Санаи 20.06.2023 дар толори калони ДМТ натиҷаи Аккредмтатсияи байналмилалӣ эълон гардид, ки 10 ихтисоси ДМТ соҳиби Шаҳодатномаи байналмилалӣ гаштанд.Дар чорабинии мазкур ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., директори генералии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) Алина Жумагулова, намояндаи агентӣ Олга Яновская, намояндагони сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, раёсату устодон ва кормандони ДМТ иштирок намуданд.Ёдовар мешавем, ки ихтисоси 1-31040103 – физика аз Аккредитатсияи байналмилалии мазкур гузашт ва соҳиби шаҳодатнома гашт.Ин дастовард ба тамоми устодону кормандони факултет муборак бошад!