ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

352

Даврони Истиқлолият барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолият пурарзишмандтарин неъмат аст. Мо – тоҷикон ифтихор мекунем, ки соҳибистиқлол ҳастем ва шукри ин озодию ободӣ менамоем. Қобили қайд аст, ки соли 2022 барои мардуми шарифи кишварамон соли таърихӣ ва хотирмон хоҳад буд, чунки 31 – юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамонро таҷлил мекунем. Дар ин муддат ҷумҳурии азизи мо ба як қатор дастовардҳо ноил гашт. Мо – ҷавонон хотири эътибори бештар пайдо намудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аз дастовардҳои муҳимтарини технологияи муосир ва арзишҳои умумибашарӣ ба хубӣ огоҳ ва бархурдор бошем. Маҳз мо – ҷавонон бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзанда хоҳем гузошт. Имрӯз ҳамаи мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон бо тамоми ҳастӣ дарк менамоянд, ки Истиқлолият муқаддасу азизтарин неъмати дунё, рукни асосии давлати озод, рамзи шарафу номуси ватандорӣ ва нерӯи такконбахши ҳаёти ҳаррӯзаи мо мебошад. Мо – ҷавонон ва аҳли ҷомеа бояд ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем, барои пойдории сулҳу ваҳдат ва ободии кишварамон саҳми арзанда гузорем.

Баъзе кишварҳое ҳастанд, ки барои ба даст овардани истиқлолияту сулҳу оромӣ солҳои дароз кӯшиш кардаистодаанд, аммо ин чизи муҳим ба зудӣ ба ҳар кас муясар намешавад. Мо мардуми тоҷик ҳамеша бояд аз Асосгӯзори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сипосгӯзор бошем, ки дар замони ноадолатӣ, нобаробарӣ синаи худро сипар намуда, ин чизи муҳимро ба мардуми тоҷик дода тавонистанд. Дар ин бобат шоири барҷастаи миллати тоҷик Лоиқ Шералӣ дар бораи якдил гардидану ба ҳам омадани ин миллати куҳанбунёду сарбаланд ва аз миллатчигӣ ба миллатсозӣ даъват намудани халқи тоҷик хуб гуфтааст:

Пас, биё даст ба ҳам додаву паймон созем,

Дар баду нек ба ҳам будаву даврон созем.

Дар ҳарими диламон маъбади имон созем,

На шимолӣ, на ҷанубӣ, яке Инсон бошем.

Ана ҳамин чиз муясар гашт, ки мо мардуми тоҷик аз як гиребон сар бароварда, якдилу мутаҳид гашта, даст ба дасти ҳам ниҳода, он ҳама ҷабру зулмро тоқат намудем ва ба ин даврони исқиқлолият расидем.

Имрӯз Тоҷикистони азизи мо ба муваффақиятҳои назарраси сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ноил шуда, дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи худро пайдо кардааст. Пояҳои Истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

Ш. Исматов – ассистенти кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика