ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОНИ АЗИЗ

258

Модар чӣ тавр каломи зебо! Вақте модар мегӯем рӯҳамонро эҳсосоти наҷибе фаро мегирад. Модар мисли замин якто, мисли офтоб дурахшон ва мисли моҳтоб зебо мебоши. Ту офтобе ҳасти, ки ба ҷаҳон гарми мебахши ба ҳама хонадон нуру сафо медиҳи. Модар бузургтарин ганҷинаи рӯи замин, гавҳари ноёб, маро ба дунё ба ҷаҳони ҳасти оварди, шабҳо нахуфти то ман роҳат бихобам, нахуфтию маро калон карди. Агар садҳо сол хизмати туро ба ҷо оварам ҳам, ба якшаба ранҷе барои ман кашидию нахуфти баробар шуда наметавонад, чунон,ки шоир гуфтааст:

Якшаба он ранҷ,ки модар кашид,

Бо ду ҷаҳонат натавон баркашид.

Модар! Шахсест меҳрубон, мӯътабар, ғамхор ва ғамгусор. Танҳо модар аст, ки барои фарзанд ва осоиштагии оила ба ҳама гуна дард, ғам, озор, дуруштӣ ва сахтиҳои рӯзгор таҳаммул мекунад ва дар иваз чизе умедвор намешавад. Меҳри модар бузургтар аз бузургтаринҳои рӯйи олам аст. Модарҷони азизамро ва дар шахсияти модарам, тамоми модарони рӯйи дунё, хоҳарони арҷмандро бо Иди байналмилалии зан ва духтарон табрик мекунам. Бигзор доим хушбахту хушрӯзгору хушгуфтору хушдилу хушком бошед.

Иди саидат, МОДАР, оғози навбаҳорон,

Оғози хандаи гул бо гиряҳои борон.

Табрику орзуям дар ҷашни ту ҳамин аст:

Поянда боши чун кӯҳ, ҷорӣ чу обшорон

Модар – калимае мебошад, ки ҳамагӣ аз панҷ ҳарф таркиб ёфтааст. Вале дар мазмуну мӯҳтавои он як ҷаҳон маънӣ, шукӯҳу шаҳомат нуҳуфта аст, ки дар тасвирашон садҳо достону романҳо офарида ва ғазалу таронаҳо сароида шуданд. Ин мафҳум барои ҳар як инсон ончунон азизу муқаддас аст, ки барои ҳифзи ҷону нангу номусаш фарзандони арзанда ҷони худро дареғ намедоранд! Бузургии Зан-Модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.Ба тамоми бонувони тоҷик, ба модарони арҷманду воломақом, ба хоҳарони азизу меҳрубон дар фарҷоми ин суханҳо иброз менамоям, ки ҳамеша саодатманду сарбаланд ва тансиҳату комёб бимонанд.

Ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт, факултети физикаи ДМТ Маҳмадуллоев Д.З