Гузаронидани маҳфил

144

Санаи 23.11.2023 дар кафедраи электроникаи физикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили илмӣ – инфиродии д.и.ф-м., профессори кафедраи мазкур Хоҷазода Т.А. дар курси чоруми ихтисоси 31040200-радиофизика ва электроника дар мавзӯи “Усулҳои коркарди пешакии радиатсионӣ ба намунаҳои тухмиҳои кишоварзи бо нейтронхои термики ва методологияи санҷиши саҳроӣ” баргузор гардид. Устод Хоҷазода Т.А. қайд намуданд, ки яке аз самтҳои афзалиятноки кишоварзӣ баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва афзоиши истеҳсоли растаниҳои кишоварзӣ мебошад. Аммо, имкониятҳои эҳтимолии ин растаниҳо пурра истифода намешаванд. Нашъунамои паст, ҳассосияти баланди навъҳои минтақавӣ ба бемориҳо ва ҳашароти зараррасон, энергияи сусти сабзиши тухмиҳо аз сабаби сифати пасти физиологии онҳо сабабҳои асосии пешгирии афзоиши ҳосилнокӣ ҳисобида мешаванд.Яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ин коркарди босифати тухмӣ бо мақсади беҳтар намудани афзоиш ва рушди растаниҳо ҳам дар давраи нашъунамои тухмӣ ва ҳам дар тамоми давраи нашъунамо мебошад. Ин тавассути заҳролуд кардани тухмиҳо, коркард бо модаҳои химики ва инчунин бо таъсири усулҳои физикӣ ба даст оварда мешавад. Дар давоми маъруза ба донишҷуён доир ба нурбороннамои ва парвариши тухмиҳо дар шароити лабораторӣ ва саҳроӣ маълумотҳои муфид пешниҳод карда шуд. Маҳфил дар сатҳи баланд гӯзаронида шуд.