Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рузе, ки ба сари давлат омаданд, бо тамоми ҳастияшон барои рушди илм ва пешравиҳои илмӣ ҷидду ҷаҳд намуда истодаанд. Аввалин кору ташаббусе, ки нишон доданд, кормандони илм-зиёиёни мамлакатро ҳар сол дар гирди худ мутаҳид сохта, фикрҳои онҳоро дар бораи илму дониш шунида, маслиҳатҳо медиҳанд. Ӯ бештар ба ҷалби ҷавонон ба илм ва омӯзиши онҳо диққати махсус дода, таъкид менамоянд: “Ман борҳо таъкид кардам ва боз мегӯям, ки дар баробари омӯзиш ва аз худ кардани илму техникаи муосир, ҷавонони мо ба омӯзиши таърихи пуршараф, забони модарӣ ва фарҳанги ғании халқамон бояд бештар машғул шаванд. Рисолати зиёиён аз ҳидояти ҷавонон барои омӯзиши таърих, фарҳангу забони модарӣ, дастовардҳои илмӣ ва технологияи пешрафтаи муосир иборат аст”. Ҳар сол дастовардҳои илмии зиёиёнро барои рушди ҷомеа, ояндаи кишвар таъкид менамояд. Ҷавононро ба ҷавонони ҷаҳон баробар гардонидан, пеш аз ҳама илм ва ҷаҳонбинии илмӣ роҳнамоӣ менамояд, ва чунин мешуморанд, илм асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ба ғояи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстию ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиати умумиятро дар худ инкишофу роҳнамоӣ мекунад. 30-сол муқаддам дар иҷлосияи 16-уми тақдирсоз асоси илман асосноки давлати мо тарҳрезӣ шуда буд. Дар ин муддат илм зина ба зина рушд намуда, пешравии кори мактабу идораи давлатиро таъмин намуд. Бо мақсади васеъ намудани дониши ҷавонон ба технологияи компютерӣва иттилоот, ворид шудани Тоҷикистон ба фазои иттилооти ҷаҳонӣ Шӯро оид ба технологияҳои комуникатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Барои бозҳам рушд намудани илм ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба эълон намудани солҳои 2020-2040 , бист соли омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар илму маориф амалӣ гардонида шуда истодааст. Пеш аз ҳама ҷавононро дар маркаи бонуфузи илмии мамлакатҳои пешрафта таҳсил ва аз таҷрибаомӯзӣ гузаронида истодаанд. Дар байни насли наврасу ҷавонон гузаронидани озмуну алимпиадаҳо ва фестивалу спортакиадаҳо оид ба самтҳои мухталифи фаъолияти илмию техникӣ ва ҷодаи кӯдакону ҷавонон аз он ҷумла дигар қишри ҷомеа хеле фоидаовар гаштааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба илм рӯз аз рӯз аҳамияти зарурӣ дода шуда истодааст. Аз он ҷумла таъсиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва кушодашавии филиали агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи илмии илмҳои Тоҷикистон ташкил дар вилояти Суғд далел аз гуфтаҳои болост. Мо аз ҳамаи ин ғамхориҳо шукрона намуда ва дар охир чунин мисраҳоро оварданием.
Месароям аз диёре ки тамоман нав шудааст,
Илм дар онҳо барои халқ хизмат мекунад.
Латипова Сарвиноз – омӯзгори факултети физикаи ДМТ