ИХТИСОСИ 1-31040200 – РАДИОФИЗИКА ВА ЭЛЕКТРОНИКА
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “Радиофизика ва электроника” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амал карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисон барои таҳия ва истифодаи воситаҳо ва системаҳои электронӣ, системаҳои пахш ва қабули сигналҳои рақамӣ ва қиёсӣ, таҳлили амиқи системаҳои электронӣ барои таъмир, тарҳрезӣ ва ҳисобукитоби схемаҳои электронӣ, таъминкунии ҳифзи асбобҳои нимноқилӣ мебошад. Хатмкунандагини баронома инчунин дар соҳаҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ, иҷтимоӣ-истеҳсолӣ, фарҳангӣ ва идоракунӣ кор карда метавонанд.
ИХТИИСОСИ 1-3102010209 – ГИДРОМЕТЕОРОЛОГИЯ ВА КЛИМАТОЛОГИЯ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Гидрометеорология ва климатология” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амал мекунад. Ҳадафи барнома тайёр кардани мутахасисони гидрометеоролог дар самтҳои: Илми -таҳқиқотӣ; Истеҳсолӣ; Лоҳиявӣ – интишоротӣ; Идоракунӣ соҳави кор бурда метавонанд, ки объектҳои гидрометеорологӣ аз қабили системаҳои шабакаҳои гидрометеорологӣ, захираҳои табиӣ, маълумотҳои иттилоотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ, технологияҳои иттилоотии моделсозӣ дар шароитҳои тағйирёбии иқлим; технологияҳои таъмини мушоҳидавии гидрометеорологӣ, усулҳои мушоҳидаи объектҳои зинаҳои гуногун (равандҳои системаи гидрометеорологӣ, объекти таъсиркунанда ба системаҳои иқлимӣ), ки бо технологияҳои иттилоотии бо ин объектҳо истифодашаванда алоқаманд мебошанд; равандҳои идоракунии шабакаҳои иттилоотии объектҳои мушоҳидашаванда. Гидрометеорология бо омӯзиши равандҳои гуногун дар атмосфера ва гидросфераи сайёраи машғуланд. Хатмкунандагони ин ихтисос дар ташкилотҳои гуногуни гидрометеорология ва мониторинги муҳити зист фаъолият мекунанд. Инчунин мутахасисони ин соҳа дар дар органҳои муҳофизати табиат ва идораи истифодаи захираҳои табиӣ машғул мешаванд.
ИХТИСОСИ 1- 02050405 – АСТРОНОМИЯ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “Астрономия” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Кафедраи астрономия манбаи ягонаи тайёр намудани кадрҳои кайҳоншиносӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол аст. Ҳадафи барнома – тайёр намудани мутахассисони баландкасб дар самти кайҳоншиносӣ мебошад. Дар доираи барнома мутахассисон на танҳо донишҳои назариявӣ, балки донишҳои амалии худро дар Расадхонаҳои астрономии Тоҷикистон тақвият мебахшанд. Хатмкунандагони барнома на танҳо барои институтҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ва баъзе соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ фаъолият карда метавонанд.
ИХТИСОСИ 1-33010300 – РАДИОЭКОЛОГИЯ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Радиоэкология» дар асоси стандарти давлатии такҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти амалии фаъолият намудан дар низомҳои идоракунии сохторҳои ба ҳифзи радиатсионии муҳити зист вобаста ва корхонаҳои саноатӣ ҳамчун муҳандисро доранд. Хатмкунандагони барнома на танҳо дар машваратҳои экологӣ вобаста амнияти радиатсионии инсон ва муҳити зист, балки дар сохторҳои давлатӣ ва истеҳсолӣ, дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба фаъолияти ширкатҳои истеҳсолии хориҷӣ кор карда метавонад.
ИХТИСОСИ 1- 54010104 – МЕТРОЛОГИЯ, СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА СЕРТИФИКАТСИЯ
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси “Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки метавонанд дар соҳаҳои зерин фаъолият намоянд: маҳсулот (хизматрасонӣ) ва равандҳои технологӣ, таҷҳизоти корхона ва лабораторияҳои озмоишӣ, усул ва воситаҳои ченкунӣ, озмоиш ва назорат, ҳуҷҷатгузории меъёрӣ, системаҳои стандарткунонӣ, сертификатсия ва идораи сифат, таъмини метрологии илмӣ, истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ ва экологӣ. Хатмкунандаи ихтисоси 1 – 54010104 “Метрология, стандартизатсия ва сертификатсия” барои кор дар корхонаҳои истеҳсолӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад.
ИХТИСОСИ 1-31040103 – ФИЗИКА
Барномаи таҳсилотӣ аз руи ихтисоси “1-31-04-01-03–Физика” дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии фундаменталӣ, балки малакаи корӣ, қобилияти татбиқ карда тавонистани ин донишҳоро дар ҳалли масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ доранд. Хатмкунандагони барнома дар ташкилоту муасисаҳои илмию таълимӣ: мактабҳои олӣ, миёна, коллеҷ ва гимназаҳо, институтҳои илмии академияи илмҳои ҶТ ва академияи педагогии ҶТ кор карда метавонанд.
ИХТИСОСИ 1-40020100 – МОШИНҲОИ ҲИСОББАРОР, СИСТЕМАҲО ВА ШАБАКАҲО
Барномаи таҳсилотӣ аз рӯи ихтисоси «Мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо» дар асоси стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ амалӣ карда мешавад. Ҳадафи барнома – тайёр кардани мутахассисоне, мебошад, ки на танҳо донишҳои заминавии назариявӣ, балки малакаи корӣ дар истифодаи системаҳои омилии компютерӣ ва васоитҳои шабакавӣ, нигоҳдошт ва интиқоли иттилоот, қобилияти амалии фаъолият намудан дар соҳаҳои пешбари воситаҳои дастгоҳӣ ва мошинҳои ҳисоббарор ҳамчун муҳандис – техники системавиро доранд. Хатмкунандагони барнома на танҳо дар машваратҳои технологияҳои информатсионӣ, балки барои муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, марказҳои компютерию иттилоотӣ, системаҳо ва шабакаҳо омода карда мешаванд.