Дар оғози солҳои навадуми қарни гузашта – даврае, ки Тоҷикистон аввалин қадамҳои соҳибистиқлолии худро мегузошт, нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва пешвоёни хориҷии онҳо бо фитнаву дасисаҳо мардумро ба гирдоби мухолифати шадиди сиёсӣ кашиданд, ки баъдан он ба оташи ҷанги шаҳрвандӣ мубаддал гаштва боиси қурбониҳои зиёди ҷонӣ ва ҳисороти бузурги моддиву маънавӣ гардид. Дар як фосилаи кӯтоҳи вақт аркони давлатдорӣ ва сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, дар кишвар беқонунӣ ва беҳокимиятӣ ҳукмфармо шуд.Тоҷикистониён оқибатҳои даҳшатнок ва зарбаҳои ҷонкоҳи ҷангеро, ки ба мардум таъсири манфи расонид, хуб дар ёд доранд. Аз ҷониби доираҳои муайян ва бадхоҳони миллати тоҷик бо мақсади ба сари мардуми мо таҳмил кардани мазҳабу фарҳанги бегона ва бунёди давлати исломӣ оғоз гардид. Ин фитнаву дасисаҳо аз ҳисоби нерӯҳои ифротгарои дохилӣ ва пешвоёни хориҷии онҳо боиси ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар шаҳрвандони мамлакат ва ҳисороти азими иқтисодӣ гардид.Дар чунин шароити ниҳоят мураккабу душвори ҷамъиятиву сиёсӣ, яъне дар вазъияте, ки дар шаҳри Душанбе ташкил ва баргузор намудани ягон чорабинии сиёсӣ ғайриимкон буд, лозим омад, ки Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистонро дар шаҳри Хуҷанд баргузор намоянд.Маҳз дар ҳамин иҷлосия аз қатори вакилони мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон бо роҳи овоздиҳӣ ба ҳайси Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Интихоби Эмомалӣ Раҳмон тасодуфӣ набуд, чунки ӯ ҳамчун шахси ҷасур, бо орӯ номус, ҳақиқатгӯ ва дар фикрҳои худ устувор дар байни вакилони мардумӣ шинохта шуда буд. Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал дар фикри худ устувор буда, иқдомҳои ҷасуронаеро пеша намуданд, ки дигар роҳбарони қаблии Тоҷикистон ҳалли онро номумкин мешумориданд.Дар ҷараёни Иҷлосияи тақдирсоз нахустин Қарорҳо ҷиҳати қатъи ҷангу хунрезӣ, таъмин намудани суботу оромӣ, сарҷамъ сохтани миллати тоҷик, баргардонидани гурезаҳо аз Авғонистон ба Тоҷикистон ва барқарорсозии сохти конститутсионӣ қабул карда шуданд. Дар худи ҳамин иҷлосия рамзҳои давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол – Парчами миллӣ қабул карда шуд.Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу вадати миллӣ-Пешвои миллат Эмомали Раҳмон дар Паёми худ ба маҷлиси миллӣ иброз доштанд “Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кишвари моро аз масири пешрафт чандин даҳсола ақиб партофт ва мардуми Тоҷикистонро маҷбур сохт, ки барои бартараф кардани харобиву ҳисороти он солҳо заҳмати шаборӯзӣ ва мушкилоту монеаҳои басо гаронро таҳаммул намоянд. Қариб даҳ соли истиқлолият тамоми нерӯ ва талошҳои Ҳукумати кишвар барои барқарор кардани ҳокимияти конститутсионӣ ва рукнҳои давлатдорӣ, пеш аз ҳама, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, ба Ватан баргардонидани беш аз як миллион нафар фирориён, барқарорсозии баъдиҷангӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ равона гардид. Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд”.6-уми ноябри соли 1994 Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо тариқи овоздиҳии умумихалкӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Худи ҳамин рӯз аввалин маротиба дар таърихи Тоҷикистони соҳибихтиёр Конститутсияи мукаммале, ки манфиатҳои тоҷиконро инъикос менамуд бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ҳукумати навин зери Роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти конститутсионӣ оғоз намуда, гомҳои устуворро барои рушди минбаъдаи ватани азизамон гузоштанд.Имрӯз бо гузашти 30 сол фаромуш набояд кард, ки Иҷлосияи мазкур барҳақ иҷлосияи сарнавиштсоз, миллатсоз ва наҷотбахши халқу миллати мо буд. Маҳз дар ҳамин иҷлосия ба фаъолият оғоз намудани Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари Тоҷикистон мардумро аз маргу фаношавӣ, парокандагӣ, сарсонию парешонӣ, бародаркушӣ наҷот дод.Имрӯз Ватани маҳбуби мо новобаста аз он, ки ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, дар сатми рушд бо ҳамсоякишварҳо баробар буда, дар баъзе қисматҳо нисбатан хело пеш рафтааст.Сулҳу ваҳдат пояи пешрафти Тоҷикистони азиз аст. Бо бунёди роҳу нақбҳо, неругоҳҳоии барқии азим, коргоҳҳои саноатии бузург, мактабу шифохонаҳо, биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ ва дигар иншооти муҳим сатҳу сифати зиндагии мардум ба боло рафта, назари нек ба ояндаи хеш доранд.Вақт ошкоркунанда ва баҳодиҳандаи дурустии амалҳои мост. Бо гузашти 30 сол аз баргузории Иҷлосияи тақдирсоз ҳар нафари ватандӯсту соҳибхирад ба вакилони Иҷлосияи 16-уми Шурои Олӣ, ки тавонистанд интихоби дурусту оқилона кунанд, таҳсину офарин мефиристад. Мардуми сарбаланди Тоҷикистон аз вакилони он замон сипосгузоранд, ки чунин Сарвари маҳбубро интихоб кардаву ояндаи некро таъмин намуданд ва Тоҷикистон ба кишвари ободу озоду пешрафта мубаддал гардид.Иқдомҳои маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон боиси ифтихормандист, аз ҷумла доир ба рушди маориф ва илм, як зумра озмунҳои ҷумҳуриявиро ташкил намудааст, ки дар қабили онҳо озмунҳои ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – ватанаи азизи ман”, “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Илм – фурӯғи маърифат” махсусан элон намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, барои солҳои 2020-2040” шаҳодати ин аст.Мо маорифчиён кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки дар заминаи шароити мусоидшудаи Тоҷикистон баҳри таълиму тарбияи донишҷӯён саҳми назаррас дошта бошем.
Абдулҷалол Сафаров,номзади илмҳои физикаю математика,дотсент, мудири кафедраи астрономияифакултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон