ГУЗОРИШ АЗ МАҲФИЛИ ИЛМИИ «ФИЗИКОНИ ҶАВОН»

197

Санаи (30.11.2023) тибқи нақшаи «Маҳфили илмии донишҷӯён»-и факултети физика дар кафедраи усули таълими физикӣ бо иштироки устодону кормандон ва донишҷӯён маҳфили ҷамъияти илмии донишҷуён баргузор гардид, ки дар он донишҷӯи соли дуюм Абдуллоев Комрон дар мавзӯи «Моделҳои ҳастаи атом реаксияҳои термоядроӣ» баромад намуд. Қайд карда шуд, ки дар раванди офариниши назарияи миқдории сохти атом, ки спекторҳои атомиро ташкил медиҳанд, қонунҳои нави ҳаракати микрозараҳо, қонунҳои механикаи квантӣ кашф шудаанд. Тасавуроти дуруст дар бораи сохти атом якбора ба даст наомадааст ва олимони зиёде барои ба ин мақсад ноил гардидан кушишу талошҳои зиёде ба харҷ додаанд. Нахустин бор модели сохти атомро соли 1903 физики машҳури ангилис, кашшофи электрон Ҷ.Ҷ. Томсон пешниҳод намудааст.Модели атомии Томсон бо таҷрибаҳои гузаронидашуда оид ба тадқиқи тақсимоти заряди мусбат дар атом мухолиф баромад. Ин таҷрибаҳоро, ки аввалин маротиба олими бузурги англис Эрнест Резерфорд гузаронида буд, дар дарки сохти атом нақши хело бузург бозидааст.