Пешравии ҳар як давлатро бе омузиши фанҳои риёзию табиатшиносӣ тасаввур кардан ғайри имкон аст. Бинобарин Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарур шумориданд, ки солҳои 2020-2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф» элон намоянд. Ҳамин тавр бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф» аз 31.01.2020 таҳти №1445 ки дар паёми солонаи худ Пешвои миллат ба аҳли илму маориф чунин гуфта буданд: «Ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсияи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд». Ташаббусҳои дигар дар ин замина ба ҷараён ворид намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ки дар ин радиф Пешвои миллатамон чунин гуфта буданд: «Зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону ҷавонон, олимону муҳақиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм-фурӯғи маърифат» гузаронида шавад» (11 феврали соли 2021, № АП-44) ва эълон гардидани Солҳои рушди саноат – 2022-2026 (паём, 21.12.2021) мебошад, ки пурра ба фанҳои табиию дақиқ ва риёзӣ бахшида шудааст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки барои олимону муҳақиқони ҷавон бахусус барои дӯстдорони илмҳои бунёдӣ иқдоми роҳандозӣ шуда фоли нек аст. Инак соли дуввум аст, ки дар заминаи бистсолаи мазкур озмуни ҷумҳуриявӣ «Илм-фурӯғи маърифат» бо маром идома ёфта истодааст ва бо мақсади боз ҳам ҷоннок гардиданаш низомномаи он бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми феврали соли 2022, таҳти № АП-155 аз нав таҷдиди назар карда шуда, тасдиқ гардид. Мақсади асосии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ин пеш аз ҳама ҷалби ҷавонон ва аҳли зиёву табақаҳои гуногуни ҷомеа ба илмҳои бунёдӣ ба монанди кимиё, биология, физика, математика, информатика, география ва ихтирокориву навоварӣ мебошад. Ба ин васила метавон нигоҳи аҳли ҷомеаро ба ин самт, самти илму маърифат равона кард, ки дар натиҷа сатҳу сифат ва касбияти мутахасисон баланд шуда, илму маорифи кишвар устуворона рушд намуда, заминаи мустаҳкам бо донишҳои қавӣ поянда мегардад. Дар раванди ҷаҳонишавӣ бо амиқ гардидани донишҳо дар шохаҳои гуногуни илм ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ташаккул меёбад. Чи тавре, ки дар боло зикр гардид дар озмун табақаҳои гуногуни ҷомеа ширкат варзида метавонанд. Маҳз иштирокчиён ё ҷоизадорони озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» бо донишу идеяҳои мукаммал намудаи худ баҳри рушди ҷумҳурии соҳибистиқлоламон метавонанд корхонаҳои нави саноатӣ, ки муҳаррики асосиашон мутахассисони баландихтисос аст, бунёд намоянд. Бунёди корхонаҳои саноатӣ сабабгори аслии фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва баланд бардоштани сатҳи иқтисоди миллӣ мегардад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин раванд барканор набуда фаъолона ширкат варзида дар соли аввали ин озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидааст, ки дар байни донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар ҷойгоҳи аввалро ишғол менамояд.
Эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040» иқдоми беназир буда, аҳамияти амалӣ дошта, барои баланд бардоштани сатҳу сифати рушди соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад. Дар ин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати оқилонаи пешгирифтаи худ соҳаи маориф ва илмро яке аз самтҳои стратегии муҳими давлату миллат қарор додааст. Аз ҷумла Президенти мамлакат дар Паёми имсолаи хеш ба Маҷлиси Олӣ чунин таъкид доштанд, ки «Роҳбарону кормандони соҳаи маорифро зарур аст, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд. Инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.
Чигунае, ки Пешвои миллат дар вохӯрии хеш бо зиёиёну кормандони соҳаи илму маориф таъкид намуданд: «Имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад».
Ҳамчунин дар ин замина аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод гардид, ки муасиссаҳои соҳаи маориф ва илм ҳамасола олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявиро оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор намуда, ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида шаванд. Чунин дастгириву ғамхориҳо ва ҳавасмандсозиҳо донишҷӯёну донишмандон ва дигар толибони илмро водор месозад, ки баҳри пешрафту шукуфоии соҳаи маорифу илми миллӣ нақши босазо дошта бошанд.
Асоси илмҳои табииро физика, астрафизика, кимиё, риёзӣ, биология, геология ва ҷуғрофия ташкил медиҳад. Физикдон ва кимиёшиноси рус, асосгузори системаи даврии элементҳо Д. И. Менделеев гуфтааст: «Вақте фаро мерасад, ки ҳамаи ҷаҳон ба илми ягона, ҳақиқати ягона, саноати ягона, бародари ягона, дӯсти ягона – ба табиат соҳиб мешавад». Ин гуфта ба он маъност, ки илмҳои табиатшиносӣ сарҳад надоранд. Агар ба таърихи фанҳои табиатшиносӣ назар афканем. Мебинем, ки ҳар як илм, кашфиёт, ихтироот, соҳаи дилхоҳи истеҳсолот, хоҷагии қишлоқ ва ғайра таърихи ба вуҷуд омадан ва инкишофро дорад. Дар байни илмҳои табиатшиносӣ физика нақши пешбарандаро мебозад. Олими итолявӣ Галилео Галилей яке аз асосгузорони илми табиатшиносӣ ба шумор меравад, чунки ӯ физикаро ҳамчун илм инкишоф дод.
Давлатҷонова Ш.Х., н.и.ф.-м
Мудири лабораторияи таълимии кафедраи
оптика ва спектроскопи факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Домой Ахбор