ФАЪОЛИЯТИ ФАКУЛТЕТ ФИЗИКА ДАР СЕМЕСТРИ АВВАЛИ СОЛИ ТАХСИЛИ 2023-2024

248

Санаи 11.01.2024 дар факултети физика ҷаласаи васеи Шурои олимони факултет баргузор гардид, ки дар он ду масъала: инъикоси масоили маориф ва илм дар паёми Пешвои миллат ва ҳисоботи декани факултет оид ба фаъолияти факултет дар семестри аввали соли таҳсили 2023-2024 мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷаласа аъзоёни Шурои олимони факултет ва устодону кормандони факултет иштирок доштанд.

Дар оғоз декани факултет дотсент Қодирзода З.А. доир ба рӯзномаи ҷаласа суханронӣ намуд. Сипас, профессори кафедраи физикаи назариявӣ Солеҳзода Д.Қ. оид ба инъикоси масоили маориф ва илм дар паёми Пешвои миллат сухан карда, зикр намуд, ки Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими давлатӣ буда, барои рушди ояндаи маорифи кишвар дастури бевосита мебошад.

Баъдан, ҳисоботи декани факултети физика дотсент Қодирзода З.А. оиди фаъолияти факултет дар семестри аввали соли таҳсили 2023-23024 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Декани факултет афзуд, ки яке аз дастовардҳои арзанда ва таърихии факултет дар соли 2023 ин сарфароз гардидани устодон бо ҷоизҳо ва мукофотҳои давлатӣ мебошад. Аз ҷумла, Қодирзода Зафар – декани факултети физика, бо Ҷоизаи “Исмоили Сомонӣ” сарфароз гардид. Ҳамзамон, профессори кафедраи физикаи назариявии факултети физика Солеҳзода Д.Қ., докторанти факултети мазкур Сулаймон Балаҷонзода бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2023 ва дотсенти кафедраи электроникаи физикӣ Акобирова А. бо медали «Хизмати шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардиданд.

Дар баробари ин, дастаи олимпии факултет дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» ширкат варзида, сазовори 2 ҷойи ифтихорӣ (1 ҷойи аввал, 1 ҷойи дуюм) гардиданд.

Қодирзода З.А. дар мавриди ҳар як самти фаъолияти факлтет муфассал суханронӣ намуда дар маҷмуъ соли 2023-ро барои устодон ва кормандони факултет хуб арзёбӣ намуд.

Дар робита ба ҳисоботи декани факултет мудири кафедраи гидрометеорология ва климатология, профессор Норматов И.Ш. ва профессори кафедраи физикаи назариявӣ Солеҳзода Д.Қ. фикру пешниҳодҳои худро иброз дошта, ҳисоботи декани факултетро қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Дар охир Қодирзода З.А. ба кулли устодон ва кормандони факултет дар соли 2024 муваффақият ва комёбиҳо таманно намуда, иброз доштанд, ки садорат ва омӯзгорону кормандони факултет аз дастгирҳои раёсати Донишгоҳ, хусусан аз ректори муҳтарами Донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. муннатдор буда баҳри пешрафту шукуфоии Донишгоҳи азизамон фаъолиятамонро бозҳам афзун менамоем.