругоҳи барқии обии Роғун, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳимояи марзу буми давлати миллӣ ва ғайра меистад.

Таҳлилҳои иқтисодӣ нишон медиҳанд, ки яке аз роҳҳои маъмули рушд ин ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва технологияҳои нав дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар мебошад.

Барои ин мутахассисони тафаккури инноватсионӣ дошта заруранд.

Ҷои баҳс нест, чунин тафаккурро дар натиҷаи омӯзандагони илмҳои табиатшиносӣ рушд додан мумкин аст.

Мо доимо доирба боигариҳои табиии Тоҷикистон ва имкониятҳои истифодаи онҳо ҳарф мезанем. Аз нигоҳи мо боигарии асосии мо нисбат ба дигар давлатҳо ин захираҳои беназири оби нӯшокӣ ва неруи инсонӣ мебошад, зеро ҳар ду захираҳои барқароршаванда мебошанд. Барои ин, бояд аз боигариҳои барқароршавандаи дар боло зикршудаоқилона истифода намоем.

Дар масъалаи аҳамият, истифодаи оқилона ва раванди барқароршавии захираҳои оби нӯшокӣ, мо дар ин ҷо чизе намегӯем, зеро ин масъала дар сатҳи давлатӣ хеле хуб матраҳ шудааст. Дар ин ҷо мекӯшем, каме бошад ҳам дар бораи боигарии дуюм, захираи инсонӣ андешаронӣ намоем. Боиси ифтихор аст, ки дар давраи Истиқлоли давлатӣ ба баҳси демографии нуфузи аҳолӣ, ки дар солҳои охири даврони Шуравӣ хеле маъмул буд, хотима дода шуд. Нуфузи аҳолии кишвар боигарии он эълон шуд.

Пас, аз ин имконият чӣ хел оқилона истифода барем, то он дастовези арзанда ба дастархони фарохи тамаддуни ояндаи минтақа бошад, на ба самти пайвастани ҷавонон ба ташкилотҳои террористӣ? Ба ин савол яке аз ҷавобҳои комилан дуруст, қабул ва татбиқи амалии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 мебошад. Бояд ба таърихи инсоният назар андохт. Борҳо гуфтанд ва боз мегӯем, ки мо миллати тамаддунсоз мебошем ва яке аз далелҳои асосии мо, ин дастовардҳои илмии ниёгони мо дар самти илмҳои табиатшиносӣ мебошад. Маҳз қонунҳои асосии асрори табиат аз ҷониби аҷдодони мо кашф шуда, пас аз садсолаҳо дар Ғарб ҳамчун ғояҳои худашон пешкаш шудааст. Албатта,дар самти муаррифии дастовардҳои илмии ниёгони мо корҳои зиёде дар пеш меистанд. Дар ин ҷо мо танҳо ба худи ин падидаи бузурги инсонӣ такя намуда, ба оянда назар хоҳем кард.

Таҳлили бозори меҳнати сатҳи ҷаҳонӣ, ки сатҳи хуби касбият ва донишро талаб менамояд, нишон медиҳад, ки танҳо дар самти илмҳои табиатшиносӣ, технологияҳо, муҳандисӣ ва компутерӣ ҷавонони мо имкони пайдо намудани мавқеи сазовори худро доранд. Дар ин ҷо мо метавонем ҳазорҳо мисолҳои мушаххасро нисбати дастовардҳои ҷавонони мо дар сатҳи ҷаҳонӣ орем, вале ин мавзуи дигар аст. Пас,роҳи дурусти ҳалли масъалаи дар боло зикргардида, ин интихоби дурусти самти фаъолияти арзишманди ҷавонон, ки дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» барои солҳои 2020-2040 самтгир аст, ба шумор меравад.

Бояд қайд намоем, ки имрӯз соҳаи маорифи мо имкони омода намудани хонандагони самти фанҳои табиӣ-риёзиро дорад.

Мактабҳои президентӣ, гимназияҳои давлатию шахсӣ, литсейҳои шакли гуногун ва мактабҳои таҳсилоти умумии сатҳи заруридошта, ки аксарияташон самти табиӣ-риёзӣ доранд, сарчашмаи асосии ҳалли масъала шуда метавонанд. Ин муассисаҳои таълимӣ иштирокдорони фаъоли олимпиадаҳо ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмиллаӣ ва ҳатто ҷаҳонӣ буда, ҷавобгӯи тамоми талаботҳо дар ин самт мебошанд. Ҳамин тавр, ҷомеаи имрӯзаи мо дар сатҳи мактабӣ дарки амиқ карда аст, ки ҷавони бо донишҳои фанҳои табиӣ-риёзӣ мусаллаҳ буда, аз рӯи аксарият нишондодҳои ақлонӣ бартарӣ доранд. Хулоса, нисбат ба донишу малакаи хонандагони мо дар ин самт, мувофиқ ба талаботҳои сатҳи ҷаҳонӣ, ягон норасоии назаррас дида намешавад. Ин ҳуқуқи маънавӣ медиҳад, то олимону мутахассисони соҳа ҳидоятгару дастгири ҷавонон барои соҳиб шудан ба дастовардҳо бошанд.

Бояд гуфт, ки яке аз дастовардҳои муҳими Истиқлол ин пеш бурдани сиёсати дарҳои кушод дар тамоми самтҳо мебошад. Дар самти илм низ чунин аст. Имрӯз олимону мутахассисони мо имкони дар марказҳои илмию технологии сатҳи ҷаҳонӣ фаъолият карданро доранд.. Илова бар ин, ҳоло донишгоҳҳо ва марказҳои илмии ватанӣ парки асбобҳои озмоиширо нав карда истодаанд.

Ҳамин тавр, агар донишу имконоти мо нокифоя шавад, дар бораи пайвастан ва роҳбаладӣ намудани ҷавонони муваффақ барои идомаи таҳсил ва кор дар марказҳои илмию технологии дигар кишварҳо ягон мушкилӣ нест. Масалан, дар факултети физикаи ДМТ ин масъала кайҳо ҳалли худро ёфта аст. Таҷрибаҳо нишон медиҳанд, ки тамоми марказҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ омодаи қабули ҷавонони мо мебошанд.

Муаммои асосии мо пасаз хатми мактаб сар мешавад. Волидайн маблағҳои зиёдеро сарф мекунанд, то фарзандашон донишҳои самти табиӣ-риёзиро соҳиб шавад, хонандагони зиёде ғолибони олимпиада ва озмунҳо мешаванд, вале вақти интихоби самти таҳсил дар муассисаҳои кор тамоман ранги дигар мегирад. Самту ихтисосҳоеро интихоб менамоянд, ки дар бозори меҳнати чӣ дохил ва чӣ хориҷ онҳоро интизор нестанд ва чи хеле, ки дар боло овардем ин яке аз омилҳои пайвастан ба терроризм мешавад. Ин муаммо хеле доманадор ва ҷиддӣ буда, барои ҳалли он дар сатҳи давлатӣ чора андешида шавад, зеро неруи ақлонии миллат ва самти пешрафти он ба масъалаҳои ояндасозии он рабти бевосита дорад.

Ҳамин тавр, таҳлилҳо оид ба масъалаи дар аввал гузошташуда нишон медиҳанд, ки давлати мо дар доираи имконот шароити заруриро барои доро шудан ба сатҳи касбияти бозоргири ҷавонон фароҳам оварда аст. Нигоҳи мо бояд яклаҳзаина набошад, балки андеша кунем, то ҷавонон дорои зиндагии шоиста ва ояндасози ин сарзамин бошанд, то заррае зарурат ба пайвастани онҳо ба гурӯҳҳо ва ташкилотҳои террористӣ намонад.

Махсудов Барот,профессор, доктори илмҳои физика ва математика,мудири кафедраи физикаи ҳастаи ДМТ