Декан – номзади илмҳои физикаю математика Қодирзода Зафар Абдуламин

    220

    Қодирзода Зафар Абдуламин 07 – уми сентябри соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 2010 мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №2 – и ноҳияи Ховалингро хатм намуда худи ҳамон сол ба факултети физикаи ДМТ дар ихтисоси физикаи умумӣ дохил шудааст. Соли 2015 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи «аъло» аз рӯи ихтисоси 1-31040103-физика бо касби Физик – омузгор хатм намудааст. Моҳи сентябри соли 2015 ба ҳайси ассистенти кафедраи физикаи назариявии факултети физикаи ДМТ фаъолияти омӯзгориро оғоз намуд. Солҳои 2017 – 2020 аспиранти кафедраи физикаи назариявӣ буда, 18- уми майи соли 2022 рисолаи номзадии худро дар Донишгоҳи давлатии Маскв ба номи М.В. Ломоносов (МГУ) бо мувафақият ҳимоя намуда соҳиби унвони номзади илмҳои физикаю математика гардидааст. Аз моҳи декабри соли 2021 то аввали моҳи июли 2022 вазифаи муовини декан оид ба таҳсилоти фосилавиро дар факултети физика ба уҳда дошт. Моҳи июли соли 2022 бо фармоиши ректори ДМТ ба вазифаи декани факултети физика таин шуд. Кодирзода Зафар Абдуламин дар доираи фаъолияти кориаш соҳиби чандин ифтихорнома ва сипосномаҳо гаштааст, ки муҳимтаринашон «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ», «Ифтихорномаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон», «Ифтихорномаи факултети физикаи ДМТ» мебошанд. Муаллифи зиёда 20 мақолаи илмӣ , 2 дастури таълими мебошад.