ГУЗОРИШ АЗ ҲАФТАИ ИЛМ

454

Дар асоси нақша конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявии устодони факултети физикаи ДМТ бахшида ба ҷашнҳои «30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода», «110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода» ва «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)» ба ҳафтаи чоруми моҳи апрел, яъне аз 20-ум то 27-ум мувофиқ омад. Аз ин рӯ, бахшида ба ин санаҳои муҳимми таърихӣ дар таърихи 23 апрели соли 2021, соати 1300 дар синфхонаи 404 конфренсияи илмӣ дар бахши «физикаи муҳитҳои конденсӣ» оғоз ёфт, ки раисии онро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент, мудири кафедраи физикаи назариявӣ Одилов О.Ш. ба уҳда доштанд ва вазифаи котиби конференсияро номзади илмҳои физикаю математика, дотсент кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Шаимов Э.Ҷ. иҷро кард.

Дар ин бахш устодону кормандони факултет дар заминаи натиҷаҳои илмию тадқиқотии худ дар мавзӯъҳои «Мушкилиҳои интихоби функсияи тақсимоти фазогии зарраҳои заряднок ва дар баландии 4250 м», «Вобастагии таъсири тавонии афканишоти лазери инжексионӣ ба хосияти оптикии композитхои полимерӣ-булӯри моеъ аз дарозии мавҷ», «Тақриби хаттии вобастагии ҷараёни саргаҳи транзистори майдонии органикӣ аз шиддати саргаҳ дар реҷаи сер», «Муайян кардани коэффитсиентҳои соиш ва вақти релаксатсияи маҳлулҳои электролитҳо дар асоси потенсиали умумишудаи ионӣ-молекулӣ», «Тадқиқи ҳароратгузаронии полиетилени фуллерендошта», «Кинетикаи варамкунии полиметилметакрилат дар буғҳои ҳалкунандаҳои ароматӣ», «Тадқиқи спектралии соҳаи инфрасурхи биобактерияҳо», «Вобастагии кунҷии интенсивияти афканишоти парешхӯрда ҳангоми ғайриякҷинса будани мавҷи афтанда» маърӯза карданд. Аз 24 маърӯзаи мувофиқи барнома пешбинигардида ҳамаи онҳо шунида шуданд.

Маърӯзаи доктаранти PhD Нигораи З. дар мавзӯи «Тадқиқи спектралии соҳаи инфрасурхи биобактерияҳо» маърӯзаи беҳтарин ҳисобида шуда, маърӯзаи ассистенти кафедраи физикаи назариявӣ Ҳобилов Д. дар мавзӯи «Вобастагии кунҷии интенсивияти афканишоти парешхӯрда ҳангоми ғайриякҷинса будани мавҷи афтанда» маърӯзаи баҳсталаб дониста шуданд.

Конференсия дар сатҳи баланди илмӣ баргузор гардида, дар рафти он байни иштирокчиён баҳсу мунозираҳои зиёди илмӣ барпо гардиданд. Маърӯзачиён ба ҳамаи саволҳои ба онҳо пешниҳод гардида ҷавобҳои пурра ва мукаммал гардониданд.